Муҳибуллоҳ Қурбон: Дар Сафорати Амрико ва берун аз он (силсилаҳикоя) Дарича
-
Назарҳо: 237
ХОНАНДАИ ГИРОМӢ,
Муаллиф дар Сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико солҳои зиёд ба сифати мушовири сиёсӣ фаъолият дошта, ҳикоятҳои хеле муассир, аҷоиб, фаромушнопазир ва гоҳе барои мову шумо ибратбахш дар бораи амрикоиҳо ва берун аз онро дар ин китоб гирд овардааст ва мо як пора аз онро такдим медорем, зеро чӣ тавре фармудаанд, мушк худ бибӯяд, на аттор бигӯяд:
«Фармондеҳ ба тарафи Ренни нигариста, гуфт: «Ҳо, кампирча, ту бовар дорй, ки пулатро бачаҳои мо гирифтаанд?»
Ман калимаи «кампирча»-ро партофта, таҳдидашро ба англисй баргардонидам.
"Ман намедонам, лекин ҳамёне, ки ним соат пеш ҳамроҳам буд, бо ман нест.» - изҳори норозигй кард, хонум.
Мехостам зани сафир дар мавзӯи ҳамён, умуман, дар бораи пул, ҳарфи дигаре нагӯяду аз ин моҷаро зудтар бираҳему биравем, зеро ҳамон моҳу рӯзҳо дар бораи муносибат бо хориҷихо дар минтақаҳои берун аз Душанбе ҳикоятҳои нохуш шунида будем.
Нохост фармондеҳ он ҷавони фатиламӯйро наздаш хонд ва ӯ ҳаросида - ҳаросида ду - се қадам ҷониби сардораш ниҳод. Фармондеҳ ба сӯи Ренни бо ангушт ишора карда, таҳдидомез гуфт:
«Бо вуҷуди ин ки ҳамин ҷавон чанд соли охир ҳамроҳи мост, агар аз кисааш ҳамёни туро ёбам, як тираш мезанам! Аммо агар наёбам, як тир ба пешонии ту мешинонам! Фахмидй, кампирча?!»
Фармондеҳ ба кофтани ҷайби он ҷавон cap кард...
Дарича
Хонандаи мӯҳтарам, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорумин давлатест, ки соли 1992 сафоратхонаи худро дар Тоҷикистон кушод ва маро тақдир буда аз майи 1993 то сентябри 2010, зиёда аз ҳабдаҳ сол дар як вазифа: мушовири сиёсӣ (political assistant) дар ин коргоҳ фаъолият дошта бошам. Дар ин замон аз тарафи Сафорат се бор ба ИМА, ду бор ба Бангладеш ва якборӣ ба Австрия. Афғонистан, Олмон ва Қазоқистон сафари хидматӣ доштам ва ҳар як аз ин маъмурият бароям як саҳифаи нав буд. Махсусан, сафари аввал тирамоҳи 1994 ба шаҳри Вошингтон хотирнишин буду таассуротбахш. Ва нахустин бардошт аз ин сарзаминро метавонам чунин баён кунам: «Мо дар замони Шӯравӣ ҳафтод сол идеология сохта будаему ин кишвар - давлат. Давлат барои зиндагӣ, майишат ва фароғати инсон.» Ва аввалин пурсиши кунҷкобонаи ба сэрам омада ин буд: «Чаро инхо тавонистаанд чунин диёри пешрафта созанду мо не?»
Ва китобати зерин як кӯшишест барои пайдо кардани ҷавоб ба ҳамин суол.
Чанд нуктаро бояд таъкид кунам.
Якум, ин қисса танҳо ва танҳо бо амри дил иншо мешавад, зеро навиштан ин касби ман, яъне, маро касе нафармуда, хоҳиш накарда ва ё ишора ҳам надодааст. Бовар дорам, ҳангоми мутолиа хонандаи закӣ ба ёддошти банда эътимод хоҳад кард. Эътимод бар он ки дидаву шунидаам холисона ва мунсифона рӯи ин саҳфаҳо рехтааст.
Дуввум агар нафаре номи китобро хонда, бо нияти ёфтани сухани бад дар бораи амрикоиён азми мутолиа кунад, беҳтараш аз баҳраш гузарад, зеро ман чунин мақсад нагузоштаам, ҳарчанд амрикоиҳо ҳам мисли мову шумо инсонанд ва тору пуди бофташон аз камбуд холӣ набуду нест.
Ба замми ин ман нияти ягон сирру асрори сафоратхона ё амрикоихоро фош кардан ҳам надорам, зеро мо, кормандони тоҷикистонӣ, ба истилохи қабулшуда, «ходимони таҳҷоӣ», ба ягон хел маълумоти ҳассосу нозук дастрасӣ надоштем. Бо ибораи дигар, дар ҳар муассиса ғуломгардише ҳаст, ки аз он дарунтар рафта наметавонед, вале баъзе ашхос, ба монанди ҷаноби Ҷулиан Ассанҷ аз Wikileaks, собик корманди Оҷонсии миллии амнияти ИМА Эдвард Сноуден, ки танҳо худаш 1 миллиону 700 ҳазор файл доир ба амалиётҳои ҳарбиву кашшофиро дуздидааст ва даҳҳои дигар пайдо шудаанду мешаванд, ки бо ҳар роҳ ин гуна маводи хассосро меёбанд ва боҷуръатона, хунсардона, бераҳмона ва кушоду равшан нашр мекунанд ва агар Амрикоро ҳамчун як зан тасаввур кунем, онҳо либоси ин хонумро борҳо кашида, ба маърази тамошои ҷаҳониён урён гузоштанду мегузоранд.
Савум, сафорат як користони тозаест барои кишвари мо, зеро то истиқлол дар Тоҷикистон чунин муассисаи хориҷиён набуд, бинобар ин мақсади дигар аз навиштан ин як ҳаракатест барои ба хонандаи тоҷик муаррифии кайфияти сафоратхона ва баъзе шохаҳои фаъолияти он ва амрикоиҳое, ки бо онҳо кор кардаму шинохтам.
Чаҳорум, дар тӯли фаъолият ман аз таҷрибаҳои хеле муфиди дафтардорӣ баҳра бардоштам, ки аз онҳо ҳатто баъзе вазоратхонаву кумитаҳои ҳукумати мо низ истифода ва дар амал ҷорӣ карда метавонанд.
Ва панҷум, барои ман Амрико бо ҳама таззодҳояш як кишвари ҷолиб аст, зеро агар аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ (зиёда аз сесаду понздаҳ миллион) тахмин аз бист як ҳиссаи нуфуси ҷаҳон бошад, вале сеяки маҳсулоти сайёраро истехсол мекунад.. Имрӯз амрикоиҳо дар аксари кулли соҳаҳо; ҳам дар иқтисодиёт ва ҳам дар иҷтимоиёт чунон пеш рафтаанд, ки баъзе мамлакатҳо ба сатҳи онхо пас аз даҳсолаҳо ҳам наздик шуда наметавонанд. Ва амрикоиён бо заҳмату ғайрат, донишу заковат ва муносибати мунсифона ба вазифаҳои худ ва атрофиён ба рушд ва афзудани сарват ва маънавиёти миллати худ зарра - зарра саҳм мегузоранд то он боз нерумандтару бошукӯҳтар гардад. Ва ингуна Амрикои пешрафтаро одамонаш сохтаанд ва дар ин навиштаҳо дар бораи якчанд чунин нафарони амрикоӣ сӯҳбат хоҳем кард. Барои тасдиқи пешдастии амрикоиҳо як далел меорам. То ба наздикӣ гумон доштам ва на танҳо ман, дар ҷаҳон аз ҳама миллатҳои боғайрату коргар чинихову ҷопониҳо ҳастанд, аммо ба қавли муаллифи маколае, аз ҳама халқи коргар амрикоиҳо будаанд. Дар он мақола омадааст , ки амрикоиҳо пас аз соатҳои расмӣ дар ҷойи кор ҳам аз дигар халкҳо зиёдтар машғул мешаванд. Дар ҳақиқат ин гуфта ҷон дорад ва ман метавонам бигӯям, ки амрикоихо хеле мардуми заҳматпешаанд.
Аммо Амрикои пешрафта бо худ ҷиҳатҳои манфӣ ҳам парварида. Мугаассифона, бахше аз ин нишонаҳои бад ба кишвархои дигар низ сироят кардаасту мекунад. Махсусан, сиёсати хориҷии ИМА аз назари бисёр миллатҳои ҷаҳон оқилонаву хирадамандона, пайгирона ва мунсифона набуд ва нест ва ҳар замон дасти нерӯманди ғараздоре сиёсатро ба маҷрои дилхости худ мегардонад ва ё гардондан мехохад, вале дар муқоиса бо амрикоиҳо имрӯз чиниҳо низ машғули кишваркушоианд. Фарқ дар он аст, ки Чин ба ягон миллат бомб нарехтааст, Чин ба ягон кишвар лашкар накашидааст ва ба ягон кишвар сохти давлатдории худро бор ва ё талкин накардааст.
Чин имрӯз Амрико, Аврупо, Африқо ва Осиёро бо маблаггузорӣ, бо маҳсулоти арзону босифат, бо ғайрату заҳматдӯстӣ ва содироти қувваи корӣ тасхир кардан дорад. Масалан, агар гӯем, Чин саноати сабуки Амрикоро ба зону шинонд, муболиғае намешавад. Кӣ мегуфт, ки дар ибтидои асри бисту як Чин Амрикоро дар атрофи садҳо миллиард доллар қарздор мекунад?
Пас аз мутолиаи дарича, агар хоҳиш бошад, ҳамрохи ман бе раводид, бе рухсат ба Сафорати Иёлоти Муттахидаи Амрико дар Тоҷикистон ворид мешавем.
(Давом дорад)