Садои ошно. Анди дар масири ҳунар
-
Назарҳо: 373
Тақрибан солҳои 96-97-и асри гузашта буд. Марҳалаи ҷадиде аз зиндагӣ дар Тоҷикистон оғоз мешуд. Ин марҳала марҳалаи баъдиҷангӣ дар кишвари мо буд. Аммо осори ҷанг ҳанӯз ба назар мерасид. Агарчи дар он солҳо мисли ҷаҳору панҷ соли қабл қатлу қитоли ошкор ҳадди ақал дар деҳоти кишвар сурат намегирифт, аммо бекорӣ, фақр, дуздӣ, роҳзанӣ ва соири аъмоли берун аз маҳдудаи қонун ба мисле ки кори одӣ шуда буд.
Ингор мардум фарҳанг, рақсу суруд, базму тараб ва дар маҷмуъ хурсандиро фаромӯш карда буданд. Ё шояд на фаромӯш карда буданд, балки шароити зиндагӣ имкон намедод, ки сари ин масъалаҳо андеша кунанд. Аз дигар тараф Тоҷикистон мустақил шуда буд ва пайвандҳои солҳо гусастаи ҳамзабонон дар ҳамон шабу рӯз дар ҳоли васли муҷаддад буданд. Дар ҳамин айём буд, ки сабтҳои Анди Мададиён дар саросари Тоҷикистон пайдо шуданд ва дар бозору растаҳои марокизи навоҳӣ садои ӯ танинандоз гашт. Аксари мухлисон сабти ӯ дар соли 1996, маъруф ба Анди 96-ро харидор буданд.
Кунун аз он рӯзгор беш аз ду даҳсола сипарӣ шуда, аммо ҳамоно аз шуҳрати Анди дар Тоҷикистон коста нашудааст. Дар чунин ҳол мехоҳем ин суолро матраҳ кунам, ки ӯ кист ва чӣ масире аз зиндагиро тай кардааст?
Гитори чӯбӣ
Исми аслии ӯ Андраник Мададиён аст, аммо ба номи Анди маъруф аст. Анди дар кишваре мутаваллид шудааст, ки он ҷо маъмулан мардумро бо насабашон садо мекунанд. Аммо на танҳо баъди касби шуҳрат Андраникро бо насаб садо намекунанд, балки номи ӯро ҳатто бо тағйир, Анди хоҳанд гуфт. Дар шарҳи ин нуқта пойгоҳи хабарӣ ва таҳлилии “Соид нюз” менависад, дар як “консерети Анди ва Курӯс духтаре буд, ки ӯро хеле дӯст дошт ва дар шаби консерт ӯро бо садои баланд Анди садо зад ва ин шуд, ки дигар ҳама ӯро бо номи Анди садо мезаданд”. Ба ибораи дигар аз ин ба баъд Андраник ба Анди мутахаллис шуд.
Асли ӯ аз арманиҳои масеҳии Эрон аст, ки тавре дар боло гуфтем, ба исми Анди маъруф шуд. Андраник Мададиён 21 ё 22 апрели соли 1958 (дар манобеи форсӣ 21 ва дар ғайри он 22 апрел гуфта мешавад) дар маҳаллаи вилоии Теҳрон дар хонаводаи масеҳӣ ба дунё омад ва дар маҳаллаи Маҷидияи ин шаҳр бузург шуд.
Қиссаи зиндагии Анди Мададиён ҷолиб аст. Ба навиштаи сойти “Гардиан”, замоне ки ӯ дар мактаби мутавассита таҳсил мекард, дониши риёзияш хелеҳоро мутаҳайир карда буд. Аз ин рӯ баъзеҳо ҳадс мезаданд, ки ӯ таҳсил дар риштаи иқтисодро интихоб хоҳад кард. Ҳич кас гумон надошт, ки Мададиён роҳи сарояндагиро пеш мегирад. Танҳо худи Анди Мададиён буд, ки медонист, ӯ овозхон хоҳад шуд. Дар ин миён Анди вориди давраи омӯзиши гитор низ шуд. Ҳол он ки замони таҳсил дар мактаби мутавассита, вақте аз дарс ба хона бармегашт, падараш даф мезад ва модараш бо ӯ ҳамнаво мешуд.
Бинобар ин вай ҳанӯз 14-сола буд, ки аввалин бор соҳиби гитор шуд. Дар баъзе аз манобеъ гуфта мешавад, ки ин гиторашро ӯ бо чӯбу сим сохта буд ва садои аҷибу ғарибе мебаровард. Аммо “Гардиан” менависад, падараш, ки корманди бахши роҳсозӣ буд, ӯро кумак кард, то аз ҳамсояашон барои гиторхарӣ пул қарз бигирад.
Сойти “Гардиан” матлаберо таҳти унвони “Орзуи амрикоӣ: сароянда Анди Мададиён аввалин эронии сабтшуда дар пиёдарави машоҳири “Ҳолливуд” хоҳад шуд” нашр кард. Муаллиф дар пайи сабти номи Анди дар пиёдарави машоҳири “Ҳолливуд” бо ӯ ҳамсуҳбат шудааст. Дар матлаб гуфта мешавад, ки бо ин гитор оқои Мададиён ҳамроҳ бо дигар сарояндагон мусиқӣ менавохт, то қарзҳояшро баргардонад. Аз он ки ин ҷумла дар пайи суҳбат бо овозхон мунташир шуда, метавон ҳадс зад, ки ба воқеият наздиктар аст.
Баъди омӯзиши гитор мавсуф ба дастаи писархолаҳояш Сурен, Гарни ва Рубен ҳамроҳ шуд. Ӯ дар ин гурӯҳ навозандаи гитор буд. Ба навиштаи “Соид нюз”, ин гурӯҳ ба ҳадде рушд кард, ки ҳатто ба дарбори шоҳ роҳ ёфт. Дар баробари ин дар ҳоле ки бештаре аз сарояндагони он замони Эрон мусиқии миллиро интихоб мекарданд, Анди ба роки ангилисию амрикоӣ рӯ овард ва ошиқи сарояндагии гурӯҳҳои овозхонони англисии “Дип пурпле”, “Лед зеппелин”, “Рот стеварт” ва ғайра шуд.
Инқилоб ва кӯи ҳиҷрон
Дар ҳоле ки Анди 21 сол дошт, мусиқӣ, бахусус услубе, ки оқои Мададиён интихоб карда буд, дар Эрон мамнуъ шуд. Баҳори соли 1979 низоми сиёсии шоҳӣ дар Эрон барҳам хурд ва исломиҳо дар пайи як инқилоб сари қудрат омаданд. Дар ин айём буд, ки истеъдоди Анди аз тарафи амрикоиҳо кашф шуд ва барқарории робита ба онҳо роҳи ӯро ба Амрико боз кард. Вай визои донишҷӯӣ барои бозӣ дар ҳайати тими футболи Донишгоҳи давлатии Калифорния гирифт ва ба Амрико сафар кард. Фориғ аз дарс дар кулобҳои шабона гитор менавохт ва касбӣ рӯзӣ мекард.
Анди дар бистудусолагӣ ба Амрико ҳиҷрат кард ва дар маҳалли арманинишини Лос-Анҷелес мақар гузид. Ӯ вориди риштаи танзимкунандагии мусиқӣ дар як коллеҷи амрикоӣ низ шуд. “Ба гуфтаи худи ӯ, даврони донишгоҳ сахттарин даврони зиндагӣ буд, то ҳадде ки барои як ваъда ғизо (як дафъа хӯрок – ТА) пул дошт, вале ҳар чӣ буд, гузашт, ӯ ҳама чизро таҳаммул кард”, - менависад “Соид нюз”.
Дар ҳамин марҳала иттифоқе уфтод, ки дар зиндагии Мададиён нақши калидӣ дошт. Ӯ дар ҳоле ки дар зимни таҳсил зиндагии шоқа дошт, бо Шаҳроми Шабпара ошно шуд. Анди дар ҳар матлабе, ки дар бораи зиндагии ӯст, аз ин иттифоқ ёд мекунад ва аз Шаҳром ба унвони касе ёдовар мешавад, ки ӯро кумак кардааст ва таъсири зиёде дар зиндагияш гузоштааст. Ӯ пас аз ошноӣ бо Шаҳроми Шабпара дар гурӯҳи ӯ гиторнавоз ва овозхони дувум шуд. Дар зимни фаъолият бо Шаҳроми Шабпара ӯ бо дигаре аз ҳамтоҳояш Курӯси Шоҳмирӣ ошно шуд, ки вай низ дар гурӯҳи Шаҳроми Шабпара гитор менавохт.
Анди ва Курӯс
Баъди чанде аз фаъолият бо Шаҳроми Шабпара ин ду гирторнавоз тасмим гирифтанд, ки гурӯҳи худро созмон диҳанд. Гурӯҳи Анди ва Курӯс чанде баъд аз таъсис маҳшур шуд. Як торнамои форсии мавсум ба “Беҳтарин посух”, ки ба назар мерасад, матолиберо дар бораи Анди ва Курӯс аз дигар манобеъ гирдоварӣ намудааст, дар тавсифи гурӯҳи таъсисдодаи ин ду нафар менависад: “Консертҳои онҳо яке паси дигаре бо муваффақияти зиёде рӯ ба рӯ шуд ва онҳо ба ҳар куҷое, ки қадам мегузоштанд, тасхиргари қалбҳои ошиқони мусиқӣ мешуданд ва дар ҳар шаҳре, ки барнома иҷро мекарданд, саҳнаро бо мусиқияшон ба оташ мекашиданд... Таби Анди ва Курӯс он қадар зиёд шуд, ки ҳама ҷо суҳбат аз онҳо буд ва ҳама видеоҳои онҳо, ки тавассути Алиризо Амирқосимӣ таҳия ва коргардонӣ шуд, дар воқеъ, шуруи таҳияи мусиқии видеоӣ дар ҷомеаи эронӣ буд, ки ҳанӯз ҳам ағлаби ин видеоҳо беҳамтост”.
Ҳамкории ин ду нафар дар нимаи солҳои 80-уми асри гузашта шуруъ шуд ва пас аз 10 соли фаъолияти муштарак шуҳрати онҳо ба марҳалаи авҷ расид. Ин ду нафар чаҳор албоми муштарак бо номҳои “Хостгорӣ” (1985), “Парвоз” (1986), “Бало” (1990), “Худоҳофизӣ” (1991) сабт карданд.
Ба навиштаи “Беҳтарин посух”, пас аз интишори “Бало” “Анди ва Курӯс эҳсос карданд, дӯст доранд, ҳар кадом ҷудо ба фаъолияти ҳунарии худ идома диҳанд ва қарор шуд, охирин албоми дунафараи худро ба бозор арза кунанд”. Ва ин охирин албоми муштараки онҳо “Худоҳофизӣ” буд, ки пас аз он масири ҳунарии ин ду нафар аз ҳам ҷудо шуд.
Танҳоӣ ва идомаи масири шуҳрат
Пас аз ҷудоӣ аз Курӯс Анди бо ҳамсараш Шани Ригзби, сароянда, продюсер ва ҳунарпеша шинос шуд. Ин иттифоқ тақрибан солҳои 1993-1994 афтода буд. Дар ин солҳо Анди аввалин албоми худ, “Беқарор”-ро мунташир кард. Дар ин албом оҳангҳои дувумро Шани мехонд, ки пас аз нашри он Анди ба шиддат машҳур шуд. Баъд аз равобити тӯлонӣ Анди ва Шани дар дувуми ноябри соли 2011 расман оила барпо карданд,аммо фарзанд надоранд. Ӯ дар суҳбат бо “Спутник” гуфтааст, ки оиладор асту чаҳор саг дорад.
Замоне ки Анди оила барпо кард, 53 ва ҳамсараш 45-сола буд. Анди ба танҳоӣ албомҳоеро ба ановини “Беқарор” (1992), “Лайлӣ” (1994), “Танҳоӣ” (1995), “Сарсупурда” (1996), “Ҷодаи Абрешим” (1998), “Қаҳрамони Ватан” (1998), “Нюне” (1999, бо забони арманӣ), “Ва дили ман” (2000), “Ёрон” (2001), “Хилвати ман” (2002) “Орере Сееро” (2003, бо забони арманӣ), “Плотин” (2004), “Шаҳри фариштаҳо” (2006) ва “Фурудгоҳ” (2007) сабт кардааст.
Гузашта аз ин Анди Мададиён ба унвони як мубтакир дар мусиқӣ шинохта мешавад, ки ба дунболи шикасти марзҳои маъмулии санъату мусиқӣ аст. Ҳамин аст, ки ӯ дар ҳалқаҳои мусиқии Амрико, Урупо, Русия, Ховари Миёна, Канада ва Австралия аз шуҳрати хосе бархурдор аст. Шояд дар ин фаъолияти муваффақи ӯ забондонияш низ нақши барҷаста дошта бошад, ки тибқи баъзе аз манобеъ, Анди Мададиён забонҳои форсӣ, арманӣ, англисӣ, испанӣ ва арабиро балад аст.
Зимнан сафарҳои ҳунарии ин хунёгар кишварҳое назири Арманистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва кишварҳои Ховари Миёнаро шомил мешаванд. Ӯ дар даҳ соли ахир бо ширкат дар Театри юнонии Лос-Анҷелес, «Kodak Theatre»-и “Ҳолливуд”, майдонҳои бузурги Лас Вегас ҷавоизи шуҳратмандеро касб кардааст. Ӯ чанде қабл ҷоизаи JPF дар бахши “Албом ва суруди беҳтарини ховаримиёнаӣ”-ро касб кард. «Universal Studios» ӯро “сарояндаи даҳсолаи форсизабон” эълон кард. Дар панҷ соли мутаволӣ Анди ҷавоизи беҳтарин сарояндаи арманизабони бурунмарзӣ, овозхони армании беҳтарини ҷаҳон ва беҳтарин албоми арманӣ дар ҷаҳонро касб кардааст. Дар моҳи ноябри соли 2009 оқои Мададиён Ҷоизаи афсонаӣ («Legend Award»)-и «Big Apple Music Awards» гирифт. Шӯрои шаҳрии Лос-Анҷелес барои ду бор аз нақши ӯ дар тавсеаи мусиқии шаҳр тақдир кард.
17 январи соли 2020 Анди Мададиён 2684-ум ситора дар роҳрави машоҳири “Ҳолливуд”-ро ба номи худ сабт кард, ки то ӯ ҳич эроние ба ин муваффақият ноил нашуда буд.
Анди Мададиён дар баробари сарояндагию навозандагӣ дар таҳияи филмҳои “Манзиле аз қуму меҳ”, “Футбол”, “Гулпарвар”, “Ҳофиз. Афсонае дар бораи Умари Хайём”, “Шоҳзодахонум ва туфангдори баҳрӣ” нақш доштааст.
Суруди “Мо яке ҳастем”-и ӯ ва Ҷон Бови барои ҳамраъйӣ бо муътаризони соли 2009 дар Эрон шуҳрати ӯро боз ҳам бештар кард. Аммо ба унвони як вегитариан бар ҳифзи ҳуқуқи ҷонварон тамаркуз мекунад, эълон кард, ки ба фаъолиятҳои сиёсӣ намепардозад. Аммо ӯ ахиран эълон кард, ки саҳван суқут додани ҳавопаймоӣ украинӣ дар Эрон бинобар танишҳои миёни Амрико ва Эрон болои ӯ таъсир амиқ гузоштааст.
Анди ва Тоҷикистон
Анди Мададиён барои ду бор ба Тоҷикистон сафар кардааст. Аввалин сафари ӯ ба кишвар соли 2006 ва дувумӣ соли 2013 сурат гирифт. Соли 2017 ӯ сафари ҳунарие ба Маскав дошт. Тайи ҳамон сафараш ба Русия дар як суҳбат бо хабаргузории “Спутник” гуфта буд: “Муҳимтарин чизе, ки метавонам бигӯям, байни тамоми кишварҳое, ки ман мусофират меравам, дар Тоҷикистон мардум ошиқи мусиқӣ ҳастанд, ҳатто президент ташвиқ мекунад, ки мардуми рӯзи мусиқӣ дошта бошанд ва ман ҳамеша дар баромадҳоям дар дар Лос-Аҷелес аз мардуми Тоҷикистон ва ишқи эшон ба мусиқӣ суҳбат мекунам".
Ҳамчунин ӯ тайи ин суҳбаташ гуфта буд, ки аз замони хуруҷаш аз Эрон дигарбора ба Ватанаш нарафтааст ва пазмони Душанбе ҳам шуда.
"Тоҷикони Амрико"
صدای آشنا . اندی در مسیر هنر
تقریباً سالهای 96 - 97 - عصر گذشته بود . مرحله جدیدی از زندگی در تاجیکستان آغاز میشد . این مرحله مرحله بعد جنگی در کشور ما بود . اما آثار جنگ هنوز به نظر میرسید . اگر چه در آن سالها مثل جهار و پنج سال قبل قتل و قتال آشکار حدّ اقل در دهات کشور صورت نمیگرفت ، اما بیکاری ، فقر ، دزدی ، راهزنی و سائر اعمال بیرون از محدوده قانون به مثلی که کار عادی شده بود .
انگار مردم فرهنگ ، رقص و سرود ، بزم و طرب و در مجموع خرسندی را فراموش کرده بودند . یا شاید نه فراموش کرده بودند ، بلکه شرایط زندگی امکان نمیداد ، که سر این مسألهها اندیشه کنند . از دیگر طرف تاجیکستان مستقل شده بود و پیوندهای سالها گسسته همزبانان در همان شب و روز در حال وصل مجدد بودند . در همین ایام بود ، که ثبتهای آند مددیان در سراسر تاجیکستان پیدا شدند و در بازار و رستههای مراکز نواحی صدای او طنینانداز گشت . اکثر مخلصان ثبت او در سال 1996 ، معروف به آند 96 - را خریدار بودند .
کنون از آن روزگار بیش از دو دهساله سپری شده ، اما همانا از شهرت آند در تاجیکستان کاسته نشدهاست . در چنین حال میخواهیم این سوال را مطرح کنم ، که او کیست و چه مسیری از زندگی را طی کردهاست ؟
گوتار چوبی
اسم اصلی او اندرنك مددیان است ، اما به نام آند معروف است . آند در کشوری متولد شدهاست ، که آن جا معمولا مردم را با نسبشان صدا میکنند . اما نه تنها بعد کسب شهرت اندرنك را با نسب صدا نمیکنند ، بلکه نام او را حتی با تغییر ، آند خواهند گفت . در شرح این نقطه پایگاه خبری و تحلیلی “ ساعد نیوذی ” مینویسد ، در یک “ كانسیریت آند و کرسی دختری بود ، که او را خیلی دوست داشت و در شب کنسرت او را با صدای بلند آند صدا زد و این شد ، که دیگر همه او را با نام آند صدا میزدند ” . به عباره دیگر از این به بعد اندرنك به آند متخلص شد .
اصل او از ارمنیهای مسیحی ایران است ، که طوری در بالا گفتیم ، به اسم آند معروف شد . اندرنك مددیان 21 یا 22 آپریل سال 1958 (در مهنابی فارسی 21 و در غیر آن 22 آپریل گفته میشود ) در محله ولای تهران در خانواده مسیحی به دنیا آمد و در محله مجدیه این شهر بزرگ شد .
قصه زندگی آند مددیان جالب است . به نوشته سایت “ گردان ” ، زمانی که او در مکتب متوسطه تحصیل میکرد ، دانش ریاضیش خیلیها را متهییر کرده بود . از این رو بعضیها حدس میزدند ، که او تحصیل در رشته اقتصاد را انتخاب خواهد کرد . هچه کس گمان نداشت ، که مددیان راه سرایندهگوی را پیش میگیرد . تنها خود آند مددیان بود ، که میدانیست ، او آوازخوان خواهد شد . در این میان آند وارد دوره آموزش گوتار نیز شد . حال آن که زمان تحصیل در مکتب متوسطه ، وقتی از درس به خانه برمیگشت ، پدرش دف میزد و مادرش با او همنوا میشد .
بنابر این وی هنوز 14 - ساله بود ، که اولین بار صاحب گوتار شد . در بعضی از منابع گفته میشود ، که این گوتارش را او با چوب و سیم ساخته بود و صدای عجیب و غریبی میبرآورد . اما “ گردان ” مینویسد ، پدرش ، که کارمند بخش راهسازی بود ، او را کمک کرد ، تا از همسایهشان برای گتارخری پل قرض بگیرد .
سایت “ گردان ” مطلبی را تحت عنوان “ آرزو آمریکای : سراینده آند مددیان اولین ایرانی ثبتشده در پیادرو مشاهر “ هالیوود ” خواهد شد ” نشر کرد . مؤلف در پی ثبت نام آند در پیادرو مشاهر “ هالیوود ” با او هم صحبت شدهاست . در مطلب گفته میشود ، که با این گوتار آقای مددیان همراه با دیگر سرایندهگان موسیقی مینواخت ، تا قرضهایش را برگرداند . از آن که این جمله در پی صحبت با آوازخوان منتشر شده ، میتوان حدس زد ، که به واقعیت نزدیکتر است .
بعد آموزش گوتار موصوف به دسته پسرخالههایش سرین ، گراون و ربین همراه شد . او در این گروه نوازنده گوتار بود . به نوشته “ ساعد نیوذی ” ، این گروه به حدّی رشد کرد ، که حتی به دربار شاه راه یافت . در برابر این در حالی که بیشتری از سرایندهگان آن زمان ایران موسیقی ملی را انتخاب میکردند ، آند به اوراک انگلسی و آمریکای رو آورد و عاشق سرایندهگوی گروههای آوازخوانان انگلیسی “ عودپ پرپولی ” ، “ لیید زیپیلین ” ، “ روات ستیفرت ” و غیره شد .
انقلاب و کوی هجران
در حالی که آند 21 سال داشت ، موسیقی ، بخصوص اسلوبی ، که آقای مددیان انتخاب کرده بود ، در ایران ممنوع شد . بهار سال 1979 نظام سیاسی شاهای در ایران برهم خرد و اسلامیها در پی یک انقلاب سر قدرت آمدند . در این ایام بود ، که استعداد آند از طرف آمریکایها کشف شد و برقراری رابطه به آنها راه او را به آمریکا باز کرد . وی ویزای دانشجوی برای بازی در هیئت تیم فوتبال دانشگاه دولتی کالیفرنیا گرفت و به آمریکا سفر کرد . فارغ از درس در کولابهای شبانه گوتار مینواخت و کسبی روزی میکرد .
آند در بستدسالگی به آمریکا هجرت کرد و در محل ارمنینشین لاس - آنجلس مقر گزید . او وارد رشته تنظیمکنندگی موسیقی در یک کالج آمریکای نیز شد . “ به گفته خود او ، دوران دانشگاه سختترین دوران زندگی بود ، تا حدّی که برای یک وعده غذا (یک دفعه خوراک – تیه ) پل داشت ، ولی هر چه بود ، گذشت ، او همه چیز را تحمل کرد ” ، - مینویسد “ ساعد نیوذی ” .
در همین مرحله اتفاقی افتاد ، که در زندگی مددیان نقش کلیدی داشت . او در حالی که در ضمن تحصیل زندگی شاقه داشت ، با شهرام شبپره آشنا شد . آند در هر مطلبی ، که در باره زندگی اوست ، از این اتفاق یاد میکند و از شهرام به عنوان کسی یادآور میشود ، که او را کمک کردهاست و تأثیر زیادی در زندگییش گذاشتهاست . او پس از آشنای با شهرام شبپره در گروه او گتارنواز و آوازخوان دوم شد . در ضمن فعالیت با شهرام شبپره او با دیگری از همتاهایش کرسی شاهمیری آشنا شد ، که وی نیز در گروه شهرام شبپره گوتار مینواخت .
آند و کرسی
بعد چندی از فعالیت با شهرام شبپره این دو گرتارنواز تصمیم گرفتند ، که گروه خود را سازمان دهند . گروه آند و کرسی چندی بعد از تاسیس محشور شد . یک تارنمای فارسی موسوم به “ بهترین پاسخ ” ، که به نظر میرسد ، مطالبی را در باره آند و کرسی از دیگر منابع گردآوری نمودهاست ، در توصیف گروه تاسیسداده این دو نفر مینویسد : “ کنسرتهای آنها یکی پس دیگری با موفقیت زیادی رو به رو شد و آنها به هر کجای ، که قدم میگذاشتند ، تسخیرگر قلبهای عاشقان موسیقی میشدند و در هر شهری ، که برنامه اجرا میکردند ، صحنه را با موسیقیشان به آتیش میکشیدند . . . تب آند و کرسی آن قدر زیاد شد ، که همه جا صحبت از آنها بود و همه ویدئوهای آنها ، که توسط علیرضا امیرقاسمی تهیه و کارگردانی شد ، در واقع ، شور تهیه موسیقی ویدئوی در جامعه ایرانی بود ، که هنوز هم اغلب این ویدئوها بیهمتاست ” .
همکاری این دو نفر در نیمه سالهای 80 - ام عصر گذشته شروع شد و پس از 10 سال فعالیت مشترک شهرت آنها به مرحله اوج رسید . این دو نفر چهار آلبوم مشترک با نامهای “ خواستگاری ” (1985 ) ، “ پرواز ” (1986 ) ، “ بلا ” (1990 ) ، “ خداحافظی ” (1991 ) ثبت کردند .
به نوشته “ بهترین پاسخ ” ، پس از انتشار “ بلا ” “ آند و کرسی احساس کردند ، دوست دارند ، هر کدام جدا به فعالیت هنری خود ادامه دهند و قرار شد ، آخرین آلبوم دونفره خود را به بازار عرضه کنند ” . و این آخرین آلبوم مشترک آنها “ خداحافظی ” بود ، که پس از آن مسیر هنری این دو نفر از هم جدا شد .
تنهایی و ادامه مسیر شهرت
پس از جدای از کرسی آند با همسرش شان رگزب ، سراینده ، پرادیوسیر و هنرپیشه شناس شد . این اتفاق تقریباً سالهای 1993 - 1994 افتاده بود . در این سالها آند اولین آلبوم خود ، “ بیقرار ” - را منتشر کرد . در این آلبوم آهنگهای دوم را شان میخواند ، که پس از نشر آن آند به شدت مشهور شد . بعد از روابط طولانی آند و شان در دوم نوامبر سال 2011 رسماً عائله برپا کردند ، اما فرزند ندارند . او در صحبت با “ اسپوتنیک ” گفتهاست ، که عائلهداری است و چهار سگ دارد .
زمانی که آند عائله برپا کرد ، 53 و همسرش 45 - ساله بود . آند به تنهایی آلبومهایی را به عناوین “ بیقرار ” (1992 ) ، “ لیلی ” (1994 ) ، “ تنهایی ” (1995 ) ، “ سرسپرده ” (1996 ) ، “ جاده ابریشم ” (1998 ) ، “ قهرمان وطن ” (1998 ) ، “ نیواونی ” (1999 ، با زبان ارمنی ) ، “ و دل من ” (2000 ) ، “ یاران ” (2001 ) ، “ خلوت من ” (2002 ) “ اریری سهی را ” (2003 ، با زبان ارمنی ) ، “ پلاتین ” (2004 ) ، “ شهر فرشتهها ” (2006 ) و “ فرودگاه ” (2007 ) ثبت کردهاست .
گذشته از این آند مددیان به عنوان یک مبتکر در موسیقی شناخته میشود ، که به دنبال شکست مرزهای معمولی صنعت و موسیقی است . همین است ، که او در حلقههای موسیقی آمریکا ، اروپا ، روسیه ، خاور میانه ، کانادا و استرالیا از شهرت خاصی برخوردار است . شاید در این فعالیت موفق او زباندانیش نیز نقش برجسته داشته باشد ، که طبق بعضی از منابع ، آند مددیان زبانهای فارسی ، ارمنی ، انگلیسی ، اسپنی و عربی را بلد است .
ضمناً سفرهای هنری این خنیاگر کشورهایی نظیر ارمنستان ، تاجیکستان ، اوزبكستان و کشورهای خاور میانه را شامل میشوند . او در ده سال اخیر با شرکت در تئاتر یونانی لاس - آنجلس ، «Kodak Theatre » - “ هالیوود ” ، میدانهای بزرگ لس ویگس جوایز شهرتمندی را کسب کردهاست . او چندی قبل جایزه JPF در بخش “ آلبوم و سرود بهترین خاورمیانهای ” - را کسب کرد . «Universal Studios » او را “ سراینده دهساله فارسیزبان ” اعلان کرد . در پنج سال متوالی آند جوایز بهترین سراینده ارمنیزبان برنمرزی ، آوازخوان ارمنی بهترین جهان و بهترین آلبوم ارمنی در جهان را کسب کردهاست . در ماه نوامبر سال 2009 آقای مددیان جایزه افسانهای ( «Legend Award » ) - «Big Aple Music Awards » گرفت . شورای شهری لاس - آنجلس برای دو بار از نقش او در توسعه موسیقی شهر تقدیر کرد .
17 ژانویه سال 2020 آند مددیان 2684 - ام ستاره در راهرو مشاهر “ هالیوود ” - را به نام خود ثبت کرد ، که تا او هچه ایرانی به این موفقیت نائل نهشده بود .
آند مددیان در برابر سرایندهگوی و نوازندگی در تهیه فیلمهای “ منزلی از قم و مه ” ، “ فوتبال ” ، “ گلپرور ” ، “ حافظ . افسانهای در باره عمر خیام ” ، “ شاهزادهخانم و تفنگدار بحری ” نقش داشتهاست .
سرود “ ما یکی هستیم ” - او و جان بف برای همرأیی با معترضان سال 2009 در ایران شهرت او را باز هم بیشتر کرد . اما به عنوان یک ویگترن بر حفظ حقوق جانوران تمرکز میکند ، اعلان کرد ، که به فعالیتهای سیاسی نمیپردازد . اما او اخیرا اعلان کرد ، که سهوا سکوت دادن هواپیمای اوکراینی در ایران بنابر تنشهای میان آمریکا و ایران بالای او تأثیر عمیق گذاشتهاست .
آند و تاجیکستان
آند مددیان برای دو بار به تاجیکستان سفر کردهاست . اولین سفر او به کشور سال 2006 و دومی سال 2013 صورت گرفت . سال 2017 او سفر هنری به مسکو داشت . طی همان سفرش به روسیه در یک صحبت با خبرگزاری “ اسپوتنیک ” گفته بود : “ مهمترین چیزی ، که میتوانم بگویم ، بین تمام کشورهایی ، که من مسافرت میروم ، در تاجیکستان مردم عاشق موسیقی هستند ، حتی پرزیدنت تشویق میکند ، که مردم روز موسیقی داشته باشند و من همیشه در برآمدهایم در در لاس - آنجلس از مردم تاجیکستان و عشق ایشان به موسیقی صحبت میکنم " .
همچنین او طی این صحبتش گفته بود ، که از زمان خروجش از ایران دیگرباره به وطنش نرفتهاست و پزایمانی دوشنبه هم شده .
" تاجیکان آمریکا "