Loading color scheme

Ҷопон ба Тоҷикистон ҳудуди 2,8 миллион доллар маблағ барои ваксина медиҳад

Назарҳо: 169

Ҷопон ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Зиндагӣ ва рушди барвақтии кӯдакон» ба Тоҷикистон тақрибан 2,8 миллион доллар барои  ваксинаи бемории сурхак ҷудо мекунад, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Интизор меравад, ки дар тӯли се сол ин тарҳ  наздик ба як миллион кӯдак дар 67 ноҳияву шаҳри Тоҷикистон тавассути харидории колоҳои зарурӣ кумаки мустақим расонад.
"Ваксинаҳое, ки аз ҷониби ин лоиҳа пешниҳод шудаанд, бешубҳа ба ҳаёти солими ҳамарӯзаи кӯдакон дар саросари кишвар мусоидат хоҳанд кард. Бовар дорам, ки ин лоиҳа кӯдаконро аз бемориҳои гуногуни сироятӣ эмин нигоҳ медорад. Ман хеле хушҳолам ва қайд мекунам, ки ҳукуматҳои ҳарду кишвар яксонанд. Шиори мо: «Хеч кас набояд беназорат намонад», — гуфт  сафири Япония дар Душанбе, Такаюки Миясита.
Бо пуштибонии ҳукумати Ҷопон дар панҷ соли ахир ЮНИСЕФ ба маблағи умумии 5 миллиону 350 ҳазор доллар доруворӣ, ваксина ва таҷҳизоти яхдон барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои маъмули кӯдакона харидорӣ ва ба Тоҷикистон интиқол додааст.

"ТА"