Меҳринигори Рустам – ҳуқуқшиносе, ки овозхониро тарҷеҳ дод
-
Назарҳо: 330
Аслан ҳич пайроҳае бидуни заҳмат тай намешавад, бахусус агар мақсади ин пайроҳа ба қуллае аз тахассус бирасад. Ҳунару истеъдод шояд пайроҳаи ҷудо бошанд, ки дар баъзе авқот бидуни талоше тақдими инсон мешаванд, аммо мебинем, ки агарчи дар бештари маворид эътои худовандӣ унвон мешаванд, бидуни талошу заҳмати фард рушд нахоҳанд кард ва дар зинаи ибтидоӣ боқӣ хоҳанд монд.
Ба назар мерасад, ки сарояндаҳое аз роҳи истеъдод рӯйи саҳна меоянд, аммо онро, ки ба ҳирфа пайванд намедиҳанд, дар зинаҳое боқӣ хоҳанд монд, ки марбути маҳалу минтақаанд. Вале Меҳринигори Рустам, сарояндаи ҷавоне аз Тоҷикистон, ки феълан дар Амрико ба сар мебарад, акси гуфтаҳои ахир амал карда, ки кам иттифоқ меуфтад. Яъне ӯ бар иловаи ин ки истеъдодро бо ҳирфа пайваста, тахассуси ҳуқуқшиносӣ ҳам дорад, аммо бартарӣ бар сайқали ҳунар дода, на ба тахассусе, ки воқеан, дар шароити имрӯзи Тоҷикистон орзуи бештаре аз ҷавонон аст.
Манзур ин аст, ки ҳуқуқшинос шудан, бахусус аз тариқи Донишгоҳи миллӣ паймудани ин пайроҳаи тахассус дар шароити феълӣ ба ҳар ҷавоне муяссар намешавад. Ин ду буъд дорад, ки буъди аввали он ба шароити молии фард гиреҳ мехӯрад ва дувумӣ ба рақобати бештар сари касби мақом дар ин ришта. Ин ҳама, ба назар мерасад, ба хотири ҷойгоҳ ва мақоми нафарест, ки баъди фориғ-ут-таҳсилӣ аз он дар ҷомеа касб мекунад. Аммо аз суҳбати Меҳрангези Рустам бармеояд, ки ӯ ба ин манзур ин даргоҳро бо дипломи сурх хатм накарда, балки дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, хонаводаш хостааст, ки мадраки дувуми ӯ ҳуқуқшиносӣ бошад. Ӯ аввалин бор Консерваторияи миллиро хатм карда, аммо риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бонуфузтарин донишгоҳи кишварро низ бо дипломи сурх ба поён расонада. Мавсуф қабл аз ин ин донишгоҳро хатм кунад, як навозандаи касбӣ буд. Зеро ӯ ба ҷуз аз Консерваторияи миллӣ Мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваи шаҳри Душанберо низ хатм кардааст.
Торнамои “Тоҷикистон” менависад, Меҳринигори Рустам аз панҷсолагӣ сарояндагиро оғоз карда. Ӯ мутаваллиди соли 1994 аст. Чаро ӯ ин роҳро интхоб кард? Дар посух ба ин суол ӯ ҳанӯз хеле қабл посух гуфта буд. Ба иттилои манбаъ, мавсуф дар яке аз пустҳояш дар “Инстаграм” навиштааст, насабаш – Рустам исми падаркалонаш аст, ки бо номи Рустами Абдураҳим маъруф буд.
Овозхони ҷавон эътироф мекунад, яке аз сабабҳои ба сарояндагӣ рӯ оварданаш падаркалонаш буда, ҳарчанд ӯро дар зиндагӣ надидааст.
Рустами Абдураҳим шояд барои насли ҷавон ноошно бошад, аммо ӯ барои наслҳои бурзургтар чеҳраи ошност. Марҳум аслан устоди фанни забони англисӣ буд, аммо ӯро бештар ҳунари дуторнавозияш маъруф кард, ки Рустами дуторнавоз унвон гирифт.
Чанд сол қабл Нуралӣ Давлат, таърихнигори матраҳи тоҷик тайи як матлабе рӯзгори Рустами Абдураҳимро ба қалами тасвир кашид. Ин таърихнигор бо истинод ба матлаби “Ду тори ҳамроз”-и рӯзноманигор Ғулом Ҳасанов менависад: “Рустами хурдсол ҳамон айёми кӯдакӣ ба ҳуҷраи сокиту ором даромада, то дергоҳ, то хасташавӣ дутор менавохт. Ин навозиши соз баъзан то хасташавиаш идома меёфту ӯ дутор дар бағал хоб мерафт. Дар ин ҳолатҳо модараш холаи Шарафнисо аз бағалаш дуторро гирифта, ба болояш кӯрпа мепӯшонд».
Ба навиштаи муаллиф, вақте Рустам мактаби 7-соларо хатм мекунад, дар олимпиадаи санъаткорони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат карда, навои халқиеро бар суруди «Эй шӯх» менавозад. Раиси ҳакамон, бастакори машҳури тоҷик Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ хоҳиш мекунад, ки ягон оҳанги дигарро низ иҷро кунад. Рустам Абдураҳимов оҳанги суруди «Эй парӣ, дар ишқи ту акнун ба бозор омадам»-ро менавозад. Худи ҳамон шаб ӯву Шарифи Мирзонаботро Акашариф Ҷӯраев ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват менамояд. Ин соли 1955 буд.
Ба навиштаи ин таърихнигори тоҷик, баъд аз бозгашт аз озмун Рустами Абдураҳим навозандагияшро идома медиҳад, ки ин ҳунар роҳи ӯро аз сатҳи мактаб то шаҳри Кӯлоб боз мекунад.
Ӯ дар баробари навозандагӣ фориғ-ут-таҳсили риштаи забони англисии Донишгоҳи омӯзгории Т. Шевченкои шаҳри Душанбе буд. Замоне аз фанни забони англисӣ дар мактаби миёнаи №6-и шаҳри Кӯлоб дарс гуфтааст.
Бозсозӣ ва истиқлол масири зиндагии бархе аз шаҳрвандонро тағйир дод, ки марҳум Рустами Абдураҳим низ дар зумраи онҳост. Дар охири солҳои 80 ва аввали 90-уми асри гузашта вазъ дар Тоҷикистон тағйир кард, ки дар баробари Ҳизби коммунистӣ чанд ҳизбу созмони дигар ба вуҷуд омад. Созмони “Ошкоро” дар Кӯлоб низ аз қабили ин созмонҳо буд, ки Рустами Абдураҳим ба он пайваст ва каме баъдтар ба раёсати созмон расид.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зиндагии мардумро куллан зеру забар кард, ки Рустами Абдураҳимро ба яке аз лидерон табдил дод, аммо баррасии ин масъала куллан мавзӯи ҷудост. Ӯ дар ин ҷанг кушта шуд, аммо ба навиштаи Нуралӣ Давлат, “Рустам Абдураҳимовро то охири солҳои 80-ум бештар ҳамчун дуторнавоз мешинохтанд. Ширкати машҳури «Мелодия» пластинкаи навоҳои ӯро сабт карда, ба фурӯш бароварда буд. Дар тӯли фаъолияти эҷодии худ ӯ наздики сад оҳанг офарид, ки 40-тои он дар “Хазинаи тиллоӣ”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон сабт шуда буданд. Ӯ ҳамчунин иштирокчии фестивалҳои байналмилалии мусиқанавозон дар шаҳрҳои Алмаато (с. 1987) ва Ленинград (с. 1988) низ буд”. Соли 2014 Рустами Абдураҳимро раисҷумҳури кишвар унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон дод ва дар соли 2016 нимпайкараи ӯ дар назди Қасри фарҳанги Кӯлоб қомат афрохт.
Ба гумони ғолиб ба ин хотир аст, ки Меҳринигори Рустам гуфтааст, сарояндагиро ба хотири падарбузургаш интихоб кардааст. Набераи оқои Абдураҳим низ барандаи чанд озмун аст. Ба навиштаи радиои “Озодӣ”, замоне ки ӯ нуҳ сол дошт, ғолиби озмуни “Чӯҷаи заррин” шуд. Ду сол пас аз ин, дар соли 2005 дар Ҷашнвораи сурудҳои мардумӣ дар шаҳри Кӯлоб баранда эълон шуд ва дар соли 2006 дар “Бозиҳои наҳангӣ”-и Алмаатои Қазоқистон медали тило касб кард. Дар озмуни ахир кӯдакону наврасон бо сурудҳои худ баромад карданд.
Ин ҳама поёни пирӯзии ӯ дар озмунҳо набуд. Соли 2019 ӯ ҷоизаи Иттиҳоди нахустнамоишҳои Бунёди ҳамкориҳои башардӯстии ИДМ-ро касб кард. Ба ин озмун 26 номзад пешниҳод шуда буд, ки даҳ нафари онҳо баранда шуданд ва яке Меҳринигори Рустам буд.
Ҳафтуми феврали имсол хабаргузории “Азия плюс” ба нақл аз “Forbes” феҳрасти 10 тиктокери бетаҳрин аз Осиёи Марказиро мунташир кард. Меҳрангези Рустам дар ин феҳраст буд. Ин хабаргузорӣ менависад, даромади ҳадди аксари сарояндаҳои матраҳи “Тикток” аз июни соли 2019 то июни соли 2020 панҷ миллион доллар будааст.
Ҳамвандони овозхони ҷавони тоҷик дар “Тикток” ба сад ҳазор нафар мерасанд. Ӯ тайи як видеое, ки дар он ҳам бо забони англисӣ ва ҳам бо забонӣ тоҷикӣ суҳат мекунад, ба ин ҳад расидани ҳамвандонашро таъйид мекунад.
Соли 2019 барои Меҳринигори Рустам соли бобароре буд. Ӯ маҳз дар он сол барандаи “Грин кард”-и Амрико шуд ва феълан муқими он ҷост. Тавре аз суҳбати ӯ бо “Азия плюс” бармеояд, ин овозхони ҷавон тарки сарояндагӣ карданӣ нест ва ҳамчунин зиндагияш дар Тоҷикистону Амрико сипарӣ мешавад. Мавсуф иброз медорад, ки дар Лос Анҷелоси Амрико зиндагии ӯ аз ҳисоби овозхонӣ мечархад.
Мавсуф, тавре худ дар мусоҳиба бо хабаргузории “Азия плюс” гуфтааст, чархи рӯзгораш дар Амрико низ аз ҳисоби овозхонист. Ӯ дар ин мусоҳибааш бо “Азия плюс”, ки “Меҳринигори амрикоӣ зиндагии ҷаззобе дорад”, мегӯяд, даромадаш аз ҳисоби суфоришоти тоҷикону ӯзбакони муқими Амрико барои ширкат дар маросимҳои онҳост. Ба қавли ӯ, ки мегӯяд, дар Амрико низ сарояндагию навозандагиро тарк накардааст, аз тарафи продюсерони эронии муқими Амрико барои ӯ пешниҳоди имзои қарордод шудааст, аммо шароити қарордод ӯро қонеъ накардаанд.
Ӯ дар ин мусоҳибааш мегӯяд: “Ман саҳнаи овозхонӣ ва мусиқиро тарк накардаам. Ҳатто дар Амрико низ ба эҷод машғулам. Сурудеро бо забони англисӣ сабт кардаам”. Аммо ӯ тавзеҳ надодааст, ки ин суруд бозхонӣ шудааст ё аввалин бор суруда мешавад.
“ТА”