Моликияти Ҳукумати ИМА (Қисмати 1)

Назарҳо: 219

Муҳибуллоҳ Қурбон: Дар Сафорати Амрико ва берун аз он (силсилаҳикоя)

Моликияти Ҳукумати ИМА

Ҷаноби Курт Аменд бо ҳамсараш хонум Эллис Велс солҳои 1993 - 1994 дар сафоратхона кор мекарданд. Ҷаноби Аменд умури хоҷагии сафоратро низ ба ӯҳда дошт, тоҷикӣ карда гӯем, мудири анбор ҳам буд. Курт ҳар замон таъкид дошт, ки чизи худро аз амволи сафорат фарқ кунем. Боре қаламро бардошта, гуфт, ки ин худкор моликияти Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, бинобарин вақти кор истифода кунед, аммо чун аз идора берун равед, агар ин худкорро тасодуф дар ҷайбатон гузошта бошед, баргардед ва ба рӯи миз монда, баъд равед.

Дар танаи худи худкор ва умуман, ҳама моликияти сафорат навиштае ҳаст: «Моликияти Ҳукумати ИМА». Кош, чунин таҷриба дар ҳукумати мо ҳам ҷорӣ мешуд. Масалан, дар ҷойи намоёни пеши ашёҳои давлатӣ, ба монанди мизу курсӣ ва компутерҳо, ки барои корхонаву муассисаҳо ва мактабҳо дода мешаванд, бо ҳарфҳои калон-калони хоно менавиштанд: «Ин компутер моликияти Ҳукумати ҶТ аст.»Шояд он вақт ин гуна ашё на дар хонаи сарвар пайдо мешуду на дар бозор… Баъзан вақти аз сафорат баромадан посбонҳо моро бозрасӣ мекарданд ва боре аз як ҳамкорамон ду - се варақи сафеди холиро, ки тасодуфан бо худ гирифта будааст, ёфтанд ва қариб буд аз барои он ду варақ ҳамкорам аз кор равад.Ӯ бо ситеза мегуфт, ки наход ду варақи холӣ гирифтан ҷиноят бошад. Аммо барои амрикоиҳо ду варақ ҳам моликият будааст. На танҳо барои амрикоиҳо… Дар масъалаи ҳифозати моликият дигар миллатҳо ҳам бепарво нестанд ва шояд аз амрикоиҳо ҳам мегузаронанд.
Як шиносам дар сафорате кор мекарду рӯзе аз он ҷой рафт. Сабаб пурсидам. Гуфт, ки хориҷиҳо мардуми хеле зихна будаанд. Боре чун рангдони (стержен) худкор тамом шуд, онро партофтам ва барои наваш рафтам. Ба ман гуфтанд, ки ҳамон рангдони холишударо баргардон, баъд дигарашро медиҳем. Магар як рангдони худкор ҳам чиз шуду боз ман холишудаашро бармегардонидаам… Гуфтам, бале, аз назари мову ту он рангдон чизе нест, аммо он ҳам моликият аст! Тасаввур кун, ки он давлат дарсад кишвар сафоратхона дорад ва дар ҳар намояндагӣ ману ту барин даҳ нафар бошад, пас ҳазор ходим мешавад ва ҳар яки мо ҳафтае яктоӣ рангдонро исроф кунем, пас даряк моҳ ҳазор ва дар як сол дувоздаҳ ҳазор рангдон мешавад. Ин пули кам нест… Онҳо на танҳо кор карда метавонанд, балки суду зарарро ҳам оқилона мешуморанд… Бале, амрикоиҳо ҳам суду зарарро хеле ва хеле хуб медонанд. Соли 2008 бо гурӯҳи кишоварзон аз Осиёи Марказӣ ҳамчун роҳбалад дар иёлати Миссисипи дар Амрико будам ва асосан, бо соҳибкороне, ки бо кишоварзӣ сару кор доштанд, шинос мешудем. Бо хоҷагии як зани соҳибкор рафтем, ки тахмин 700 гектар шолӣ, ҷуворимакка ва лубиё мекошт, вале дар хоҷагӣ се нафар шуғл доштанд; худ, шавҳар ва писар, ки мактаб ҳам мехонд. Дар маъракаи ғунучин коргарони мавсимӣ мададаш мерасонидаанд. Ман ин се нафару 700 гектар заминро тасаввур кардам… Ёдам омад, ки дар хоҷагии давлатие дар 600 гектар зиёда аз 500 нафар коргар буданд. Боз ин зан корхона ҳам доштааст, ки баъди ғунучини ҳосил шолии тухмӣ тайёр мекардаааст…
Аммо аз ҳама сухани ғайричашмдошт ва муассирро як соҳибкоре, ки бапарвариши чорво машғул будааст, гуфт ва бовар дорам, шумо ҳам хонандаи азиз, аз хондани он дар ҳайрат мемонед.
«Ман тез - тез молҳоямро аз муоинаи тиббӣ мегузаронам ва агар донам, ки як дандони гов шикастааст ё афтодааст, зуд онро ба қассоб месупорам.» - гуфт он фермер ва мо пурсидем, ки чаро чунин мекунад. Посухамон дод, ки агар як дандони гов кам шавад, таносубан ширро ҳам кам медиҳад, чунки ба ҷойи сӣ дандон бисту нуҳтоаш алафро мехояд ва як қисми ғизо ҳазмношуда мемонад! Ҳазм, ки нашуд, шир ҳам кам мешавад. Дар Амрико бошад, масалан, гови зотӣ дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 38 литр шир медиҳад…

Говро намедонам чанд дандон ҳаст, вале 38 - то бошад ҳам, аллакай ҳар рӯз яклитрӣ шир кам мешавад ва дар як сол 365 литр шир зарар танҳо аз як ҷонвар!
Бармегардем ба қиссаи шакар. Тахмин моҳи июни соли 1993 буд. Ҳамон рӯзҳо дар хона хостем азолуча мураббо пазем, лекин дар мағозаҳои шаҳр шакар камчин буд.

Хушбахтона, дар анбори сафорат як миқдори муайяни халтачаҳои шакарро, ки ҳамчун ёрии башардӯстона оварда буданд, нигоҳ медоштанд. Ба назди корманди анбор Валера рафтам ва гуфтам, ки як халтачаи шакари амрикоиро қарз диҳад, ман мекӯшам дар се - чор рӯзи оянда баргардонам. Хулоса, «тоҷикӣ» карданӣ шудам. Аммо Валера фаҳмонд, ки ҳама моликияти дар анбор буда дар компутери ҷаноби Аменд феҳрист шудаасту ба замми ин ҳар замон даромада, онҳоро тафтиш мекунад.

(Давом дорад)