Маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар фурӯшгоҳҳои Амрико

Назарҳо: 215

Дар рафҳои чанде аз фурӯшгоҳҳои шаҳри Филаделфияи Амрико молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар миёни рафҳои консерваҳо дар фурӯшгоҳҳое, ки аз аксаран муҳоҷирони зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ боз кардаанд аз ҷумла консерваи пиёзи кӯҳии “Анзур”ва ғӯраоби зардолуро мушоҳида кардан мумкин аст. Пиёзи Анзур ва консерваи ғӯраоби зардолуро ширкати “Субҳи ватан” аз шаҳри Исфараи Тоҷикистон истеҳсол карда ва ба Амрико содирот кардааст.

Дар миёни молу маҳсулоти тавлидкардаи Тоҷикистон дар фурӯшгоҳҳои Филаделфия инчунин равғани зағерро дидан мумкин аст. Бинобар навиштаҷот қуттиҳои равған онро соҳибкори инфиродӣ аз шаҳри Ваҳдат истеҳсол карда ба Амрико содирот кардааст.

Бар заммин равған ва консерваи сабзавот дар фурӯшгоҳҳои Филаделфия ҳамчунон, биринҷ ва маваҳои хушк, аз ҷумла зардолуи хушк, мавиз, бодом ва дигар анвои донагиҳо ба фурӯш гузошта шудааст. Аксари харидорони ин маҳсулот ҳам бештар муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки таъму мазаи ин маҳсулотро хуб медонанд ва албатта онро харидорӣ мекунанд.

Аммо миҷозони содироти Тоҷикистон ба Амрико дар қиёс бо дигар кишварҳо аз Осиёи Марказӣ чандон зиёд нест. Ҷустуҷӯҳо нишон дод, ки дар 9 моҳи соли 2021 Тоҷикистон ба Амрико ҳамагӣ ба маблағи 62 ҳазору 165 доллар мол содирот кардааст. Бинобар омори фаврии нашкардаи Хадамоти гумрук, Тоҷикистон дар ҳамин давра баробар ба 22 миллиону 859 ҳазор доллар аз Амрико мол ворид кардааст. 

Абдулло Ашӯров,

махсус барои “Тоҷикони Амрико”