CNN пӯсти ҷинояткори раҳпаймоии солинавиро "сафед" нишон дод
-
Назарҳо: 205

Дар аксе, ки дар шабакаи CNN нашр шудааст, Даррелл Э. Брукс як афроамрикоие, ки дар раҳпаймоии солинавӣ дар Вокешаи аёлати Висконсини ИМА муттаҳам мешавад, пӯсти сафед дорад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери шарҳҳои ин акс корбарон тахмин мезананд, ки шабакаи телевизионии CNN бо "сафед" намудани пӯст кӯшиш мекунад, ки аз ҷиҳати сиёсӣ дуруст бошад ва сурати марди сиёҳ замима карда мешавад.
Пештар, ки хабар дорем, ҳодиса дар Ваукеша рӯзи 21 ноябр рух додааст. Брукс бо мошини сабукрав ба издиҳоми иштирокчиёни паради солинавӣ бархӯрд. Шаш кас кушта ва 62 кас ярадор шуданд.
Ҷавонтарин қурбонӣ ҳамагӣ ҳаштсола буд. Тибқи иттилои беморхонаи кӯдаконаи Висконсин беш аз даҳ нафар дар беморхонаи кӯдаконаи ҳамсоя бистарӣ шудаанд ва се нафари онҳо рӯзи 23 ноябр мураххас шуданд.
Баъдтар Брукс аз ҷониби полис ҳабс карда шуд ва расман ба панҷ парвандаи куштори дараҷаи аввал айбдор карда шудааст.
"Тоҷикони Амрико"