Корбарони ИМА дар бораи садамаҳои торнамои видеоии Netflix хабар доданд
-
Назарҳо: 203
Зиёда аз 50% корбарон ин мушкилотро мушоҳида кардаанд ва дар тамошои видеоҳо душворӣ мекашанд
Дар ИМА хидматгузории торнамои видеоии Netflix бо мушкилот дучор шудааст. Дар ин бора дар саҳифаи портали Downdetector, ки кори захираҳои машҳури интернетиро пайгирӣ мекунад, хабар додааст.
Ба қавли ин торнамо, 55 дарсади корбарон ба мушкилот таваҷҷуҳ намудаанд ва дар тамошои видеоҳо мушкилӣ мекашанд. Аз ҷумла, 28% нокомии барномаҳо ва 17% мушкилиҳоро дар торнамо қайд кардаанд.
Дар Канадо низ ин мушкилот ба қайд гирифта шудааст.
Ба ин хотир аз корбарони гурӯҳамон мепурсем: Оё аз торнамои видеоии Netflix истифода мебаранд ва ё умуман шиносоӣ доранд?
"Тоҷикони Амрико"