МУҲИБУЛЛОҲ ҚУРБОН: ДАР САФОРАТИ АМРИКО ВА БЕРУН АЗ ОН (СИЛСИЛАҲИКОЯ)
-
Назарҳо: 238
Валиҷоне, ки рост гуфту ба роҳи Ростин рафт...
Бо Валиҷон Набиев тахмин 10 – 12 сол ҳамроҳ дар сафорат кор кардем ва ба қавли теҳрониҳо, “аз бачаҳои Душанбе” буд ва синнаш ҳам аз сӣ гузашта, вале то ҳанӯз ҳамсар надошт ва ман ҳар замон маслиҳат медодам, ки оиладор шавад, аммо мегуфт, ҷуфти сазоворашро то ҳанӯз наёфтааст. Аз ҷониби дигар эҳсос мекардам, ки ӯ дар Тоҷикистон зистан намехосту дар оянда нақша ҳам дошт, ки аз имтиёзи ходими сафорат истифода намуда, ба Амрико кӯчад.
Имтиёз барои кормандони таҳҷоӣ он аст, ки пас аз 15 соли кордар сафорат имконият доред, барои зисти доимӣ дар Амрико ба сафир муроҷиат кунед ва комиссионе, ки аз амрикоиҳо таркиб ёфтааст, зарур шуморад, ки шумо ба талаботҳои онҳо ҷавобгӯй ҳастед, қарор мебарорад ва онқарорро ба Департаменти давлатӣ мефиристанд ва агар худи котиби давлатӣ имзо гузорад, шумо метавонед ба Амрико кӯчед ва соҳиби корти сабз гардед. Яке аз талабот он аст, ки шумо дар тӯли он 15 сол амали фарқкунандае карда бошед. Дар ин бахш ҳамонҳое, ки солҳои 1993 – 2000 дар сафорат кор кардаанд, афзалият доштанд, зеро он солҳоро ба давраи мушкили ҷанги шаҳрвандӣ рабт медиҳанд. Қариб ҳамаи онҳое, ки дар он солҳо фаъолият доштанду ҷамъи собиқаи кориашон ба понздаҳ сол расида буд, барои дар Амрико зистан муроҷиат намуда, чунин раводидро гирифтанд.
Аммо барои ба саёҳат ба Амрико рафтан барои корманди таҳҷоӣ ва аҳли оилааш мушкилие нест. Ва аз ин хусус ба мо ҳар замон амрикоиҳо ёддошт мезаданд, ки шумо метавонед, барои истироҳат ва ё тамошо ба Амрико равед ва дар додани раводид монеае эҷод намешавад.
Аз ин имтиёз низ бисёр кормандон истифода кардаанду мекунанд, аз ҷумла, ёдам ҳаст, ки Валиҷон низ чанд бор барои дидор бо пайвандаш ба Амрико рафта буд.
Вале сад афсӯс, сарнавишт ҳар як инсонро баробари нишоту шодӣ гирифтори санҷишҳо ҳам мекунад.
Тахмин соли 2011 Набиев ба духтур муроҷиат мекунад ва хабари нохуш мерасонандаш, ки дар тани ӯ бемории саратон сар шуда...
Дунё дар назараш як лаҳза торик мегардад, вале худро ба даст мегирад, чунки яке аз пайвандонаш, ки дар ИМА мезист, айнан чунин ташхис дошт ва табибон ӯро бомувафаққият муолиҷа карда буданд.
Валиҷон ҳам худро бо он андеша, ки меравад он сӯи уқёнус ва ин маризиро пирӯз хоҳад шуд, ором месозад.
Бо ҳамкорони наздикаш маслиҳат кард ва онҳо ҳам тавсия доданд, ки бояд ба консул барои раводиди сайёҳӣ муроҷиат намояд. Ин ҷо каме бояд шарҳ дод, ки раводид барои муолиҷа ҳам ҳаст, вале ҳамкорон, ки аз қонунҳои амрикоӣ хубтар огоҳ буданд, медонистанд, ки агар барои визаи муолиҷавӣ муроҷиат кунаду консул бидонад, ки ӯ мубталои саратон аст, шояд рад кунад, бинобарин онҳо маслиҳаташ доданд, ки барояш беҳтарин интихоб ин муроҷиат бароираводиди сайёҳӣ мебошад.Лекин натавонист чунин рафтор кунад ва гуфт, ки чаро бемориашро пинҳон кунаду амрикоиро фиреб.
Ӯ дар сафорат тахмин 15 сол ин сӯ кор мекард, агар ба вай раводид надиҳанд, пас ба кӣ медиҳанд?!
Ба ҳар ҳол он рӯзҳо саратон ҳанӯз дар зоҳири Валиҷон нақши муассире нагузошта буд ва касе медид, намегуфт, ки ӯ касал аст, аз ҷумла, консул ҳам. Бинобарин агар барои раводиди сайёҳӣ муроҷиат мекард, бе ягон монеа соҳиби он мешуд.
Вале ӯро ростгӯй тарбия карда буданд ва ӯ наметавонист амрикоиро фиребида, виза гирад, аммо аз ҷониби дигар вай саддарсад бовар дошт, маризиашро ифшо созад ҳам, барояш виза медиҳанд.
Валиҷон навбат барои мусоҳиба бо консул гирифт ва рӯзи муқарраршуда вориди консулхона шуд. Акнун ҳама чиз баста ба интихоби сабаби муроҷиат буд, яъне, агар мегуфт, киман ба саёҳат ва дидори авлод меравам, суҳбат тӯл намекашид ва консул ҳам зуд виза медод. Сабаби дигари зуд додани раводид дар он буд, ки аллакай чанд бор аз чунин виза истифода карда, гӯё, аз санҷиши амрикоиҳо ҳам гузашта буд.
Чун консул сабаб пурсид, гуфт, ки гирифтори бемории саратон асту мехоҳад дар Амрико ҳам аз муоинаи духтурон бигузарад...
Хомӯшие миёни онҳо афтод...
Ниҳоят консул гуфт, ки барои Валиҷон виза дода наметавонад. Чашми Валиҷон сиёҳ зад, вале чизе нагуфт ва чӣ ҳам мегуфт, вақте дар дасти сафир маълумот ҳаст, ки ин ҷавонмарди тоҷик понздаҳ соли умри худро ба Ҳукумати Амрико бахшидааст ва бе каму кост вазифаашро софдилона иҷро кардааст ва наход барои ӯ виза надиҳанд.
Ин ҷо консул ягон гуноҳ содир накард, зеро дастуреро убур накард ва танҳо нишондоди Ҳукуматаш, яъне, Ҳукумати Амрикоро иҷро намуд.
Бале, агар виза медоду Валиҷон ба Амрико мерафт ва муолиҷа мекард, шояд арзиши он аз 200 то 300 ҳазор доллар мешуд ва ӯ шояд чунин пул надошт.
Ин ҳам Амрикост!
Ӯ ноумед аз консулхона баромад ва аз пайи муолиҷа дар дигар кишварҳо шуд, аммо ин беморӣ аллакай корашро карда буд ва баҳори соли 2013 аз олам гузашт.
Ӯ ҳамаги чилу як сол дошт...
Бале, Амрико Амрико нест, агар чунин таззодҳо надошта бошад. Гоҳе меъёрҳои молиявӣ меъёрҳои ахлоқиро бераҳмона пахш мекунанд ва беҳтарин мисолаш ин қазияи шодравон Валиҷон Набиев буд, ки рост гуфту ба роҳи Ростин рафт.
Кош, чунин муомила ё муносибат бо кормандони маҳаллӣ рух медод. Гоҳе ин гуна низомномаҳои консулӣ ҳатто ба худи амрикоиҳо садди мушкилгузар эҷод мекунанд.Замоне қиссаи талхи зиндагии Ричард Глауб (Richard Glaub), кишаш соли охир директори намояндагии Институти миллии демократии Амрико (NDI) дар Ӯзбекистон будаасту сомонаи Fergananews.com дар торихи 25 ноябри 2013 нашр намудааст, мутолиа намудам, беихтиёр аз хаёлам гузашт, гумонам, ки амрикоиҳо бо шаҳрвандони худ ҳам гоҳе хеле бераҳмона муносибат мекунанд, тасдиқ шуд. Ҷаноби Глауб ёздаҳ сол пеш бо хонум Лидия аз Тошканд хонадор шуда, ноябри соли 2012 нохост ба сактаи мағзи сар гирифтор мешавад ва дар кати беморӣ то имрӯз хобидааст. Бемориаш чунон гарон аст, ки ҳатто ангушташро ҷунбонидан наметавонад. Ва тамоми гаронии рӯзгор ва махсусан, парасториву муолиҷаи Ричард ба зиммаи Лидия фуромада аст. Ҳамин тавр, имрӯз онҳо бе пул ва бе нигоҳубини табибон мондаанд. Ҳатто пули иҷораи хонаро дода наметавонанд. Ҷаноби Глауб дар «Kapitalbank» - и шаҳри Тошканд пул дорад, аммо онро гирифта наметавонад, зеро мувофиқи қойидаҳои бонки мазкур соҳиби пул худаш бояд имзо кунад, вале Ричард, чи тавре гуфтем, ақаллан худкорро дошта наметавонад ва онҳо ба гирдоби як муаммои сарбаста афтодаанд.Лидия мехоҳад бо шавҳараш ба Амрико равад ва ба Ричарди 61- сола, ки дар ҳақиқат ба мадад ниёз дорад, парасторӣ намояд, аммо Сафорати ИМА дар Ӯзбекистон ба ӯ раводид намедиҳад, ҳарчанд издивоҷи онҳо қонунист. Ягона коре, ки сафорат дар тӯли як сол тавонист ҳал кунад, ин рухсати фиристодани Ричард ба хонаи пиронсолону маъюбони иёлати худаш мебошад, вале бе ҳамсар. Дар сафорат ба Лидия Глауб маслиҳат додаанд, ки ба номи Президент Барака Обама номае нависад; шояд Президент дасти ёрӣ дароз кунад.
Чунин аст Амрико!
(Давом дорад)