Бозор Собир - шоире шӯрида
-
Назарҳо: 212

Бозор Собир аз шоирони матраҳи Тоҷикистон дар садаҳои 20 ва 21 аст. Ҳарчанд шоир дар 20 ноябри соли 1938 деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омад, аммо наврасии ӯ дар Ҳисор сипарӣ шуд. Зеро ӯ дар интернати Ҳисор тарбият гирифт ва соли 1962 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи Ленини Тоҷикистон шуд. Фаъолияти Бозор Собир аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуруъ шуд.
Муҳаққиқони адабиёт шеъри Бозор Собир, бахусус тасвири ӯро қавӣ ва бемисл арзёбӣ мекунанд. Аммо дар солҳои пасазҷангӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯйдодҳое ба вуқуъ пайвастанд, ки ба зиндагии шоирон беасар набуданд.
Даргузашти И. В. Сталин, котиби КМ ҲКИШ ва сари қудрат омадани Никита Хуршев дар солҳои 50-уми асри гузашта имкон дод, ки шоирону нависандагон ба матраҳ кардани масоили миллӣ аз тариқи назму наср рӯ оранд.
Ҳарчанд дар ин маврид адабиёт ва сарчамаҳои зиёде ҳастанд, ки шеваи тағйири сиёсатҳои Кремл дар он солҳоро мунъакис кардаанд, вориди ин баҳс шудан матлабро тӯлонитар хоҳад кард. Бинобар ин ёдоварӣ аз суҳбати Муъмин Қаноат, аз дигар шоирони матраҳи тоҷик бо телевизиони ВВС кофист, ки бигӯем, дар ибтидои солҳои 60-уми асри гузаш панҷаҳои оҳанин сензура нарматар шуданд. Марҳум дар мусоҳибаи ёдшуда бо ёдоварӣ аз он солҳо мегӯяд, маҳз тағйири сиёсатҳо дар он шабу рӯз имкон дод, ки ба гунаи эътироз ба сиёсати замон шеъри машҳураш дар бораи забонро иншо кунад.
Дар он айём Бозор Собир тоза ба адабиёт ворид шуда буд. Ӯ на танҳо дар ин марҳала вориди майдони адабиёт шуд, балки мавзӯотеро аз тариқи шеър матраҳ кард, ки бар шуҳрати ӯ дар миёни ҷомеа афзуд.
Дар ҳамин ҳол, Шарифмуроди Исрофилниё, профессори риштаи адабиёт дар Тоҷикистон ба ин назар аст, ки Бозор Собир дар ин марҳалла бар тарннуми эҳёи суннатҳои миллӣ пардохт. Оқои Исрофилниё дар саромади ин марҳала Мирзо Турсунзодаро қарор медиҳад ва шуарое мисли Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва Гулназар Келдиро идомадиҳандаи масири ӯ медонад.
Дар охири солҳои 70-ум ва аввли 80-уми асри гузашта маъруфияти Бозор Собир бештар шуд. Зеро дар ҳамон шабу рӯз ӯ шеъри “Забони Ватан”-ашро иншо кард. Дар ин шеъри ӯ метавон гуфт, таърихи тоҷикон ба гунаи мухтасар инъикос ёфтааст. Дар ин шеър таърихи тоҷикон, аз замони Доро то замони коммунистӣ тасвир ёфта, забони тоҷикӣ сарҳади тоҷик унвон шудааст. Ин дар ҳоле буд, ки ин гуна иддао мухолиф ба таърифи сталинии миллат буд. Вале бо вуҷуди ин Бозор Собир фаротар аз таърифи сталинии миллат рафт. Шеъри ӯ деворҳои идеологии коммунизмро шикофт ва ба дили мардум роҳ ёфт.
Салими Аюбзод, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик бо ёдоварӣ аз он солҳо боре навишта буд, ки чун он солҳо барои донишҷӯён гирифтани портфелҳои навъи “дипломат” мӯд мешуд ва барои як бахши онҳо гӯё ҳам фарз ва ҳам суннат буд, ки дар тарафи даруни сарпӯши он шеъри машҳури “Забони модарӣ”-и Бозор Собирро ширеш карда бошанд.
Дар авҷи шуҳрати Бозор Собир таҳаввули ҷиддие дар сиёсат - бозсозии горбачевӣ иттифоқ уфтод, ки майдони васееро дар ихтиёри шоир алайҳи нобаробарию беадолатии сиёсати замон қарор дод ва эътирози ӯ дар замина бештар садо дардод. Иттифоқ афтодани воқеоти Тифлис, пойтахти Гурҷистон афсӯсу ҷигархунии шоир аз сиёсати рӯзро бештар ба намоиш гузошт.
Моҳи апрели соли 1989 дар Тифлис тазоҳуроте рӯй дод, ки бештар рӯҳияи озодиву истиқлолталабӣ дошт. Гарчанде ба ин тазоҳурот абхазҳо боис гашта буданд, он боиси кушта шудани 21 ва захм бардоштани 290 нафар аз ҷамъият шуд. Ин ҳам бошад, дар натиҷаи муроҷиати Ҷумбер Патиашвилӣ, муншии аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Гурҷистон ба Борис Николский, котиби дувуми ҲКИШ барои фиристодани қӯшун дар ҷиҳати истеҳкоми ҳукумат ва рондани муътаризон сар зада буд. Яъне баъд аз вуруди низомиёни аз 4-ум полки қӯшунҳои пиёданизоми двизияи ба номи Дзержинский, полки қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва ОМОН-ҳои Воронежу Перм, 9 апрели соли 1989 фармони пароканда кардани муътаризин содир шуд, ки боис ба марги 21 тан аз тазоҳургарон ва зарари зиёди гурҷиҳо шуда буд. Ин саркӯби мардумӣ дар дигар гӯшаи Иттиҳоди Шӯравӣ Бозор Собирро ба дард овард, ки аз тариқи “Адабиёт ва санъат” гуфт:
Тифлиси азодор, ки ман аз дидаи пурнам,
Ашкат бифиристодаму ашкат бифиристам.
Доғе, ки туро он зи бурун карда сияҳпӯш,
Доғест, ки маро зи дарун карда сияҳпӯш.
Ҳич кас гумон надошт, ки ҳудуди як сол пас аз Тифлис Душанбе низ азодор мешавад. Ҳудуди як сол пас аз воқеоти Тифлис, дар моҳи феврали соли 1990 дар Душанбе ҳам хун рехт. Муҳаққиқон ба ин назаранд, ки ин воқеаҳо занҷираӣ буда, дар Тифлису Боку (январи 1990) ва Душанбе ҳалқаҳои як занҷир бурданд, ки онро КГБ-и шӯравӣ ба бозӣ медаровард. Дар воқеаҳои февралии соли 1990 дар Душанбе ҳам хун рехт, ки пас он ҷойгоҳи нерӯҳои мардумӣ дар ҷомеа тақвият шуд. Ин рӯйдоди шум, ки чанд рӯз қабл аз интихоботи парлумонӣ сурат гирифт, интизор мерафт, аз ҷойгоҳи нерӯҳои мардумӣ бикоҳад, аммо натиҷаи баръакс дод. Бар асари афзоиши нуфузу эътибори нерӯҳои мардумӣ намояндаҳои онҳо ба парлумон роҳ ёфтанд, яке аз эшон Бозор Собир буд. Аммо пас аз интихобот ҳам сиёҳнамоии нерӯҳои мардумӣ идома дошт. Дар ин зимн, тибқи баъзе манобеъ, гӯё алайҳи устод низ чанд нафаре аз ноҳияи Файзобод навиштанд, онҳо аз вакилашон норозиянд, ки бинобар ин ӯ аз вакилӣ дар парлумон истеъфо дод. Аммо бархе аз муҳаққиқони дигар ин истеъфои Бозор Собирро ба идомаи мухолифати ӯ алайҳи сиёсати шӯравӣ, бахусус дар зимни лашкаркашӣ ба Афғонистон рабт медиҳанд.
Дар ҳами ҳол Гулрухсор Сафиева ҳанӯз соли 2009 дар бораи мавзеъгириҳои Бозор Собир дар ҷиҳати талаби ҳаққи миллат дар суҳбат бо ВСС гуфта буд: “Ман он замон дар Маскав узви порлумони Шӯравӣ будам. Ман телефунӣ аз он чӣ дар Тоҷикистон мегузарад, хабар доштам. Медонистам, ки Бозор Собир гуруснанишинӣ эълом кард. Ҳарчанд истиқлол барои мо хоҳ-нохоҳ дода шуда буд, аммо мо истиқлоли худро мехостем - Тоҷикистони обод, озод, фарҳангӣ ва аз ҷиҳати сиёсат, маъориф пешрав”.
Ҳамин тариқ Бозор Собир, соли 1993, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, пас аз раҳоӣ аз зиндон Тоҷикистонро тарк кард. Аммо ҳеҷ гоҳе меҳри шоир аз Ватан канда набуда, зеро ӯ дар яке аз шеърҳои тарки Тоҷикистонро ва меҳри Ватанро ин тавр ба қалами тасвир кашида, ки бешак, гуфтаҳои болоро собит менамоянд:
Аз Ватан вақте ки мерафтам,
Субҳи бефайзаш намоён буд,
Бар сараш барфи нахустини зимистон буд.
Ин ки гуфтам дар ҷавонӣ мӯсафедам кард,
Дар ҷавонӣ мусафедаш карданд якбора дар як шаб,
Хуб пираш кардаанд якбора дар як шаб,
Субҳи бефайзе, ки ман бори сафар бастам,
Субҳи рӯи кӯдаконам буд,
Духтари ман ахтари ин субҳи содиқ буд.
Аз Ватан вақте ки мерафтам,
Ёдам аз ӯ дар фазо мерафт,
Додам аз ӯ дар ҳаво мерафт.
Гуфтам аз рӯи ҳаво хат мекашам рӯи Ватанро,
Баъд аз ин бигзор, бигзор,
Ман набинам рӯи ӯро,
Ӯ набинад рӯи манро,
Хостам дар шишаи танги ҳавопаймо ба ин маънӣ,
Хат кашам акнун,
Вале он шишаро нохост бӯсидам,
Чуни дилам мехост бӯсидам,
Бӯсаам дар шишаи танги ҳавопаймо намеғунҷид.
Аз Ватан рафтам,
Валекин дур рафтан аз Ватан имкон надорад,
Мекашад чун зодбуни меҳрубону меҳраш,
Гарчи бо ман меҳрубон кам буд,
Чун тавонам аз замини ҳамрагу ҳамхуни худ бигрехт?
Чун? Ки дар нофи заминаш хуни нофам рехт.
Аммо устод соли 2014 ба Ватан баргашт, вале дигар муқими Тоҷикистон набуд, дар Амрико ба сар мебурд. Дар ин зимн ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш бо хабаргузории “Азия плюс” гуфта буд, ки ӯ ранҷидааст ва раҷишаш боис шуда, ки дигар муқими Тоҷикистон нашавад.
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон ӯро ба Ватан даъват кард ва дар Қасри миллат бо ӯ дидор дошт. Бо вуҷуди ин устод боз ба Амрико баргашт ва ҳамон ҷо даргузашт. Аммо ҷанозаи ӯ ба Тоҷикистон мунтақил ва дар оромгоҳи Лучоб дафн шуд.
Дар даврони ахири умр шоир изҳори назарҳои баҳсие дар расонаҳо дошт, ки ба назари муҳаққиқон, ин ҳама бархоста аз шӯридагии ӯ буд.
"ТА"