Loading color scheme

Кадоме афзалтар сотсиализм ё сохти сармоядорӣ?

Назарҳо: 156

Муҳибуллоҳ Қурбон: Дар Сафорати Амрико ва берун аз он (силсилаҳикоя) 

Кадоме афзалтар сотсиализм ё сохти сармоядорӣ?


Бо мурури солҳо ҳамин афкори "Сохти сармоядорӣ бо иқтисоди бозаргонӣ ва бо пуштибонӣ аз моликияти хусусӣ сохтори сотсиалистй бо ҷонибдории моликияти ҷамъиятӣ бартар аст" дар ман нерӯмандтар шуд ва таҳсил дар факултаи забонҳои хориҷӣ ин ақидаи маро пурқувваттар месохт зеро бо вуҷуди сензураи ашаддии замони Шӯравӣ донистани забони англисӣ барои мутолиаи баьзе адабиёти хориҷӣ мадад мерасонид.
Имрӯз ҳам дар ҳамин мавқеъ ҳастам ва ҳама мушоҳидаҳои солхои тӯлонӣ ва сафар ба бисту панҷ давлат ба он далолат мекунад, ки сохтори сармоядорӣ бо ҳама камбудҳову проблемахояш аз сохтори сотсиалистӣ, ки моликияти ҷамьиятӣ меҳвари сиёсаташ мебошад, беҳтар аст, ҳарчанд табиат ва мақсади сохти сотсиалистӣ барои нафъи умум, барои беҳбуди ҷамъият ва на фарду гурӯҳи алоҳида нигаронида шудааст. Барои гуфтаҳоям мисол меорам. Имрӯз дар ҷаҳон кишварда ба сохти сотсиалистӣ содиқ ангуштшумор монданд; Куба, Кореяи Шимолй ва як ё дуи дигар. Агар сохти сотсиалистӣ афзалият медошт, кор баръакс мешуд; шумораи давлатхои пойбанд ба сохти иҷтимоӣ ба дусад мерасид мамолики пайрави сохти сармоядорӣ аз се е чорто намеафзуд.

Ҳис мекунам, баъзеҳо аз ин мавқеи ман норозианд. Ба ин гурӯҳ дигар мисол меорам. Баъди Ҷанги дувуми ҷаҳон Олмон ё Германия ба ду тақсим шуд. Ҷумҳурии демократии Германия зери назорат ва дастгирии Шӯравй роҳи сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии федералии Германия бо пуштибонӣ аз кишварҳои Ғарб роҳи сармоядориро пеш гирифт. Як миллат, яьне, аз ин сӯ немис, аз он сӯ ҳам немис. Як хел шароит доштанд немисҳои ҳарду ҷониб. Аммо Германияи ғарбӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле пеш рафт ва дараҷаи зиндагӣ назар ба Германияи шарқӣ баландтар буд, бинобарин тӯли даҳсолаҳо немисҳои Германияи сотсиалистӣ ба тарафи Германияи капиталистӣ мегурехтанд ва даҳҳо нафарашон ҳангоми кӯшиши убури сарҳад ба сӯи Германияи ғарбӣ аз тарафи сарҳадбонони Германияи демократӣ кушта шуда буданд. Он девори машҳури Берлин чун садде сохта шуда то ки немисҳои шаркӣ ба немисҳои ғарбӣ напайванданд. Чун ҷанги сард тамом шуду лагери сотсиалистй шикаст хӯрд, немисҳои сотсиалистӣ пурра сохти капиталистиро пазируфтанд. Ин ҷо суоле пайдо мешавад: агар сохти сотсиалистӣ бартарӣ медошт, чаро немисҳои Германияи ғарбӣ ба сӯи Германияи шарқӣ нашитофтанд?

Айнан чунин манзараро дар ду давлати Корея мебинем. Ин сарзамин ҳам ба ду тақсим шуд; Кореяи шимолӣ роҳи сотсиалистиро пеш гирифт ва аз ҷониби Шӯравӣ ҳаматарафа дастгирӣ меёфт ва Кореяи ҷанубӣ, бо пуштибонӣ аз амрикоиҳо ва кишварҳои сармоядорӣ роҳи бозаргониро интихоб кард. Дар ҳарду тараф як миллат, як хел шароит, аммо назар ба Кореяи шимолӣ Кореяи ҷанубӣ хеле пеш рафт, ки ин ҷойи баҳс ҳам нест ва як суоли оддӣ меорам, ки он худ кадом сохт беҳтар буданашро нишон медихад: Имрӯз гурӯҳе аз соҳибкорони тоҷик аз кадом . Корея мошин меоранду ба кадом Корея ба кор мераванд? Албатта, Кореяи Ҷанубӣ!
Аксар медонанд, ки имрӯз сарҳади Ҷумҳурии халқиву демократии Корея барои аксари хориҷиён қариб баста аст. Аммо пас аз ба сари ҳокимият омадани доҳии ҷавон Ким Чин Ин имкон дорад, ислоҳоти иқтисодӣ пиёда гардад, менависад Тhe Mainichi, як нашрияи ҷопунӣ.
"Мо наметавонем иқтисоди худро такмил диҳем, агар танҳо онро танқид кунем, мегӯяд доҳии ҷавон. – Роҳҳои гуногуни аз инқироз баромадан ҳаст, масалан, мо метавонем тарзи чинӣ, русӣ ва ҷопониро истифода барем". Аз рӯи охирон ҳисобу китоби коршиноси Барномаи ҷаҳонии озуқа, имрӯзҳо шаш миллион кореягиҳои шимолӣ аз камғизоӣ азоб мекашанд. Бинобарин барои исботи гуфтаамон дар бораи афзалияти кадом сохт далели дигаре зарурат надорад.
Вақте ман мегӯям, ки ҷонибдори сохти сармоядорӣ ва моликияти хусусӣ ҳастам, на танҳо Амрикоро дар назар дорам, зеро дар ҷаҳон даҳҳо миллатҳои дигар ҳастанд, ки ба роҳи сармоядорӣ рафта, комёбиҳои бузургро ҳам дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёт соҳиб шудаанду ҳатто аз Амрико ҳам пеш гузашта, зиндагии аз амрикоиҳо ҳам беҳтарро барои миллаташон дастрас ва имконпазир гардонидаанд ва чунин сарзаминҳо ба монанди Норвегия ва Шветсия дар Аврупо ҳам ҳастанду Сингапуру Ҷопуну Малайзия дар Осиё ҳам. Дар қитъаи Осиё ҳам даҳҳо мамолик, аз ҷумла, миллатҳои исломӣ ҳастанд, ки аз ҷиҳати тараққиёт ва сатҳи зиндагии мардум аз кишварҳои ғарбӣ кам нестанд. Масалан, ман тарафдори Аморати Муттаҳидаи Араб, Индонезия, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Қувайт, Қатар, Малайзия, Сингапур, Туркия, Ҷопон, барин кишварҳои Осиё ва Шарқи Наздик ҳастам, ки ба роҳи сармоядорӣ рафта, ба дастовардҳои хеле бузургу чашмрас соҳиб шудаанд. Кӣ мегуфт, ки шаҳри Дубай бо бурҷи "Халифа" баландтарин бино ва на танҳо бино, балки, умуман баландтарин сохтумон дар ҷаҳонро соҳиб мешавад. Баландии бурҷи "Халифа" 828 метр буда аз 162 табақа иборат аст. Бале, ин танҳо ба гуфтану навиштан осон аст: 828 метру 162 ошёна. То ин бурҷ баландтарин бинои Тайбэй дар Тайван буд, ки соли 2007 мавриди истифода қарор гирифта ва баландиаш "танҳо" 509 метр аст.

Бубинед, агар пештар дар «сабқат»-и биноҳои осмонбӯс онҳо аз ҳамдигар фақат даҳ- бист ва ё панҷоҳ метр баландтар сохта мешуда бошаду танҳо давлатҳои пешрафтаи Ғарб байни ҳам мусобиқа доштанд, пас ин сабқат ба қитъаи Осиё кучида, бурҷи "Халифа" якбора аз бинои наздиктаринаш 321 метр баланд рафт. Солҳои навадуми асри гузашта дар Малайзия бинои "Дугоники Патронас" – ро сохтанд, ки он то бинои осмонбӯси Тайпей дар ҷаҳон аз баландтарин биноҳо ба ҳисоб мерафт.

То бурҷ ё бинои осмонбӯси «Халифа» аз ҳама баландтарин сохтумони рӯи Замин манораи телвизионии Си-Эн Тауэр дар шаҳри Торонтои Канада буд, ки 553 метру 33 см баландӣ дорад. Тавваҷҷӯҳ кунед, он бино набуда, танҳо манора барои насби таҷҳизоти мавҷгустар аст, яъне иморате нест, ки дар он одамон кору зиндагӣ кунанд.
Арзиши сохтумони "Бурҷи Халифа" қариб 4 миллиард доллар аст. Барои ба ошёнахои баланд баровардани 57 лифти тезгард дар як сония то 18 метр ҳаракат мекунанд. баровардани одамо Ин биноро аз дурии 90 км ҳам дидан мумкин будааст. Дар он якбора 35 000 одам кор карда метавонистааст, аммо аллакай дар шаҳри Маккаи мукаррама бинои бузургтарин дар ҷаҳонро сохтаанд. Бинои бузургтарин на баландтарин. Ба ин бинои бузург қаноат накарда, марти 2013 дар Арабистони Саъудӣ ба сохтумони биное, ки баландиаш 1001 метр мешавад оғозиданд ва боз биноҳои 1050 метра дар Дубай ва 1600 метра дар Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ бунёд мешаванд. Ва ин иморатҳо ҳам боз дар кишвари Осиё сохта мешаванд.
Тоҷикистон ҳам имрӯз дар оғози роҳи сармоядорӣ қарор дорад ва умедворем, ин пастиву баландиҳо муддате мегузараду ҳамвор мешаванд ва ман ояндаи Ватанамро шукуфон мебинам ва ба ин бовар дорам. Бо вуҷуди баъзе монеъаҳое, ки имрӯз ба тарзи сунъӣ пешорӯи миллат сохтаанд, тоҷик озод аст; агар пул дошта бошаду хоҳад, ба дурдасттарин гӯшаи ҷаҳон рафта метавонад. Баъзеҳо шояд писханд мезананд; ҳм... ҳамон пул ҳаст? Ҳаст! Дар як сол шаш ҳазор тоҷикистонӣ ба номи пурифтихори «ҳоҷӣ» сазовор мешавад! Ва ҳар яки ин ҳоҷӣ камаш чор ҳазор доллар пул сарф мекунад. Ва агар роҳбарони соҳаи мазкур камтар пофишорӣ кунанд ва квотаи Тоҷикистонро, ки зиёда аз ҳашт ҳазор бояд бошад, аз Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ талаб кунанд, фасоду номураттабӣ дар ин ҷабха кам мешавад. Барои ин фақат ҳаққи ҷудошударо талаб карда тавонистан ва ё хостан даркор аст, чунки мувофиқи пешниҳоди Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ барои ҳазор нафар мусалмон як ҳоҷӣ рост меояд.
Аммо дар замони Шӯравӣ ҳар сол ба як ё ду(!) тоҷик аз сӯрохии сӯзан гузаронида, рухсат медоданд, ки дар қатори 20 – 25 нафар шаҳрвандони Шӯравӣ ба ҳаҷ равад...

Хулосаи ман ҳамин, ки сохтори сармоядорӣ бо вуҷуди он ки камбудиҳои зиёд дорад, назар ба ҷамъияти сотсиалистӣ барои беҳтар кардани зисту майишат ба инсон имконияти бештарро фароҳам меораду маҳдудиятҳоро камтар эҷод мекунад. Ва инсонро худро дар ҷамъияти воқеии сармоядорӣ озодтар эҳсо мекунад.


(Давом дорад)