Шавкати Аштӣ дар масири ҳиҷрат

Назарҳо: 199

Шавкат Тошматов яке аз тоҷикони муваффақи Амрикост. Ӯ ки дар расонаҳои иҷтимоӣ ба номи Шавкати Аштӣ маъруфу машҳур аст, соли 1971 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Аммо баъди чанде оилаи онҳо ба Ӯзбакистон мекӯчад. Онҳо аввал дар вилояти ҳамноми пойтахти ин кишвар зиндагӣ карда, сипас барои зиндагӣ ба Тошканд рафтанд. Ҳанӯз замони зиндагӣ дар Тошканд Шавкати Аштӣ ҳамкории худро бо расонаҳои тоҷикистонию ӯзбакистонӣ, бахусус радио ва телевизионҳои ин ду кишвари ҳамсоя ба роҳ монд.
Шавкати Аштӣ на танҳо бо расонаҳо ҳамкорӣ кард, балки кори ӯ фаротар аз ин рафт. Яъне ҳамчунин ӯ ба санъати сарояндагиву эҷоди оҳанги рӯ овард, ки ин истеъдод ӯро бо сарояндагони ин ду кишвари ҳамсоя, Тоҷикистону Ӯзбакистон наздик кард. Бахусус миёни ӯ ва Кароматуллоҳ Қурбонов, ситораи эстрадаи тоҷик, ки дар соли 1992 кушта шуд, дӯстии қавие ба вуҷуд омад. Ҳамчунин ин ҳунар мавсуфро вориди олами синамо кард, ки агар дар баъзе аз филмҳо оҳангҳои ӯ садо доданд, дар баъзе аз дигар чунин филмҳои тоҷикистонию ӯзбакистонӣ оқои Аштӣ нақш бозӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол Шавкати Аштӣ мегӯяд, феълан ҳам сарояндагӣ дар Амрикоро идома медиҳад, ки мухлисони сурудаш фаротар аз ҷомеаи форсизабонон дар ин кишвар аст. Ӯ дар Амрико тӯйҳои зиёдеро ба истилоҳ обод карда, ки мутааллиқ ба миллатҳои ғайритоҷики муқими ИМА будаанд. Бо вуҷуди ин оқои Аштӣ мегӯяд, бо овозхононе аз қабили Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибек Муродов, Парвин Юсуфӣ ва бисёре дигар аз ситораҳои санъати Тоҷикистону Ӯзбакистон робита дораду чандин консерт ҳам дар кишварҳои мухталиф баргузор кардааст.

Маъмулан дар шароити имрӯз ҳиҷрат ба хотири беҳтар кардани шароити зиндагӣ сурат мегирад. Агар баъзе авомилеро, ки ба вазъи сиёсии кишварҳо гиреҳ мехӯрад, сарфи назар намоем, дар гузашта ҳам далели умдаи ҳиҷрат ба хотири ба вуҷуд овардани таҳаввуле дар зиндагӣ ва тағйири шароити иҷтимоию молӣ будааст. Аз ин рӯ чунин авомил боиси ҳиҷрати Шавкатӣ Аштӣ шудаанд. Аммо қабл аз ин ки ӯ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико биравад, ҳузуру фаъолият дар кишварҳоеро аз Осиё то Урупо таҷриба кардааст. Ӯ дар Имороти Муттаҳдаи Арабӣ, Баҳрайн, Кувейт, Қатар ва баъзе аз кишварҳои урупоӣ фаъолияту зиндагӣ намудааст. “Ҳоло 12 сол аст, ки дар Амрико ҳастам”, - афзуд ӯ дар суҳбат бо мо.

Ӯ дар Амрико низ рӯзноманигорию овохзониро тарк накарда. Ду албоми таронаҳояшро бо исми “Садои ишқ” ва “Сайёраи ишқ” нашр кардааст. “Муддате дар Ню-Йорк дар радиои русӣ фаъолият кардаам”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Шавкати Аштӣ замоне мудрияти радиои “Садои Шарқ”-ро низ ба зимма дошт. Ин радиоро як соҳибкор аз тоҷикони Самарқанди муқими ИМА, Ашраф Зокиров таъсис дода буд, ки таҳти шиори “Садои Шарқ” “садои ҳар яки мост” фаъолият мекунад. Соли 2008 хабаргузории “Спутник” иттилоъ дода буд, ки ин радио пахши барномаҳо бо забони тоҷикиро низ оғоз кардааст.

“Ман аз оилае ҳастам, ки даҳ фарзанд дошт. Даҳ хоҳару бародарем, ҳама маълумоти олӣ, ҷойи кор ва зиндагии хуб дорем. Оиладору падари ду фарзандам”, - гуфт Шавкати Аштӣ дар суҳбат бо ТА. Ӯ шод аст, ки писронаш низ имрӯз муваффақанд. Яке донишҷӯи коллеҷе дар Калифорния асту дигаре футболбози касбӣ буда, чун мураббии дастаи футбол фаъолият мекунад. Ҳамчунин ин фарзанди ӯ дар чанде аз эпизодҳои хурди филмҳои “Ҳоливуд” нақш офаридааст.

“Тоҷикони Амрико”