Ситораи «Писарони Анархия» Уилям Лакинг дар синни 80-солагӣ даргузашт
-
Назарҳо: 217
Дар синни 80-солагӣ ҳунарпешаи амрикоӣ Уилям Лакинг, ки бо нақши Пайн Уинстон дар филми "Писарони Анархия" (2008-2011) маъруф аст, даргузашт. Дар ин бора рӯзи панҷшанбеи 4 ноябр, рӯзномаи Metro бо такя ба ҳамсараш Инсул Лакинг хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ дар хонаи худ дар Лас Вегас ҷон додааст.
"Гарчанде, ки Уилям аксар вақт нақши одамони сахтгир ва қавиро бозӣ мекард ва дар ҳаёти воқеӣ ӯ як марди шево ва бо зеҳни дурахшон буд. Дар бораи сиёсат, корҳои ҷорӣ баҳс намудан ва оиди фалсафаву физика муҳокима карданро дӯст медошт", гуфт ҳамсараш.
Сабаби марги бозигари синамо гуфта нашудааст.
Ӯ зодаи Мичиган мебошад. Соли 1968 Фаъолияти худро дар силсилафилми телевизионии "Лансиер" оғоз намуд. Баъдтар дар The X-Files, Colombo, The Red Dragon, Planet Ka-Pax, "Эрин Брокович: Зебо ва ҳалкунанда" нақш бозидааст. Бозигари синамо Донишгоҳи Калифорнияи Лос-Анҷелес ва Театри Пасаденаро бо ихтисосҳои адабиёт ва театр хатм намудааст. Соли 1986 дар якҷоягӣ бо ҳунарпеша Дана Элкар, Маркази театрии Санта Пауларо таъсис додааст.
Рӯҳат шод, марди ҳунар!
"Тоҷикони Амрико"