ВОИЗИ ТАМАДДУНИ ПОРСӢ БАРОИ КӮДАКОН
-
Назарҳо: 157
Як ҷустори оддӣ дар интернет кофист, ки феҳрасте аз китобҳои кӯдаконаи Аноҳито Тамаддун бо тасовире ҷолиби ҳамзамон мутааллиқ ба қалами ӯ рӯйи сафҳаи интернетӣ ҷилвагар шавад. Бале, Аноҳито Тамаддун тоҷикдухтари муқими Амрико, ки бо нашри китобҳояш гӯшае аз тамаддуни тоҷикиро зинда нигоҳ медорад ва оромона онро бо ҷолибтарин шева дар дили атфол, насли ҷадиде, ки ояндасозии ҷаҳон ба он марбут аст, ҷо менамояд. Ӯ аз тариқи ин кутуб паёме аз як тамаддуни бузург ба атфоле медиҳад, ки дар ҷаҳони аввал ба сар мебаранд.
“Падарбузург ва модарбузурги ман”, “Хуришти қурмасабзии Дина”, “Бобои ман”, “Маънои Наврӯз”, “Ҳафтсини мо”, “Момони ман”, “Бародари ман”, “Ҷашни шаби ялдо” “Рақси наврӯзии Сурайё”, “Маликаи ҷангҷӯ”, “Фаридун ва шоҳи морон”, “Боғи духтари муҳоҷир” ва “Шаби ялдо” номгӯе аз китобҳои таълифкардаи ӯ дар Амрико барои кӯдакон ҳастанд. Аксари ин китобҳо, бешак, муаррифи тамаддуни форсу тоҷик барои атфоли ин кишвари бузург хоҳанд буд. Дар маҷмуъ, Аноҳито Тамаддун дар давоми 7 сол барои кӯдакон 11 китоб иншо кардааст, ки тасовири наққошишуда дар ин китобҳо низ моли худи ӯ мебошанд. Ин китобҳо бо забони форсию англисӣ дар интернет қобили дастрасиянд, вале мутассифона бо хатти сиррилик то ҳол ба табъ нарасидаанд.
Аноҳито Тамаддун дар Душанбе зода шуда ва дар дили Тоҷикистон ба воя расидааст. Ӯ аз дастпарварони мактаби бадеии ин шаҳр аст. Аммо идомаи таҳсил ин духтари кӯшои тоҷикро ба Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови Маскав, донишгоҳе машҳур дар ҷаҳон барои идомаи таҳсил бурдааст.
Ин хонуми тоҷик бо ёдоварӣ аз солҳои таҳсилаш дар мактаби бадеии шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Your TJ” гуфтааст, “он боргоҳ бо таълимоти классикии шӯравияш мактаби хубе буд, ки маро расмкашию композитсия ва моделсозӣ омӯхт. Баъдан ман дар маҷмуъ барои худам расм кашидам”.
Тавре гуфтем, ӯ барои идомаи таҳсил берун аз Тоҷикистон рафт ва донишҷӯи бахши филологияи Эрони Институти кишварҳои Осиё ва Африқои вобаста ба Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови Маскав шуд. Фурӯ рафтан ба жарфои таммадуну адабиёт ва забони ноби порсӣ ин порсозодаро ҳарчи бештар маҷзуб кард, ба ҳадде дили ӯро ба Шарқ ва ганҷинаи адабии он пайванд дод. Ин пайвандии ӯ дар улгӯгирияш аз ҷашну маросим ва адабиёти форсӣ зоҳир мешавад. Ба иборати дигар маҳз дар замонаи таҳсил дар Маскав буд, ки хонум Тамаддун ба баҳри адабиёти форсӣ фурӯ рафт ва аз ин ҷост, ки ба адабиёт ишқ баст ва то ҳол бо ин ишқ вафо кардааст.
Ин тоҷикдухтари ошиқ ба ниёкони миллаташ ташнагии илмро натавонист дар Маскав ҳам бишканад ва ба ин хотир рӯ ба Амрико овард. Барои таҳсил дар докторантура ба Донишгоҳи Калифорния дар Берклии Амрико рафт. Ӯ феълан аз бахши докторантураи шуъбаи мутолеоти Ховари Наздики Донишгоҳи Калифорния дар Берклӣ фориғ шудааст, аммо ба унвони мубаллиғи фарҳанги порсӣ дар он сӯйи уқёнус низ ба кораш идома медиҳад. Ӯ дар расмият бахшидани Наврӯз ба унвони як ҷашн дар Калифорнияи Амрико низ саҳми хешро гузоштааст.
Соли 2014 китоби “Маънои Наврӯз”-и ӯ ба табъ расид ва он сабаб шуд, ки Ҷашни Наврӯз дар Калифорнияи Амрико мақоми расмӣ бигирад. Ӯ дар суҳбат бо “Your Tj” дар ин бора мегӯяд: “Соли 2014, вақте китоби ман дар бораи Наврӯз ба нашр расид, аз идораи Адрин Назариён бо ман тамос гирифтанд. Ӯ узви Анҷумани иёлати Калифорния аст ва аз ноҳияи 46-ум намояндагӣ мекунад. Идораи ӯ теъдоди зарурии китоби маро аз тариқи торнамои “Амазон” харидорӣ карда буд ва маро ба ҷаласаи хосае дар Сакраменто даъват карданд”.
Ба қавли ӯ, дар ин ҷаласа Назариён талош мекард, то дигаронро мутақоид кунад, ки зарур аст, то Ҷашни Наврӯз мақоми расмӣ касб кунад. Оқои Назариён аз китоби “Маънои Наврӯз” ба унвони далел дар суханронияш истифода мекард. Ҳамин тариқ, ин талошҳои Назариён се сол тӯл мекашанд ва соли 2017 Ҷашни Наврӯз дар иёлати Калифорнияи Амрико мақоми расмӣ касб мекунад.
Зимнан бояд гуфт, на танҳо китоби марбут ба Наврӯзи ӯ, балки дигар ҷашнҳои бостонӣ ва тамаддуни порсигӯён, назири “Шаби ялдо”, “Рақси наврӯзии Сурайё”, “Фаридун ва шоҳи морон” ба унвони китобҳое аз ин муаллиф барои кӯдакон ҳастанд, дар муаррифӣ аз тамаддуни тоҷик менамоянд саҳм мегузоранд ва ба ҳадди худ ҳофизе ин тамаддун дар Амрико хоҳанд буд.
Дигаре аз ҷанбаҳои ҷолиб дар ин росто назари муаллиф ва интихоби хонанда аст. Муаллиф дар ҷиҳати сабабҳои барои атфол ихтиёри навиштан карданаш мегӯяд: “Ояндаи атфол дар пеш аст, системаи арзишҳои онҳо акнун такмил мешавад, пас, бояд онҳоро ғанӣ гардонд. Кор бо онҳо ҳамеша саргармкунанда аст. Ибтикору озодии зиёде дар муносибати онҳо бо равандҳои эҷодӣ нуҳуфтааст”.
Ин аст ҳадафи Аноҳито Тамаддун ва бад-ин қасд ҳамроҳ бо ҳамсару ду фарзандаш дар Сан-Франсискои Амрико дунболи эҷод аст.
"Тоҷикони Амрико"