Моликияти Ҳукумати ИМА (Қисмати 5)

Назарҳо: 216

Муҳибуллоҳ Қурбон: Дар Сафорати Амрико ва берун аз он (силсилаҳикоя)
МОЛИКИЯТИ ҲУКУМАТИ ИМА
(Давомаш. ҚИСМАТИ 5)

Дар Амрико «манъ» воқеан ҳам «манъ» аст ва маънои манъшударо дорад!

Наметавонед, ба болои нархи шароб, ки бе ин ҳам гарон аст, «ришва» дода, нӯшокии дилхоҳатонро харед, зеро дар ҳама ҷо чашми назорат ҳаст.   Вақти харидани шароб ва ҳатто оби ҷав нафаре тасодуф дар паҳлӯятон бошад, ҳатман ба идораи марбут занг мезанад ва аз ин вайронкунии қонун хабар медиҳад ва мегӯяд, ки дар фалон мағоза ба навраси ба синни 21 нарасида ва ё дар рӯзи якшанбе шароб фурӯхтанд.  

Амрико яке аз аввалин миллатҳое буд, ки бар зидди шароб ҷанги беамон эълон кард, зеро онҳо аз дигарон дида барвақттар зарари онро фаҳмида буданд ва аз аввалин кишварҳое буд, ки Қонуни бидуни алкулро («сухой закон») соли 1919 қабул кард ва ин қонун қариб 15 сол идома ёфт.  

Акнун таваҷҷӯҳ кунед ба ҷиҳатҳои мусбати татбиқи ин қонун, ки дар давоми понздаҳ сол ба даст омада будааст.

Дар ин муддати кӯтоҳ ҷинояткорӣ 70 дарсад ва боздошт ва ҳабс 3.5 баробар кам шудва баъди як соли қабули ин қонун дар соли 1920 дар маҳбаси шаҳри Чикаго шумораи зиндониён аллакай аз 25000 ба 600 фуромад, шумораи талоқ кам шуд, пасандози мардум афзуд, шумораи фавт ва сӯхтор ҳам низ поён рафт, вале гурӯҳҳои манфиатдор тавонистанд баъди ин муддат он қонунро бекор кунанд.

Бармегардем ба нақламон дар бораи «хабаркашӣ».  

Дар роҳ ҳам, масалан, шумо суръатро риоя накунеду ба ҷойи дар як соат 100 мил (баробари 160 км), 130 мил давонед, албатта, ронандаи дигаре аз пеш, пасё паҳлӯ ҳамон лаҳза ба полиси роҳ ё нозир занг мезанад, ки фалон хел мошин бо фалон рақам қоидаро вайрон кард.   Ва баъди чанд дақиқа нозирон аз … осмон тавассути чархбол ва ё нохост дар пеши шумо пайдо мешаванд ва маҷбуред, ҷарима супоред.   Ва ё ман дар баъзе дарвозаҳои ҳавлиҳо сурати чашмро дида, ҳайрон шудам.   Гуфтанд, ки чашм маънои хабаркаширо дорад, яъне, агар шумо дар сари чорроҳаи назди ҳамон ҳавлии чашмдор дар чароғаки сурх гузареду агар соҳиби он ҳавлӣ шуморо бинад, ба полис занг мезанад ва хабар медиҳад.   Чаро?Барои он ки амрикоӣ фарзандашро чунин тарбия кардааст, ки танҳо дар чароғаки сабз гузарад ва он пиёда ва ё ронандае, кидар сурх мегузарад, пеш аз ҳама ба ҳаёти фарзанд ва аҳли оилаи ӯ хатарнок аст.   Ва он ронандае, ки дар «ҳайвей», яъне, шоҳроҳ шуморо дар суръати баланд дидаасту хабар медиҳад, вай ҳам пеш аз ҳама дар бораи худаш меандешад, ки агар чунин ронандаҳо зиёд шаванд, шояд рӯзе ӯро ба садама гирифтор кунанд.  

Агар мо чунин шахсро дар Тоҷикистон хабаркаш номем, дар Амрико ин гуна одам масъулиятшинос ба ҳисоб меравад, зеро кирдори вай ҳам ба манфиати ҳамон ронандаи авбош асту ҳам ба манфиати худаш.  

Дар баъзе иёлатҳо ҳатто дар шабакаҳои телевизионҳои ҷамъиятӣ аз наҳр (зеригардан) поён нишон намедиҳанд, аммо ин маънои онро надорад, ки дар Амрико фаҳшу фоҳиша нест.Албатта, ҳаст ва шояд фаҳше бошад, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон нест ва дар яке азбобҳои оянда дар хусуси як намуди он (ҳамҷинсбозон) суҳбате ҳаст.

Ин ҷо сухан аз боби он меравад, ки онҳо чӣ тавр фарзандонашонро эҳтиёт мекунанд.   Ва он филмҳои паррон - паррону кушокуш, ки дар Амрико истеҳсол мешаванд, бо ибораи худи амрикоиҳо, дар кишварҳои ин сӯи уқёнус, яъне, дар Африқову Осиё муштарии худро зиёдтар пайдо мекунанд.  

Албатта, тарбияи фарзанд дар Амрико бидуни лату кӯб бояд сурат бигирад, зеро қонун шаллоқ задани фарзандро манъ мекунад ва борҳо чунин қазияҳое будаанд, ки фарзандон барои лату кӯб волидайни худро ба додгоҳ кашидаанд.  

Чизи дигари ҷолиб он аст, ки фарзандҳо, одатан, баъди ба воя расидан, ба қавле, паррончак шудан, аз хонаи волидайн мераванд.   Умдаи фарзандон дар Амрико барвақт мустақилона кору зиндагӣ карданро меомӯзанд ва тахмин аз синфҳои ҳафт боло аллакай баъди дарс кор мекунанд ва таҳти ҳимояи қонун мебошанд.   Масалан, ҳеч соҳиби корхона ҳақ надорад рӯзе аз 4 соат зиёд наврасонро кор фармояд ва бояд ба ҳар соати корашон на кам аз пардохте, ки дар он иёлат ба ҳар соати корӣ муқаррар шудааст, диҳад.   Масалан, агар дар иёлати Ню Йорк ба як соати корӣ пардохти камтарин 10 доллар диҳанд, пас талабае, ки баъди дарсаш дар ошхона чор соат табақ мешӯяд ё дар маркази савдо машғул аст, медонад, ки ӯ барои ин кораш на кам аз 40 доллар ҳақ мегирад.   Ҳамчунин ҳеч гоҳ бачаи амрикоӣ дар кори вазнин ё басти шабона кор намекунад ва агар чунин шавад, албатта, дар назди қонун сардори корхона ё муассиса ҷавоб медиҳад.   Бачаҳо ғолибан дар ошхонаҳо, марказҳои савдо ба рӯбучин ва дигар корҳои сабук машғул мешаванд.

(Давом дорад)