Фарбеҳони камбағалу сарватмандони хароб

Назарҳо: 160

Инсони пурхӯрғолибан сергӯшт мешавад, аммо баъзан фарбеҳӣ аз хӯрдан неву ирсӣ ҳам буда метавонад, яъне, агар падар ё модар чунин бошанд, насли ӯ ҳам сергӯшт мешавад ва ин чоқӣ хатар ба саломатӣ камтар дорад.   Вале наметавон фарбеҳии миллати амрикоиён, ки чоқтарин халқи ҷаҳонанд, ирсӣ номид.   Вақте ба Амрико сафар мекунед, аввалин манзараи ғайримуқаррарие, ки дарфурудгоҳ мебинед, ин бисёр будани одамони катта - катта.   Барои он ки гаштугузори фарбеҳҳо дар фурудгоҳ осон шавад, барояшон аробачаҳои махсус, ки бо нерӯи барқ кор мекунад, ба хидмат гузоштаанд ва онҳо аз нуқтаи А ба Б аробачасавор мераванд.   Бисёр манзараи аҷиб! Баъзан мебинед, ки амрикоӣ дар аробача ба душворӣ ғунҷидаасту ҷилди гӯштдораш овезон… Гап дар сари он ки фурудгоҳҳои шаҳрҳои бузург хеле калонанд ва барои аз як бино ба дигараш рафтан, масалан, дар Франкфурти лаби Майни Олмон ҳатто метро ва автобус ташкил кардаанд ва масоҳати чунин фурудгоҳҳо аз Душанбе васеътаранд ва дар ҳақиқат, агар чунин аробачаҳо набошанд, одамони фарбеҳ барои ҳаракат кардан аз ин сӯ ба он сӯи фурудгоҳ азоб мекашанд.   Як хислати миллати амрикоӣ дар он аст, ки онҳо бе оро (статистика) зистан наметавонанд; ҳама чизи хӯрдаву харида, қарз, издивоҷу талоқашон ва ғайраву ва ҳоказо ҳамеша дар зери ҳар гуна назарсанҷиҳову омор мебошад.   Мувофиқи яке аз чунин омор, шасту ҳашт дарсади мардуми ИМА аз меъёри миёнаи вазн болотаранд.   Аввалин омор дар ин хусус ба солҳои 60-ум асри гузашта рост меояд ва дар он замон «танҳо» 24, 3% аҳолӣ фарбеҳ будааст.   Дар Амрико аз вазни зиёди одамон пеш аз ҳама низомиҳо нигаронии худро изҳор намуданд, зеро соли 2006 расо 40% ҷавонон ва 25% духтарон (дар ИМА духтарону занон баробари мардон ҳуқуқи дар сафи низомиён хидмат карданро доранд) ба меъёрҳое, барои сарбозӣ муайян шудааст, аз сабаби зиёд будани вазнашон аз хидмати ҳарбӣ маҳрум гардида буданд.   Талаботи одамони сергӯшт, ки ҳиссаи онҳо дар ҷамъияти амрикоӣ торафт меафзояд, ширкатҳо ва муассисаҳо ба инобат мегирифтагӣ шудаанд.   Масалан, аз сабаби он ки аз дарвозаи супермакетҳо фарбеҳон гузашта наметавонистаанд, мувофиқи дархосташон дарҳои марказҳои бузурги савдо васеътар шудаанд.   Ҳатто ширкатҳое, ки маросими дафнро ба ӯҳда доранд, акнун тобутҳое месозанд, ки то 500 кг вазнро бардошта тавонанд.   Байторҳо ҳам ба дод омадаанд, ки аз ним зиёди гурбаҳои мардум (амрикоиҳо зиёда аз 200 миллион сагу гурбаро дар хонаашон парвариш доранд) аз меъёр зиёд чоқ шудаанд.  

Имрӯз амрикоии миёна назар ба амрикоии соли 80-ум понздаҳ кило вазнинтар шудааст!На танҳо калонсолон, балки бачаҳо ҳам ба фарбеҳӣ моиланд.   Дар иёлати Миссисипи 44,4% бачаҳои аз 10 то 17-сола аз меъёри миёнаи вазн фарбеҳтаранд.   Чи хеле гуфтем, инсон асосан аз истеъмол гӯшт мегирад ва амрикоиҳо баробари сахт заҳматкаш будан дар хӯрдан ҳам пешқадаманд.   Дар таркиби хӯроки онҳо танҳо 10 дарсад сабзавоту мева, дигар ҳам таъомҳои бомаззаи серғизо (калориядор), ба монанди ҳамбургер, чизбургер, питса, картошкабирён (чипси) мебошад.   Шояд хӯро будани амрикоиҳоро ба ҳисоб гирифта, силсилаи тарабхонаҳои ҳашт ва ё даҳдоллара фаъолият доранд, ки мизоҷ метавонад як бор даҳ доллар супорида, чӣ қадаре хоҳад ва ё чанд боре ки хоҳад, ҳамон қадар тановул кунад.   Дар чунин хӯришхонаҳо бештар одамони фарбеҳ муштарианд.  

Агар 50 сол пеш ҳамбургер дар фастфудҳои (ин калимаро ман «хӯроки сари роҳ» тарҷума кардам, лекин айнан: «аҷалахӯрок»ё «саросемахӯрок» аст) Макдоналдз ҳамагӣ 60 грамм бошад, имрӯз250 граммшудааст.   Шояд, яқинтараш бояд аз ҳамин сабаб, амрикоиҳо дар «мусобиқа»-и ғайрирасмии фарбеҳон дар ҷаҳон дар ҷойи авваланд ва, ба хаёлам, дар ин солҳои наздик ин пешқадамиро ба ягон кишвари дигар доданӣ ҳам нестанд.   Ана, якчанд чоқҳои амрикоӣ, ки номи худро «бо оби тилло» дар рӯйхати пешоҳангони пургӯшттарин одамони рӯи Замин навиштаанд: Ҷон Броуэр Миннок аз иёлати  Вошингтон, вазнаш 630 кг,

Волтер Ҳадсон аз Ню Йорк 570 кг ва хонум Кэрол Йегер аз иёлати Мичиган 747 кг (менависам, вале бовар надорам), ки вазнинтаринзани ҷаҳон буд.

Вақте хонум Йегерро ба беморхона бурданд, аз дари хонааш бароварда нашуд ва девори хонаашро … афтонда, ӯро аз манзилаш берун кашиданд.    Аммо Ҷессика Леонарди 7-сола ба хаёлам дар оянда аз хонум Йегер ҳам мегузаронад, зеро вазнаш аллакай аз 200 кило болотар рафта.   Барои он ки бовар кунед, сураташро бароятон пешниҳод мекунам.  

Ин «духтарча» ҳар рӯз хӯроки 10 бачаро мехӯрдааст.

 «Агар кам диҳам, духтарам гиря мекунад.»- мегӯяд модараш.   Шояд духтарча ҳам аллакай ҳуқуқашро шинохта бошад? Ба фикрам, аз ҳама вазнинтарин шахси калонсоли кишвари мо баробари ин духтарча (бале, ҳафтсоларо «духтарча» мегӯянд) вазн надорад!Ба ҳар ҳол ман, ки тамоми ноҳияи ватанамро дидаам, чунин фарди тахмин 200 кило вазндоштаро рӯбарӯ нашудам.   Ва ё бошанд ҳам, аз хона намебароянд.   Чаро?Барои он ки фарҳанги мо хеле ва хеле коҳидааст.   Он бечораи тахмин 200 кг вазндошта ба кӯча барояд, саддарсад бовар дорам, сирки бепул барои бачаҳо ва калонсолон сар мешавад.   Зане ӯро аз роғи дар дида, гиребони курта мегирад, кӯдакон аз пасаш қиву чивкунон мераванд…

Чун миллати амрикоӣ фарбеҳ шудан гирифт, ба ҷустуҷӯи гунаҳгор оғозиданд ва ниҳоят аввалҳои солҳои 2000-ум гунаҳкорро ёфтанд; соҳибони ҳамин хӯрокҳои болаззати сабуки арзони сари роҳ -Макдоналдс барои фарбеҳ шудани одамон гунаҳгор будааст.   Ва сар шуд шикояти муштариёни фарбеҳ ба додгоҳ, вале Конгресс Қонун дар бораи ғизо қабул кард, ки мувофиқи он худи муштариён гунаҳкоранд, на ширкатҳо.   Яъне, агар хоҳед, ки фарбеҳ нашавед, ин гуна хӯрокҳоро нахӯред.  

Мубориза бар зидди чоқӣ ба як маъракаи умумимиллӣ табдил шудааст.   Агар як корхона хӯрдани чизбургеру ҳамбургерро дар ҳудудаш манъ карда бошад, дигареба он кормандонаш, ки дар давоми сол фарбеҳ намешаванд, 500 доллар мукофот таъин кардааст, яъне, коргаре, ки дар аввали сол 70 кило вазн дошт, дар охири сол ӯ хароб шавад ва ё ақаллан дар вазни 70 кило бимонад, мукофоти пулиро соҳиб мешавад.   Албатта, ин далелу санад барои мову шумо хандаовар ҳам менамояд, вале барои амрикоиҳо фоҷиабор аст.   Дар як сол танҳо аз фарбеҳӣ 300 000 амрикоӣ мемирад.   Ҳукумат танҳо барои мубориза зидди чоқӣ солона 147 миллиард долларсарф мекунад ва зарари солонаи иқтисоди Амрико аз фарбеҳии коргарон ба 865 миллиард доллар расидааст! Тасаввур кунед, ин аз 200 буҷаи якҷояи солонаи Тоҷикистону Қирғизистон зиёдтар аст.                              

Ва шояд шутургурба ё парадокс ҳам бошад, ки амрикоиҳо дар қатори он миллатҳое ҳастанд, ки ғизоро аз ҳад зиёд исроф ҳам мекунанд ва маблағи исрофшудаи онҳо дар як сол ба ҳабдаҳ миллирд доллар мерасидааст, ки ин тахмин ҳашт баробари буҷаи як мамлакати хурд мебошад, аммо як нуктаи аҷибе ҳам гуфтаанд.

 

(Давом дорад)