ДОКТОРИ ТОҶИКИ МУҚИМИ АМРИКО
-
Назарҳо: 227

Иброҳим Рустамов хатмкардаи донишгоҳҳои бонуфузи ИМА, яке аз ташкилдиҳандагони “Википедия”-и тоҷикӣ аст. Ӯ зодаи Тоҷикистон буда, айни ҳол дар ИМА кору зандагӣ мекунад. Иброҳим Рустамов имсол рисолаи докториашро дар Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ ҳимоя кард.
Ӯ маълумоти олии якумро дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, дар риштаи забонҳои англисӣ ва форсӣ гирифта, онро соли 2002 бо дипломи аъло хатм кардааст. Вале пас аз хатми донишгоҳ имкони ҳамон ҷо истода кор карданро намеёбад. Ҳатто ба шуъбаи аспирантура ҳам дохил шуда наметавонад. Маҳз ноадолатиҳо роҳи наверо дар зиндагии ӯ боз кард.
Ӯ чанд муддат дар мактабҳои шаҳри Исфара ба ҳайси муаллими забони англисӣ кор мекунад. Соли 2004 ба ташкилоти байналмиллалии “Релиф Интернешнл” (Relief International), ки бо кӯмаки Ҳукумати ИМА дар як мактаби Исфара маркази омӯзиши интернет боз карда буд, ҳамчун муаллим-тренер ба кор қабул мешавад.
Ӯ то соли 2007 дар ин марказ бо хонандагон ва омӯзгорон кор мекунад ва моҳи марти ҳамон сол бо пешниҳоди сафорати ИМА бори аввал ба Амрико сафар мекунад.
“Ин сафари корӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии омӯзгорони забони англисӣ “TESOL – 2007” буд, ки дар шаҳри Сиетл мегузашт. Аз замони шуруи кор дар вазифаи омӯзгори забони англисӣ саъю кӯшиш мекардам, ки бо истифода аз фанновариҳои муосир дарс гӯям ва дар конфронсҳо ва чорабиниҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок кунам” , - гуфтааст ӯ дар суҳбат бо “Your tj”.
Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ Иброҳим солҳои 2004-2005 ҳамроҳи шогирдонаш ба саҳифаи тоҷикии “Википедиа” (Донишнома) дар тарҷума ва эҷоди мақолаҳо кӯмак мекард. Он замон “Википедиа” бо забони тоҷикӣ камтар аз 50 саҳифаи нопурра дошт, ки аз суӣ роботҳо ва ё корбарони сабтиномнакарда эҷод шуда буданд.
“Ҳамин тавр, бо шогирдон хеле саҳифаҳои илмии википедиаи англисиро кӯтоҳ ва бо забони тоҷикӣ тарҷума карда, саҳифаҳои нав эҷод мекардем. Бо ин роҳ боз забони англисиро хубтар меомӯхтем ва дар як вақт ба рушди саҳифаи тоҷикии “Википедиа” саҳмгузор будем”,- ёди рӯзҳои гузашта кард Иброҳим дар суҳбат бо “Your tj”.
Соли 2007 созмони байналмилалии “Релиф Интернешл” саъйю кӯшиши ӯро ба назар гирифта, ба вазифаи ҳамоҳангсози барномаҳои таълимӣ ба дафтари марказияш дар Душанбе даъваташ мекунад. Маҳз дар ҳамин давра ӯ роҳҳои нави муваффақиятҳояшро кашф мекунад.
“Аз соли 2007 то 2009 дар Душанбе кор кардам ва тобистони 2009 бо барномаи “Эдмунд Маск”-и Ҳукумати Амрико, ки имкони таҳсил дар магистратураро фароҳам мекард, ба Донишгоҳи Ҳардварди иёлати Коннектикут омадам ва онро тобистони соли 2011 хатм карда, ба Тоҷикистон омадам”,- хотироташро варақ зад Иброҳим.
Дар Ватан чанд муддат ҷойи кори муносибе пайдо намекунад ва ахиран моҳи сентябри соли 2011 ба ташкилотии байналмиллалӣ ғайридавлатии IREX ба ҳайси ҳамоҳансози барномаҳои таълимӣ ба кор қабул мешавад.
Ӯ дар ин вазифа то тобистони 2015 кор мекунад. Ҳамон сол якбора ба шуъбаи докторантураи чанд донишгоҳи амрикоӣ ва бритониёӣ, ба мисли Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ (Western Michigan University), Донишгоҳи Пенсилвания (University of Pennsylvania), Коллеҷи донишгоҳии Лондон (University College London) қабул мешавад.
Фикри идомаи таҳсил дар зинаи докторӣ замони фаъолият дар дафтари ташкилоти ғайритиҷоратии байналмиллалии IREX дар Душанбе ба сари ҳамсуҳбати мо меояд. Он вақт ӯ бо донишҷӯёни тоҷик ва пажуҳишгарони амрикоӣ кор мекард.
Пас чанд соли таҷрибаи корӣ бо олимони амрикоӣ дар IREX ва ҳамкорон аз кишварҳои Осиёи Миёна Иброҳим Рустамов мисли онҳо ба таҳсили докторӣ рафта, бо интихоби мавзуи муносиб ба таҳсили қаблиаш дар магистратура ва таҷрибаи кориаш таҳсил дар зинаи докторантураро дар Амрико давом медиҳад.
Пас аз хатми дарсҳо ба имтиҳони номзадӣ роҳ ёфта, бо муваффақият ба омода ва пешкаш кардани лоиҳаи кори илмиам ба кумитаи докторӣ роҳ ёфтам. Бо роҳбари илмиам саволҳо ва абзорҳои корро таҳия намуда, назди кумита пешниҳод карда, ба номзадӣ гузаштам ва ба кори илмиаам шуруъ кардам, гуфтааст ӯ.
Мавзуи рисолаи докторӣ: “Баррасии раванди таҳия ва пешкаши барномаҳои пасаздипломии навоварона ба донишомӯзони калонсол дар яке аз донишгоҳҳои давлатии минтақаи Миёнағарбии Иёлоти Муттаҳида буд”,- гуфтааст ӯ.
Мавсуф рисолаи докториашро бо интихоби ду барномаи навоваронаи магистрӣ ва омӯзиши раванди таҳияву пешниҳоди онҳо омода мекунад.
“Мавзӯи рисолаи ман яке аз роҳҳои ҳал ва ислоҳи макотиби олӣ дар Амрико мебошад, ки ҳамасола ҳазорҳо нафар дохил шуда, аз сабаби гаронӣ, нарасидани вақт ва вазъи оилавӣ хатм карда наметавонанд. Рисолаи докториамро 12-уми май ҳимоя кардам”,- гуфт бо ифтихор Иброҳим Рустамов.
Оқои Иброҳимов дубора ёди солҳои донишҷӯйӣ дар Тоҷикистон ва кӯшишҳои бесамари корҷӯӣ дар Ватан кард. Ӯ дар давраҳои тилоиаш ҳам дар Исфара ба кӯдакон ройгон дарси забони англисӣ мегуфтааст.
Ҳатто дар якҷоягӣ бо онҳо маҳфили шунавандагони радио ҳам ташкил кардааст, ки забонҳои гуногунро тавассути радио меомӯхтаанд.
Ба гуфтаи ӯ, аз се донишгоҳи таҳсилкардааш танҳо дар аввалааш азобу мушкилиҳоро дидааст ва маблағи зиёдеро талаб кардаанд.
Дар ду донишгоҳи амрикоӣ, ки Иброҳим Рустамов зинаи магистрӣ ва докториашро гузаштааст, ҳама ройгон ва бемушкилӣ будаанд, дар ҳоле ки Амрико гаронтарин системаи таҳсилоти олии дунёро дорад.
“Магистратура ва докторантура агар расман гирем, ин ҷо барои хориҷиён гаронтар аст. Танҳо маблағи таҳсил дар маҷмуъ ним миллион доллар аст”,- таъкид кард ҳамсуҳбати мо.
Феълан ин марди донишманди тоҷик дар Амрико кору фаъолият мекунад.
Ин матлаб аз “Your tj” таҳия шудааст.