Loading color scheme

Вазорати корҳои хориҷии Русия: Кайҳонро амалиёти ҷангӣ таҳдид мекунад

Назарҳо: 196

Хавфи ба майдони ҷанг табдил додани фазои кайҳон торафт меафзояд. Дар ин бора муовини раиси ҳайати Русия дар Кумитаи якуми Маҷмаи Умумии СММ, муовини намояндаи Федератсияи Русия дар дафтари СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева, Андрей Белоусов изҳор дошт.
Ба гуфтаи Белоусов, бархӯрд дар кайҳон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор барои тамоми инсоният гардад ва ин таҳдид танҳо вақтҳои охир афзоиш ёфтааст.
Ӯ ҳамчунин кайд кард, ки «як катор давлатхо аллакай роҳи дар фазой кайхон ҷой додани яроқу аслиҳа, зиёд кардани иқтидори таъсири пурқувват ба объектҳои кайҳонӣ ва инфрасохтори таъминоти ҳаётро дар руи Замин татбик кардаанд. Инчунин дар фазои кайҳон амалиёти ҷангиро ба нақша гирифта истодаанд». Ба ин муносибат бояд мусаллахшавии бошитоб дар фазой кайҳонро пешгирй кардан зарур аст, таъкид намуд дипломат.
Бояд гуфт, ки Москва борхо даъват ба гуфтушунид оид ба манъи яроку аслиха дар фазой коинот таъкид карда буд. Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ин имкон медиҳад, ки фазои кайҳон ба ҳадафҳои созанда ва ба нафъи тамоми башарият истифода шавад. Вазири Русия итминон дорад, ки ҳамкориҳои созанда дар бахши кайҳонӣ бояд аз самтҳои муҳими рӯзномаи муттаҳидкунандаи байналмилалӣ боқӣ бимонанд.

“ТА”