Мастура Баҳром: Тавсеаи дониш маро ба Амрико бурд

Назарҳо: 346

Ин ҳафта дар бораи бонуи ҳамхуне хоҳем гуфт, ки вориди дунёи илм ва илму амал шудаву гом бардорӣ дар ин масирро дар дастури кори худ қарор додааст. Ба андешаи инҷониб, муаррифӣ аз онҳое, ки масири душвори илмро интихоб мекунанд ва дар ин роҳ гом мебардорад, лаззати дигар дорад ва агар гӯем, ки чунин талошу қадамбардориҳо ибратомӯз хоҳад буд, иштибоҳ намекунем.
Масалламан ҳиҷрат дар бештари маврид масири касби рӯзӣ ва шуғли афродро тағйир медиҳад. Дар чунин ҳол кам нафароне пайдо мешаванд, ки вобаста ба тахассуси худ ё наздик ба он коре пайдо бикунанд. Аммо нафареро, ки кунун ба гунаи қатрае аз баҳр аз зиндагиномааш чанд ҳарферо мекорем, дар зумраи афроди маъдуд аст. Ӯ Мастура Баҳром, бонуи тоҷики муқими Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост.
Мастура Баҳром 23 январи соли 1977 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Мавсуф таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, аммо на бо номаи камоли оддӣ мактаби таҳсилоти умумиро хатм кардааст, ки балки ҳамроҳ бо шаҳодатномаи хатм медали тилоеро ҳам соҳиб шудааст.
Мастура Баҳром дар соли 1993, билофосила пас аз хатми мактаби ҳамагонӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шудааст. Ӯ хатмкардаи риштаи забонҳои хориҷии донишгоҳи мазкур дар соли 1998 аст. Ҳамчунин ин бонуи тоҷик замоне дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст ва номзади улуми филологӣ низ ҳаст. Солҳои фаъолияти ӯ ба унвони устоди донишгоҳ ба солҳои 2000 – 2010 рост меояд.

Мастура Баҳром ҳамзамон бо устодӣ дар ин мактаби олӣ бо чанде аз созмонҳои ғайридалатӣ, ки дар зимни лоиҳаҳои Барномаи кумаки ИМА (USAID), Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ (UNESCO) амал мекарданд, фаъолият кардааст. Ин бонуи тоҷики феълан муқими Амрико соли 2014 кори илмияшро дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ҳимоят кард ва соҳиби унвони номзади илм гашт.

Мастура Баҳром бар замми фаъолият дар донишгоҳ ва ҷаҳони илм ба ҳайси раҳбар ва устоди созмони ғайридавлатии Маркази илмӣ-маърифатии “Дина” фаъолият кардааст. Созмони ғайридавлатии “Фарҳанг ва тараққиёт” аз дигар ташкилотҳое буда, ки ӯ ба ҳайси устод ва ёвар корманди он будааст.
Соли 2014, ҳамон соле, ки Мастура Баҳром ба мартабаи номзадии илм расид, ба Амрико ҳиҷрат кард ва ҳамакнун шаш сол аст, ки муқими Иёлоти Муттаҳида аст. «Талош ва хоҳиши тавсеаи дониш маро ба ин кишвар овард», - гуфт Мастура Баҳром тайи суҳбаташ бо торномаи «Тоҷикони Амрико».
Ин бонуи тоҷик феълан мушовири пазириши донишҷӯён (Admissions Advisor)-и яке аз донишгоҳҳои Ню-Йорк аст ва ҳамзамон ба унвони миёнарави дорои муҷаввизи як ожонси умури моликияти ғайриманқул низ кор мекунад.
Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, ҳадафҳои зиёде дорад, аммо шиораш якест:

«Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад!».

Мастура Баҳром ахиран дар суҳбат бо мо бароямон орзуи муваффақият хост, ки мо ҳам ба эшон орзуи тавфиқ мекунем.

"Тоҷикони Амрико"