Loading color scheme

Аҳмадзода Умедҷон Ҳикматуллоҳ - иқтисодчӣ, ҳуқушинос ва рӯзноманигори тоҷики муқими Амрико

Назарҳо: 237

PS. Ҳадафи мо аз нашри матолиб дар бораи шахсиятҳо, чеҳраҳои матраҳ ва тоҷиконе, ки дар Амрико умр ба сар бурдаанд, мебаранд ё кисман зиндагӣ кардаанд, муаррифии бештари онҳо ва инъикоси муваффақиятҳои тоҷикон дар ин сарзамин аст. Ҳамчунин ин маҷмуаи мақолот дар китобе низ мунташир хоҳад шуд. Бинобар ин кӯмак кунед, то дар бораи сабки зиндагии тоҷикони муваффақ ва хадамоти эшон барои Ватану миллат иттилои бештаре нашр шавад.
Бо мо бимонед, то бо ҳам бошем!

Аҳмадзода Умедҷон Ҳикматуллоҳ, яке аз дигар чеҳраи тоҷики муқим дар Амрикост, ки имрӯз, хонандаи азизи мо, аз тариқи торномаи “Тоҷикони Амриико” маълумоти мухтасаре дар робита ба кору фаъолияти ӯ дар гузашта дар Ватан ва имрӯз дар ИМА пешкаши Шумо менамоем.
Оқои Аҳмадзода барои мо ва қисмати зиёде аз хонандагони мо ошност. Ӯ дар зумраи ҳамватанонест, ки замоне, аз соли 2000-ум то 2017, тақрибан ҳар рӯз дар пардаи телевизион падидор мешуд ва барои бинандаи тоҷик аз ҷараёни воқеоти рӯз иттилоъ таҳия мекард.
Мавсуф якуми октябри соли 1979 ба дунё омадааст. Аҳмадзода Умедҷон Ҳикматуллоҳро барномаи “Гап-гап” машҳур кард. Ин барнома дар зумраи барномаҳои маъдуде аз барномаҳои телевизионии тафреҳӣ маҳсуб мешуд, ки писанди бинанда гашта буд ва ҳатто пахшу бозпахши онро мардум интизор мешуданд.
Аслан Аҳмадзода Умедҷон Ҳикматуллоҳ фориғ-ут-таҳсили риштаи ғайрирӯзноманигорист. Ӯ риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, донишгоҳи машҳури кишвар дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст. Гузашта аз ин пас аз хатми ин донишгоҳ аз Донишгоҳи словиянии Русия ва Тоҷикистон низ фориғ-ут-таҳсил шудааст. Агар Донишгоҳи давлатии миллӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистони ҳозира аз оқои Аҳмадзода як иқтисодчӣ омода кард, Донишгоҳи словянии Тоҷикистону Русия ба ӯ мадраки ҳуқуқшиносӣ дод. Бо ин вуҷуд телевизион, муҳимтарин дастгоҳи иттилоърасонӣ дар аввали садаи 21 дар Тоҷикистон аз ӯ ба унвони рӯзноманигоре муаррифӣ кард, ки тайи муддатзамони кутоҳе шуҳраи ҷомеаи кишвар шуд.
Фаъолияти минбаъдаи ӯ дар телевизион ва ҳамчунин афзоишу тағйири мақомҳояш дар ин дастгоҳи иттилоотӣ собит кард, ки мавсуф метавонад ба мисли як шахси коро ва рӯзноманигори тавоно барномаҳои мухталиферо дар шуъбаҳои гуногуни телевизион уҳда кунад ва аз ин тариқ дар ташаккули афкори умуми ҷамъият саҳим шавад. Ҳамин истеъдоди ӯ буд, ки ҳамчун шореҳи иқтисодӣ, масъулияти наздик ба риштаи таҳсилаш вориди телевизион шуд ва сипас дар бахшу шуъбаҳои мухталифи он ба фаъолият пардохт.

Соли 2000-ум Аҳмадзода Умедҷон Ҳикматуллоҳ ба унвони шореҳи иқтисодӣ Телевизиони Тоҷикистон роҳ ёфт. Баъдан ӯ дар идораҳои “Ахбор”, “Субҳ”-и “Шабакаи аввал”-и телевизиони кишвар фаъолият кард. Ӯ на танҳо дар “Шабакаи аввал” фаъолият кард, балки дар кори дигар шабакаҳои телевизионии кишвар низ саҳм гузошт. Ҳамин тариқ дар ТВ “Сафина” ба ҳайси муҳарриру наттоқи барномаи хабарии “Навид” фаъолият кард. Ҳамчунин ӯ замоне сармаҳарририи бахши хориҷии барномаи иттилоотии “Навид”-ро низ ба зимма дошт. Вай сармуҳаррири барномаҳои идораи ҷавонӣ ва варзиши телевизиони “Сафина” низ буд. Пас аз таъсиси ТВ “Варзиш” Умедҷон Аҳмадзода фаъолияти рӯзноманигорияшро ба унвони сармуҳаррири идораи иттилоотии “Хабар” ва наттоқи он дар шабакаи телевизионии мазкур идома дод.


Ҳиҷрат дар Тоҷикистон имрӯз як падидаи маъмулист, ки бештаре аз афроди касбу кори мухталиф ва ҳатто нафаронеро низ, ки аз тахассусе бархӯрдор нестанд, ҷазб карда. Ин ҳам, албатта, ба хотири дарёфти имкон ва даромади бештар барои фароҳам кардани шароити мусоиди оила дар Тоҷикистон аст. Дар чунин шароит, алабатта, ин раванд Умедҷонро низ шомил шуд ва мавҷи ҳиҷрат ӯро ба Амрико партофт, ки бар пояи амвоҷи иқтисодӣ тӯғён карда буд. Ҳамакнун ӯ дар Бруклини Ню-Йорки Амрико умр ба сар мебарад. Мавсуф мегӯяд, соли 2017 ба ҳадафи беҳтар кардани шароит зиндагӣ ва тарбияти атфолаш дар ин зимн ба ин ҷо ҳиҷрат кард.


Ин рӯзноманигори тоҷик дар суҳбат бо ТА гуфт, дар ҳиҷрат то ҳол шуғли мушаххасе надорад, гоҳе таксиронӣ ва соири корҳоро анҷом медиҳад, то маоше барои рӯзгор дар ИМА пайдо кунад. Ҳамчунин ӯ гуфт, ҳамзамон пайи иртиқои ҳирфаи рӯзноманигорӣ низ ҳаст, аммо на ба ҳадди зиёд.
Вай созмон додани маркази фарҳангие барои муаррифии бештари миллат дар Амрикоро низ ҳамроҳ бо дигар фарҳангиён дар барнома дорад. Ӯ дар суҳбат бо “Тоҷикони Амрико” таъсисии чунин як торномаро мувофиқ ба мақосиди фарҳангии эшон дар зимни муаррифии тоҷикони муқими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзёбӣ кард ва гуфт, аз ҳар иқдоме, ки дар ҷиҳати иттиҳоди миллат дар хориҷ ва муаррифии тоҷикону фарҳанги эшон пеш гирифта мешавад, истиқбол менамояд.

"Тоҷикони Амрико"