Фарҳанги роҳбарӣ

Назарҳо: 191

Бо сабаби дурудароз будани ҳикояҳои "Дар Сафорати Амрико ва берун аз он"ро ба чанд қисмат ҷудо намудем.

Бо ду сардор:ҷаноби Ҷеймс Баунер ва хонум Элизабет Ҳорст барои ман кор кардан ниҳоят осон буд. Ҷаноби Баунер аввали солҳои 2000-ум ҳамчун муовини сафир ба кор омад. Ба ӯ наздик ҳам набудам ва бо ӯ ман ба маъмурият ҳам нарафтаам, вале аз беҳтарин роҳбарон буд. Ӯ аз салому алейк ва ҳарфҳои аввалинамон мефаҳмид, ки мо чӣ мехоҳем. Сухан бисёр намегуфт (аслан, ҳамаи сардоронамон камгап буданд ва агар маҷлис бист дақиқа бошад, бист дақиқа идома мекард), зуд ба ҳама кормандон унс гирифт ва бо мо мисли шиноси қадрдони кӯҳна муносибат дошт. Ҳамеша хайрхоҳи кормандон буд ва камтарин дастовард аз назараш намеафтиду баъзан аз камбудҳои мо чашм мепӯшид. Дигар роҳбари монанди оқои Баунер хонум Элизабет Ҳорст буд, ки соли 2006 ҳамчун аввалин сардори шӯъбаи мо ба Тоҷикистон омад. Ӯ ҳамеша бо чеҳраи кушод бо мо суҳбат меорост ва ягон бор дар кайфияти ноҷураш надидам. Рӯзе гуфтам, киЭлизабет, ман мехоҳам дар ягон сафоратхонаи Амрико дар кишвари исломӣ таҷриба омӯзам. Посухам дод: «Фикри хуб, лекин ваъда намедиҳам ва мекӯшам, ба ин пешниҳоди шумо посухи мусбат пайдо кунам.»Ман аз хоҳиши худ фаромӯш карда будам, аммо Элизабет - не. Тахмин моҳи августи соли 2006 хонум ба ман гуфт, ки Муҳибуллоҳ, агар хоҳед, барои таҷрибаомӯзӣ ба мамлакати аксари аҳолиаш мусалмон Бангладеш, ки дар он ҷо охири ҳамин сол интихобот мешавад, мефиристем. Ман бо мамнуният ин пешниҳодро пазируфтам ва тирамоҳи ҳамон сол ба ин кишвар барои таҷрибаомӯзӣ рафтам ва дар омади гап ҳаминро мегӯям, киТоҷикистонро ба кишвари пешрафта табдил додан имкон дорад. Тасаввур кунед, ки ҳудуди Бангладеш аз Тоҷикистон андак бузургтар, саҳеҳтараш, андак васеътар, аммо аҳолиаш зиёда аз 160 миллион ва аз нуфуси мо бист (!) баробар зиёд аст. Ман ягон бор надидам, ки сардоре дарсафорат ваъда карда бошаду иҷро не. Яъне, роҳбари амрикоӣ беҳуда ваъда намедиҳад ва агар диҳад, ҳатман иҷро мекунад. Ин сухан ба сатҳи баландтар ҳам дахл дорад. Хислати дигари роҳбарони амрикоӣ он буд, ки ҳар чӣ мо мегуфтем, бовар мекарданд ва махсусан, ба реҷа ё ҷадвали замонии маъмурияташон дар вилояту ноҳияҳо ҳамеша пойбанд мемонданд, бинобарин ман ҳам мекӯшидам ҳама шароитро ба инобат гирифта, реҷаи маъмурияти амрикоиҳоро таҳия созам, вале боре чунин шуд, ки ман ҷойи худ надидаву нарафтаамро ба реҷаи сафари сафир ба шаҳри Панҷакент тайёр намудам ва боби зер аз ҳамин чиз нақл мекунад.

Чаро аз ҳафт кӯл чорашро дидем?

Дар канори кӯли чоруми Ҳафткӯл бо сафир Роберт Финн

Августи 2000 - ум буд. Сафири ҳамонвақта Роберт Финн,марди болобаланди ҳамеша сурхина, гуфт, ки ба шаҳри Панҷакент мақсади рафтан дорад ва барояш тарҳи сафарро омода созам, яъне, бо кӣ ва аз куҷо дидан карданашро мебоист тайёр кунам. Нақша ба анҷом расид ва назди сафир даромадам ва дар рӯзи якум пас аз вохӯрӣ бо роҳбари ноҳия тамошои Ҳафткӯлро дар нақша гузоштам. Ростӣ, ман худам ҳам ин кӯли афсонавиро надида будам ва мехостам бо як тир ду нишон занам.
Сафир ба тарҳ эроде нагирифт.
Мо ба шаҳри бостонии Панҷакент расидем ва пас аз мулоқот бо раиси шаҳр ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки нафареаз кормандони ҳукуматаш ба мо чун роҳбалад мерафт, хубтар мешуд, зеро мо роҳи кӯлро намедонем. Бо мо мудири шӯъбаи фарҳанг ҳамроҳ шуд.
Мувофиқи тарҳи ман тартибдода соати 14: 00 ба роҳи ҷониби Ҳафткӯл афтодем. Дар тарҳ навишта будам, ки ним соат барои роҳ ва аз 14: 30 то 16: 30 тамошои ҳамаи ҳафт кӯл ва соати 16: 30 ва соати 17: 00 бозгашт ба шаҳр ва соати 18: 00 мулоқот ва ғизои шом бо сарвари кони тилои “Таррор”.
Мо дар ду ҷип сӯи кӯл раҳсипор шудем. Ним соат гузашт, вале ба он нарасидем. Оҳиста аз мудири шӯъбаи фарҳанг пурсидам, ки кай мерасем. Гуфт, ки намедонад. Дар ҳайрат задам ва боз суоламро такрор кардам, ки чанд километри дигар то Ҳафткӯл монда. Посухам дод, ки ӯ ба кӯл нарафтааст ва фосилаи роҳи мондаро намедонад, ки чанд километр аст. Гуфтам, охир, мо аз раиси шаҳр роҳбалад пурсида будем...
Сафир як ба варақе, ки дар он ман тарҳи сафарашро кашида будам, нигаристу баъд аз ман пурсид, ки кай мерасем. Дар оҳанги суолаш маънои онро дошт, ки ту дар ин ҷо роҳи кӯлро ним соат навиштаӣ, вале чил дақиқа гузашту ҳанӯз кӯл наменамояд.
Як нуктаро бояд таъкид кунам, ки бо ҳамаи амрикоиҳое, ки ҳамроҳашон сафар доштам, ба ҳамон тарҳи сафар ҳамеша пойбанд мемонданд ва он нақша гӯё, қонун буду аз он мекӯшиданд, берун нараванд...
Ҳамин тавр, пас аз як соат ба кӯл расидем. Роҳаш хеле танг ва вазнин буд ва бовар дорам, агар таъмир нашуда бошад, ба ғайр аз ҷип дигар мошин ба он ҷо рафта наметавонад.
Чизи дигари боиси хавотири сафир шуда, ин тангии роҳи морпечи лаб – лаби кӯл буд, ки ба он як мошин базӯр меғунчид. Дар баъзе ҷойҳо ҳатто оинаи канори мошин ба шахи сари роҳ расам – нарасам мешуд. Ин чизро дида, сафир андак асабонӣ шуда, аз ман пурсид:“Муҳибуллоҳ, агар аз пеш ягон мошин ояд, чӣ кор мекунем?”Ба ҷойи ҷавоб як масалро овардам, ки ду бӯз дар пул рӯбарӯи ҳам омадаанд ва дуяшон ҳам намехостанд ба якдигар роҳ диҳанд... Сафир гуфт, ки бӯзҳоро як тараф гузоред ва гӯед, ки агар мошине аз пеш барояд, чи кор мекунем. Воқеан, ягон илоҷи паснокӣ рафтан ба мошини мо набуд, чунки ба пеш рафтан худ аз ронанда маҳорату таҷрибаи зиёд тақозо дошт. Роҳи морпеч аз канори кӯл ба боло мерафт ва он масофае, ки чашм фаро мегирифт, нигаристам; мошине наменамуд. Бинобарин ба сафир гуфтам, ки дар тамоми роҳ ягона нақлиёт аз мост ва осуда бошед; аз пеш мошине намеояд.
Сафир ором ва ба тамошои кӯли якум, ки афсонавӣ менамуд, машғул шуд. Ман оҳиста ба соати мошин нигаристам; қариб чор шуда, аммо мо танҳо аз кӯли якум ба дувум мегузаштем. Худ ба худ меандешидам, ки агар барои дидани як кӯл як соат вақт рафта бошад, то ба кӯли ҳафтум расидан боз шаш соати дигар вақт даркор аст...
Яъне, то ба кӯли ҳафтум расидан соат аз даҳи шаб мегузарад. Ҳоло дар рӯзи равшан мо аз ин роҳи танг бо мушкилӣ пеш меравем, пас шабона мо чӣ тавр ҳаракат мекунем.
Ниҳоят ба сафир гуфтам, ки агар ҳа гӯяд, бармегардем.
Сафир бо табассум ба ман нигарист ва гуфт, ки на, дар реҷае, ки шумо бароям пешниҳод кардаед, мо бояд ҳафт кӯлро тамошо кунем.
Таъкид кардам, ки то ба ҳафтум расидан соатҳои зиёд масраф мешавад. Вале ҷаноби Финн ҳамоно азми дидани кӯли ҳафтумро дошт.
Дар пеш кӯҳҳои сарбафалак буданд ва соат аз чор гузашта буд, ки офтоб паси шонаҳои кӯҳ фурӯ рафт. Дар назарам намуд, ки баъди як соат шаб мешавад. Аз ҷониби дигар ҳатто агар сафир барои қатъ кардани тамошо розӣ мешуд ҳам, боз як масъалаи ҷиддӣ халал мерасонид; барои мошинҳои мо роҳи васеъ ё майдоне даркор буд, ки бемалол баргардад.
Ба кӯли чорум расида будем, ки соат панҷ шуд.
Лекин зебоии кӯли чорум, ки дар сояи кӯҳ ранги бунафш гирифта буд, маҷбур кард, мо ҳама чизро фаромӯш созем. Вале аз ҳама хурсандиовар он, ки дар ин ҷо майдончае буд, ки барои ба қафо тоб хӯрдани ҷип имконият медод. Ба сафир гуфтам, ки ин ҷойи хуби тамошост ва фурсате дам гирем. Розӣ шуд. Ва ман нақшаи чӣ тавр баргаштанро дар сар мегардонидам. Ва ёфтам. Назди ронандаи мошини сафир рафтам ва гуфтам, ки медонӣ, чанд соати дигар даркор аст, ки мову ту ба кӯли ҳафтум бирасем. Гуфт, тахмин мезанам. Пас мо бояд баргардем. Ҷаноб ба пешниҳоди ман розӣ нест ва мехоҳад тамоми кӯлҳорро тамошо кунад, бинобарин агар тӯ бигӯйӣ, ки монда шудам, розӣ мешавад. Ҳамин тавр, ман ба сафир фаҳмондам, ки ронанда монда шудааст ва ҳам метарсад, ки мабодо ягон қисми мошин ин ҷо нашиканад, аз ин сабаб агар розӣ бошед, тамошои се кӯли дигарро ба сафари оянда во гузорем.
Ҷаноби Финн розӣ шуд, ки баргардем ва аз хурсандӣ гуфтам, ки ҳамроҳ аксе бигирем. Ва ин акс дар канори кӯли чоруми Ҳафтгӯл августи 2000-ум бардошта шудааст.
Ҳар замон ба он менигарам ва меандешам, ки он чӣ ки худ надидаӣ ва он ҷойе, ки нарафтаӣ, ба дигаре тавсия накун, аммо ба онҳое, ки мақсади ба Амрико рафтан доранд, чанд маслиҳат дода метавонам, зеро дар ин кор таҷриба дорам.

(Давом дорад)