Тоҷикистон ҷаҳониёнро ба рушди энержии обӣ даъват мекунад
-
Назарҳо: 123
Дар ҷаҳон энержии обиро тараққӣ додан лозим аст. Дар ин бора дар конфронси СММ оид ба тағйири иқлим дар Глазго намояндагони Вазорати энержӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон изҳор доштанд.
Онҳо хотирнишон карданд, ки иқдимот барои густариши ин минтақа бояд дар дастури кори об ва ҳаво дохил карда шавад.
Вазорати энержии Тоҷикистон бартарии рушди энержии обӣ нисбат ба дигар манобеъи барқароршавандаи энержӣ таъкид кардааст. Ба гуфтаи онҳо, ин минтақа ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ мусоидат менамояд ва мушкилоти амнияти обро низ ҳал мекунад.
Масъулони энержии Тоҷикистон мегӯянд, кишварҳо бояд барои рушди нерӯи барқи обӣ маблағҳои бештарро ҷалб намоянд ва онро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ кунанд.
"Ин барои вокуниш ба чолишҳои энержӣ, муҳити зист ва оби марбут ба тағирёбии иқлим кумак хоҳад кард", — гуфтанд дар вазорати энержии Тоҷикистон.
Дар ин конфронс муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода суханронӣ намуд. Ба ӯ аъзои созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва дипломатҳои манфиатдор ба ҳалли ин масъала ҳамроҳ шуданд.
Рушди энержии обӣ дар сиёсати мақомоти Тоҷикистон яке аз ҷойгоҳҳои марказиро ишғол менамояд. Кариб 90 фоизи кувваи барқ дар Точикистон дар истгоҳҳои энержии обй ҳосил карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар ҷануби ҷумҳурӣ воқеъ мебошад.
"Тоҷикони Амрико"