Кордароӣ

Назарҳо: 242

Муҳибуллоҳ Қурбон: Дар Сафорати Амрико ва берун аз он.  (силсилаҳикоя)

Кордароӣ

Оғози соли 1993 Душанбе ноором буду ман бекор, зеро ҳафтаномаи «Ҳафтганҷ», ки сардабириашро ба ӯҳда доштам, чоп намешуд. На танҳо ин ҷарида, балки кулли нашрияҳо, ба истиснои «Садои мардум», ба табь намерасид. барои таьмини оила корхонаи хурди «Нури дида>>-ро аз қайд гузаронида, тиҷоратро cap кардам, вале муддати кӯтоҳе гузашту силоҳдорон халал расониданд ва боз бекор мондам. Ва нияти тарки меҳан дар хаёлам пайдо гардида, тадриҷан қавитар мешуд, аммо ба рафтан ду чиз халалам мерасонид; на пул буду на медонистам, ки ба кадом диёр cap берун мекашам, ҳарчанд бештар дар бораи Русия меандешидам, чунки забони русиро медонистам ва дар Донишгоҳи адабиёти Маскав таҳсил ва бо чанд дӯстони ҳамдарс аз Русия мукотиба доштам.
Апрели 1993 барои ҷустуҷӯи кор ба Сафорати ИМА, ки дар меҳмонхонаи ҳамонвактаи «Октябр» (ҳоло «Авесто») макон гирифта буд, рафтам, зеро касби аввалаи ман муаллими забони англисист ва ҳарчанд понздаҳ соли охир омӯзгор набудам ва аз забон хам дурӣ доштам, хоҳиши раҳоӣ ёфтан аз бекорӣ ва таьмини оила боло гирифта буд.
Маро муовини сафир ҷаноби Эдмунд Маквиллямз пешвоз гирифт. Дар он замон дар сафорат панҷ - шаш амрикоӣ буд. Аз рафти муколама маьлумам гардид, ки барояш маъқул шудам. Дар поёни суҳбат ғайричашмдошт гуфт, ки мутаассуф, ҷойи кор нест, лекин мекушад, бароям шуғле пайдо кунад ва метавонам барои иттилоь баьди ду ҳафта сим занам.
Дар рӯзи таьиншуда ба ҷаноби Маквиллямз занг задам. Аз он тарафи хати телефон садо омад, ки ҳанӯз барои ман муждае нест ва боз баьди ду ҳафтаи дигар хабар гирам.
«Хуб» гуфтам, вале дилам аз амрикоӣ ҳам монд ва бардоште кардам, ки онҳо ҳам мисли баъзе роҳбарони мо фақат медиҳанду иҷрои онро фаромӯш месозанд, бинобар ин ду ҳафта занг назадам ва нақшаи аз ҷумҳурй рафтан боз аз нав дар хаёлам гардон шуд...
Дар андеша будам, ки телефони манзил занг зад ва шиноси ҷаноби Маквиллямз омад: «Мо бароятон кор пайдо кардем, вале шумо занг назадед?» Надонистам ба ин чй посух диҳам, бинобар ин танҳо узр пурсидам ва гуфтам боварам намеомад. «Метавонед ба мусоҳиба оед.» гуфт муовин. «Кай?» - хурсандона пурсидам ва ҷавобам масалан, ҳозир...
Гӯширо гузоштаму тарафи сафорат гом бардоштам. Маро боз худи муовини сафир дар ҳуҷраи кориаш пазируфт. Дар он рӯзҳо сафорат шӯъбаи захираи ходимон (кадрҳо) надошт ҳар як амрикоӣ дар як вақт чанд вазифаро иҷро мекард, ҳозир сафоратхона тавсеа ёфта, шояд шумораи кормандони таҳҷоӣ садҳо нафар бошад ва Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон аз чунин муассисаҳои Амрико дар Қирғизистон, Туркманистон хеле калонтар буда, қариб ба Сафоратхонан ИМА дар Узбекистон баробар аст.
Суҳбат бо ҷаноби Маквиллямз ба забони англисй гузашт ва икрор мекунам, ки ман ба маънои ҳама суханҳои муовин пурра сарфаҳм намерафтам, аммо ҳаминашро хуб донистам, ки маро барои ба кор қабул шуданам табрик ва моҳонаамро ҳам гуфт: 214 доллар...
Албатта, дар он рӯзҳо, ки аз бекорӣ азоб мекашидам ин моҳона бароям пули чашмрас намуд, на танҳо барои мани бешуғл, балки барои аксарияти мардуми мо ин ҳуқуқи баланд ба ҳисоб мерафт. Ёдам монда, ки муаллим он солҳо 8-10 рубл маъош дошт. Ва чун имрӯз менависанд, ки моҳонаи муаллим назар ба 15 сол қариб сад баробар афзудааст, бовар мекунам...
«Мешавад?» - пурсид оқои Маквиллямз бо табассум. Бовар дошт, зуд розӣ мешавам. Ғайричашмдошти ӯ гуфтам, ки ду шарт дорам. Табассум зад ва маънояш он буд, ки худат гуфтӣ, бекораму боз шарт мегузорӣ. Воқеан ҳам ин таваккул (риск) буд ва агар шартҳоямро намепазируфт. боз бекор мемондам.
„Хайр, кадом шартҳо?»
«Ман намоз мехонам.»
„Бихонед, мо зидди ибодати шумо нестем ва халал ҳам намерасонем.»

«Гап дар сари он ки дар ин користон соати ғизои чошт аз 12 то 13 аст аммо ибодат соати 13 сар мешавад.» „Ба шумо танаффус аз 13 то 14. Мешавад?» - зуд посух дод. Ман дар ҳайрат задам, чунки нагуфт, маслихат ё дар ин бора дертар сӯҳбат мекунем. Ба замми ин, ҳамчун парвардаи замони Шӯравӣ, ба худ меандешидам, ки инҳо мусулмон нестанд ва шояд маро, умуман, намоз хондан нагузоранд, бинобар ин ман ҳам қаноатмандона тез «мешавад» гуфтам.


«Боз кадом шарт?»
«Ба галстукбандӣ рағбат нест, лекин ин маьнои онро надорад, ки ман, умуман, намебандам. Мабодо дар сафоратхона бастани каравот маҷбурй нест?»
«Кай вақте хоҳед, бандед.» - боз зуд посухам дод. Ва ҳамин тавр ҳам шуд; соле ду - се бор галстук меовехтам ва касе кораш набуд, ки ман галстук дорам ё не.
Дар омади гап бояд бигӯям, ки дар тӯли ҳабдаҳ сол ақаллан як бор (!) ҳам ба тарзи либоспӯшӣ, ба зоҳиру ба тарзи гуфторам ягон нафар амрикоӣ эрод нагирифт. Масалан, ман ҳарзамон шона задани мӯйро «фаромӯш» мекардаму мекунам ва ба ҷойи амрикоиҳо як - ду хонуми тоҷикистонии ҳамкорам буданд, ки гоҳе бо шухӣ ва гоҳе ҷиддӣ илтимос мекарданд, ки мӯямро ба тартиб орам.
Ва ё худро ба истиснои як - ду рӯйдод назар ба корманди таҳҷоӣ баландтар гузоштани амрикоиро мушоҳида накардам. Сари ин тарзи муносибати амрикоиҳо меандешидам ва ба хулоса меомадам, ки барои онҳо фаъолияти мо муҳим буд, на либос, на ибодат ва на рафтори мо.
Аммо боре, моҳҳои аввали кор Лу ном амрикоӣ, ки ба фикрам, мудири корҳои хоҷагӣ буд, кадом посбонро бо ишоратангушт ба сӯяш хондааст. Ман зуд аз ин ҳавобаландии амрикоӣ ба оқои Брэд Ҳэнсон, муовини сафир гуфтам бо иштироки ӯ як ҷаласачае барпо кардем. Ба ёди муовин расонидам, ки аксари он посбонҳо маълумоти олӣ доранд ва миёнашон чанд духтуру чанд ҳуқуқшиноси варзида ва аз ҷиҳати дониш аз он Лу камтар нестанд ва имрӯз, ки Тоҷикистон дар вартаи ҷанг қарор дорад, бисёр мутахассисон наметавонанд мувофиқи маълумоти худ шуғл пайдо кунанд. Ҳам посбонҳо ва ҳам моро моҳонаи ҷолиб ба инҷо овардааст на чизи дигар, бинобар ин Лу бояд аз он посбон узр пурсад ва минбаъд на танҳо Лу, балки дигар амрикоиҳо ҳам аз чунин тарзи муомила бо кормандони таҳҷоӣ худдорӣ кунанд ва ҳамин тавр ҳам шуд.


Кош, дар мо ҳам ҳамин тавр мебуду мешуд зеро дар сохторамон роҳбари идора боақлтарину ботаҷрибатарин шахс ҳисоб меёбад, ҳол он ки ҳама медонад, тавассути ришва, ҳамсинф, хеш ё ҳамшаҳр ҳам ба мансаб расидан як таҷрибаи маъмулист.


Пеш аз он ки ба дари дигар гузарем, мехоҳам ба як матлаб рӯшанӣ андозам. Дар он солҳо якчанд сафоратхона аллакай дар Душанбе фаъолият доштанд ва чаро ман маҳз ба Сафоратхонаи Амрико корҷӯӣ рафтам. Сабаби асосӣ муроҷиат ба ин намояндагӣ дар он буд, ки Амрико диёри демократия, сарзамини озодандешону озодрафторон аст. Ва чун аз давраи мактабхонӣ табиати озодандешӣ ва рушод ҳарф задан доштам, аз назари ман сафорат айни муддаои ман буд.
Рӯзҳои охири таҳсилам дар синфи даҳ, майи 1964, директори мактаб, мо, хатмкунандаҳоро, дар ҷаласае гирд оварду хабар дод, ки баъди тамом шудани дарсҳо ду ҳафта ба ғалладарав меравем ва агар касе наравад, аттестат намегирад. Ман ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам он лаҳзаро, ки бархостаму аз сарвари мактаб суол задам: «Муаллим, мо барои таҳсил Номаи камол мегирем ё барои гандумдаравй?» Ҷавоб буд, ки доноӣ накун. Гандум гандуми ман не. Ба хонаи ман намеравӣ. Ба ман ҳам чунин фармон аз боло шуд. Ҳамин тавр, июни 1964 баъди имтиҳонҳо ҳамсинфонам ба ғалладарав рафтанду ман не, бинобарин аттестатро ҳам дертар гирифтам. Баьди хатми донишгоҳу хидмати ҳарбӣ ҳам табиати ошкорргӯӣ ва ҳақиқатҷӯӣ нерӯмандтар шуда буду суст не. Аввали соли 1971 пас аз ҳидмати ҳарбй дар мактаби деҳаам муаллим шудам. Рӯзе директор маро ба дафтараш хонд ва бо лаҳни нарм ва табассум гуфт, ки ман ҳамчун муаллими нав бо баъзе тартибу низоме, ки дар ин макони маърифат будааст, бояд шинос шавам ва пайраву пойбанди он бошам. Аз ҷумла, пеш аз хама ман бояд мӯйлабамро тарошам... Гуфтам, агар дар оинномаи мактаб бошад, бечунучаро мегирам.
Ин ҷо агару магар не, ин ҷо ман директор ва ин тартибро ҷорӣ кардаам. Як бор бинед; ҳамон муаллими қариб шастсола мӯйлаби сисолаашонро не нагуфта, тарошид. Агар шумо аз аввали сол меомадед, бо ин бурут ман шуморо ба кор намегирифтам, вале барои он ки аз сафи артиш баргаштед, гузашт кардам.»
Занг садо доду сарвар маро ҷавоб дод ва аз пасам таькид зад, ки як муаллимонро назар кунам; кадом омӯзгор мӯйлаб дорад.
Воқеан, баьди ёддошти роҳбар номаълум ба ҳамкасбони калонсолам, ки чилу панҷоҳу ва кариб шастсола ҳам буданд, эьтибор додам; дар байнашон ягон нафар бурутдор набуд, ҳарчанд як сол пеш ними онҳо сибил доштанд ва баъзеашонро бе мӯйлаб, умуман, тасаввур намекардам... Чун пурсидам, омӯзгорони калонсол насиҳатам доданд, ки беҳтараш мӯйи рӯи лабамро тарошам, зеро «Арбоб мезанад ба ҳар боб».
Аз байн боз ду - се ҳафта гузашт ва сарвар дигар маро суроғ накард. Хулоса задам, ки мӯйлаби ман фаромӯш шуда, вале боз рӯзе ба дафтараш даъват гардидам.
«Муҳибчон, муаллимонро дидед? Чанд нафарашон бурут доранд?» - ҳалимона ва бо табассум оғозид ӯ ва аз лахнаш хайрхоҳ менамуд.
«Якто ман дорам.» - гуфтам бо чеҳраи кушод ва як навъ ифтихор.
“Аз шумо илтимос мекунам, мӯйлабро тарошед.» «Муаллима, доҳиҳои бузурги сотсиализму коммунизм Маркс, Энгелс ва Ленин мӯйлаб ва ҳатто риш доранд ба сурати дар девор овезони онҳо ишора задам. – Ба синф дароед ва агар ба усули тарзи дарсдиҳиам эрод гиред, ман қабул дорам, лекин шумо ба чизе шарт мегузоред, ки будан ё набудани он ба сифати корам таъсире надорад”.
“Як бори дигар хотиррасон мекунам, ки ин принсип ё усули кории ман аст”.- ёддошт шуд аз ҷониби директор ва ин суханаш ба ман сахт расид, ки қонун, низомнома ва дигар қоидаҳо сарфи назар будаасту принсипи роҳбар ҷойи ҳамаи онҳоро мегирифтааст.

«Бубахшед, ҳамин чор тор мӯй аз пӯсти баромадааст. Агар ба дунё омада, ба ҳамин чор тор мӯйи худам, ки аз ҷилди худам месабзад соҳибӣ карда натавонам, ман чй одамам?!

Аз шумо, муҳтарам директор, як хоҳиш дорам; дигар дар бораи мӯйлаби ман ҳарфе нагӯед ва ба кабинет ҳам бо ҳамин мақсад даъват накунед. Мабодо дар ҳузури муаллимон ҳам дар бораи бурут чизе нагӯед, чунки наметарошам! Тавонед аз мактаб ронед.» - гуфтаму бархостам.
Ва дигар директор дар бораи усули кораш ҳарф намезад ва ман ҳам мӯйлабро натарошидам. Хайрият, дигар омӯзгорон «Чаро ӯ мӯйлаб дораду моро намемонед?» гуфта, назди директор надаромаданд.
Бо ҳамин муколама бо сарвар як ман дар мактаб бо буруги тунук бо ифтихор мегаштам. Аз ҳама хубии ин баҳс дар он буд, ки директор қасд нагирифт, вале дар соли нави хониш маро ба дигар мактаб «бо хоҳиши худам» фиристод ва хаёлам баъди рафтанам оҳи сабуке ҳам кашид...
То имрӯз бо собиқ директор муносибати хеле самимӣ дорем. Хушбахтона, на ҳама мисли он директор дилсафеду бекина аст...
Нимаҳои солҳои ҳафтодум ҳанӯз дар мактаби миёна омӯзгор будам.
Боре маро додситони ноҳияи Исфара барои равшан кардани як масъалаи оилавӣ ба идорааш хонд, вале то ба дафтараш даромадан сабаби даъватро намедонистам, зеро директор ва устодам шодравон Раҳматҷон Алиев аз ман хоҳиш карда буданд, ки зуд ба назди прокурор равам. Гуфтам, ки ҷинояткор нестам ва бе даъватномаи расмӣ намеравам. “Ман ваъда кардам, ки шумо дар соати гуфтааш дар ҳузури ӯ мешавед Агар наравед, ман шарманда мешавам.», гуфтанд устод.
Дари кабинети додситони шаҳрро оҳиста кушода, салом дода даромадам. Прокурор ба саломам алейк нагирифт ва чеҳрааш хеле ҷиддӣ буд.
“Қурбоноваш ту - мӣ?”- таҳдидомез пусид.
“Ҳа, ман», - гуфтам ва ҳанӯз рост меистодам ва дар истифодаи калимаи «ту» ба ҷойи «шумо» бароям сахт расид, аммо фурӯ бурдам.
«Шин» - ишора кард прокурор ба курсии назди дари даромад.
Аз ин лаҳни дурушти додситон боҷуръаттар гардидам ва гуфтам:
«Намешинам!».
Ӯ боз бадкаҳртар шуд, зеро маълум буд, ки на ҳар кас, боз ман барин муаллими оддӣ, фармони прокурорро иҷро намекард.

Ба иззати нафсаш расид муомилаи ман. Намедонист чӣ гӯяд. Ман суханамро идома додам: «Рафиқ прокурор, ман ҳам мисли шумо гражданини (шаҳрванди) СССР ҳастам. Ба шумо кӣ ҳуқуқ дод, ки маро ту-ту гуфта, бо оҳанги дағал гап занед?! Бинобарин ман намешинам.»

Нигоҳи ғазаболуди прокурор ба ман дӯхта шуд. Ба хаёлам, мехост маро буғӣ кунад ва аз ошёнаи дувум партояд.
Хомӯшии ногуворе ба миён омад. Дигар ӯ намедонист ба ман чӣ гуна муроҷиат кунад. «Шумо» гӯяд, бохти ӯ буду пирӯзии кучаки ман. «Ту» гӯяд, ман наменишастам...
Муддате пас ниҳоят бо овози кинояомез «Шинед, рафиқ Курбонов!» гуфт. «Ана, ин гапи дигар», - гуфтаму ба курсӣ нишастам...

(Давом дорад)