Тоҷике, ки дар ҷашни солинавии Кохи Сафед ширкат кард

Назарҳо: 704

Дилафрӯз Хоникбоева, зодаи Тоҷикистон, ки айни замон мушовири аршади USAID – Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар маросими солинавии Кохи Сафед ширкат кардааст. Хонибекова бо нашри чанд акси худ дар пасманзари арчаи солинавии Кохи Сафед дар саҳифаи иҷтимоияш дар ин бора хабар додааст.
Ӯ дар ин нигоштааш шеъре аз Мавлоно Ҷалолиддини Румиро ҷо дода навиштааст, онро доим зери даст дорад. Дар интиҳои нигоштааш ӯ саломатӣ бурдборӣ ва соли нави хуше ба ҳамагон таманно кардааст.
Хоникбоева, ки гуфта мешавад дар овони хурдсолӣ 26 сол қабл дар авҷи ҷанги шаҳрванди бо волидонаш Тоҷикистонро тарк карда ва дар Амрико ба воя расидааст. Бо ба сари қадрат расидани Ҷо Байден ӯ ба ҳайси мушовири аршади USAID оид ба сиёсатгузорӣ, тарҳрезӣ ва таҳсилоти ин созмон интихоб шуд. Ӯ қабл аз интихоб шудан ба ин симат қасам ёд кард, чун мақоми пазируфтааш сиёсӣ аст ва расман узви командаи президенти Амрико Ҷо Байден ва ноиб президент Камала Ҳаррис ба шумо меравад.
Хоникбоева хатмкардаи Донишгоҳи Ҷорҷ Масон дар Амрико буд, қабл аз интихоб шудан ба ин вазифа муддате дар телевизиони CNN ва бунёди Оқохон кор кардааст.
Гуфта мешавад, модари ӯ дар телевизиони CNN ва падараш дар ширкати Боинг фаъолият мекунанд. 


"Тоҷикони Амрико"