Нурулло Алиев: Агар ҳадаф бошад....
-
Назарҳо: 216
Размикори муҳорибаи омехтаи тоҷик, Нурулло Алиев дар набарди қарибулвуқӯъаш дар мусобиқаи Дана Уайт - "Dana White Contender Series", ки рӯзи 21 сентябр баргузор мешавад, рақиби дигар гирифт.
Дар аввал Алиев мебоист бо Наир Меликян қувваозмоӣ менамуд, ҳоло маълум шудааст, ки ӯ бо Ҷош Вик муҳориба мекунад.
Нурулло Алиев ахиран аз имзои созишнома бо ташкилоти Дана Уайт - "Dana White Contender Series" хабар дода, ба роҳбари UFC дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинобар фароҳам шудани шароит дар кулб барояш сипос гуфтаст.
"Дана Уайт сипос, ки қавлатонро иҷро кардеду ба ман имконият додед, барои созишнома бо UFC мубориза барам", - таъкид кардаст Алиев.
Маврид ба зикр аст, ки то ин марҳила пеш аз Нурулло Алиев, размикорони дигари тоҷик Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида, имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лекин мағлуб шуданд. Аммо Нурулло Алиев кист?
Алиев Нурулло Хайруллоевич, размикори ҳунарҳои размии таркӣ аз аввалин тоҷиконе аст, ки бо яке аз ширкатҳои машҳур дар умури размикорӣ - ММА “First Round Management” қарордод имзо кардааст.
Ӯ соли 2000 дар Тоҷикистон дар яке аз оилаҳои соҳибэҳтиром таваллуд шуда ва он ҷо дар ҳалқаи се бародару як хоҳараш ба камол расидааст.
Нурулло Алиев ҳанӯз дар хурдӣ як кӯдаки хеле фаъол буд ва ҳамеша талош мекард, чизи наве омӯзад. Бо шарофати бародаронаш рӯ ба варзиш овард. Ба хотири ин ки ҳамарӯза дар мактаб даргир нашавад, ҳанӯз дар синни 12-солагӣ бо бародарони аз худ бузургаш ба варзиш, омӯзиши куштии тарзи озод машғул шуд, ки устоди онҳо Олим Абдурозиқов буд. Ба ҳамин минвол ӯ тӯли шаш сол ба омӯзиши куштии тарзи озод машғул ва дар чанде аз мусобиқоти шаҳрию ҷумҳуриявӣ ғолиябият ба даст овард, ҳатто дар ин навъи куштӣ дар Осиё низ қаҳрамон низ шуд. Зимнан мавсуф соҳиби унвони Устоди варзиш дар риштаи куштии озод низ ҳаст.
Боре Нурулло Алиев ба хотири ҳаводорӣ аз дӯсташ ба мусобиқаи панкратион рафт. Дар он замон дар даста вазни яке болиғ ба 77 кило нашуд, бинобар ин аз Алиев хоҳиш шуд, то ба ҷойи ӯ вориди сабқат шавад. Ҳамин тариқ Нурулло Алиев дар разм ширкат кард ва қаҳрамони кишвар шуд.
Президенти Федератсияи панкратион Восеъ Юсупов зарфияти ин ҷавонро дарк кард ва пешниҳод намуд, ки ӯ дар қаҳрамонии Осиё қувва озмояд. Пас аз яку ним моҳи тамрин Нурулло натиҷаи пирӯзиоварро ба намоиш гузошт.
Дигаре аз марҳалаи муҳими зиндагии ин размикори тоҷик роҳ додани яке аз қаҳрамонҳои ҷаҳонӣ ба марҳалаи ниҳоии сабқат буд. Пас аз ин шикаст Нурулло тамринро ҷиддӣ гирифт ва назди худ ҳадаф гузошт – бояд соҳиби медали тило шуд.
«Агар ҳадаф бошад, онро дар амал татбиқ кардан мумкин аст”, - мегӯяд Нурулло Алиев.
Падари Нурулло Алиев зидди машғул шудани ӯ ба ҷангҳои таркибӣ буд. Вақте ки дар соли 2009 аввалин Қаҳрамонии ҳунарҳои размии таркибӣ дар кишвар баргузор шуд, яке аз бародарони Нурулло Алишер Алиев дар он ҷойи аввалро гирифт. Аммо падараш замоне ки дар меҳмонӣ буд, аз тариқи телевизион аз ин пирӯзии писараш хабар ёфт. Бинобар ин ӯ чун ба хона баргашт, машғулият ба ин навъи варзишро барои писаронаш мамнуъ кард, аммо Нурулло, қаҳрамони оянда пинҳонӣ аз падараш бо баҳонаи ин ки дарси иловагӣ мегирад, тамрин дар ин бахшро идома дод.
Ҳамин тариқ Нурулло Алиев соли 2017 қаҳрамони панкратион ҷаҳон шуд. Дар моҳи феврали соли 2017 бошад, дар “World Youth MMA Championships” дар ванзи миёна ҷойи аввалро гирифт. Чаҳоруми марти соли 2018 ин қаҳрамони тоҷик бар Сергей Маликов ва моҳи майи ҳамон сол бар Расул Маҳмадбеков, қаҳрамони грэплинги ҷаҳон пирӯз шуд.
Ӯ дар 23 сентябри соли 2018 қаҳрамони Лигаи “Battle on Volga” дар вазни сабук шуд, зеро Артур Зайнуков, як дастпарвари Абдулманап Нурмуҳаммадовро мағлуб кард. Пас аз ин ғалаба вай ба Ватан баргашт ва ҷиддӣ ба тамрин шуруъ намуд. Дар моҳи ноябри соли 2018 бошад, қаҳрамони панкратиони ҷаҳон шуд. Ин қаҳрамони тоҷик моҳи август соли 2019 Рамазон Амировро дар “Gorilla Fighting Championship”, 24 декабр соли 2020 Александр Гребнёвро дар “Fight Nights Global: Winter Cup” шикаст дод.
Дар зинми баргузории сабқат ба хотираи Абдулманап Нурмуҳаммадов дар 17 сентябри соли 2021 вай бо Кирилл Крюков вориди майдони разм шуд, ки ӯро низ шикаст дод. Акнун қарор аст, Нуррулло Алиев дар он бари уқёнус вориди майдони разм шавад, ки барои ӯ барор мехоҳем.
"Тоҷикони Амрико"
.