Умед Бобохонов. Аз шарқшиносӣ то рӯзноманигорӣ

Назарҳо: 170

Умед Бобохонов 29 ноября соли 1962 дар шарҳи Душанбе ба дунё омадааст. Мавсуф пас аз хатми мактаби ҳамагонӣ дар шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи давлатии ба номи Ленини Тоҷикистон дохил шуда, соли 1985 бахши арабии риштаи шарқшиносии ДДТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистони ҳозираро хатм кардааст.
Ӯ солҳои 1987-1989 дар рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» фаъолият кардааст, баъдан ӯ тӯли ду сол таҳлилгари Муассисаи таҳқиқоти сиёсии Тоҷикистон буд. Ӯ соли 1991 боз ба журналистика баргашт ва дар соли 1995 мухбири махсуси «Комсомолская правда» шуд. Ҳамзамон ӯ дар ин сол бо хабаргузории «Associated press” ҳамкориро оғоз кард. Ин ҳамкории рӯзноманигори тоҷик бо «Associated press” то соли 2001 идома дошт.
Бозгашти дубораи Умед Бобохонов ба рӯзноманигорӣ бозгашти оддӣ набуд, балки метавон гуфт, он хос буд. Пас аз барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ ва ҷойгузини он шудани низоми сиёсии демократӣ, ки шароити дигареро барои бисёре аз андешамандон ба вуҷуд овард, тақдири минбаъдаи Умед Бобохонов бо рӯзноманигорӣ муҳкам гиреҳ хӯрд. Таъсиси хабаргузории «Азия плюс» дар Тоҷикистон аз тарафи Умед Бобохонов аз иқдомоти ҷиддии ӯ дар рӯзноманигорӣ ба шумор меравад, ки феълан ин хабаргузорӣ аз умдатарин ожонсҳои иттилоотию таҳлилӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин хабаргузории муваффақ феълан як маҷмаи расонаӣ аст, ки хабаргузории сезабонаи «Азия плюс», рӯзномаи «Азия плюс», радиои “Азия плюс” ва маҷаллаи VIP “Zone”-ро муттаҳид мекунад.
Моҳи ноябри соли 1995, замоне ки Тоҷикистон даргирӣ ҷанги шаҳрвандӣ буд, Вазорати адляи Тоҷикистон хабаргузории “Азия плюс”-ро сабти ном кард. Аммо ин хабаргузорӣ дар аввали апрели соли 1996 ба фаъолияти амалӣ оғоз кард. “Ҳанӯз ҷанг идома дошт ва ширкати кӯчаки мо барои тиҷорат, воқеан аҷиб менамуд. Мо як утоқро дар бинои феълии бахши Донишгоҳи давлатии Маскав иҷора гирифтем. Онро таъмир кардем, парда насб намудем, чанд мизу курсии матрукаро аз Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ харидем ва корро оғоз намудем”, - навиштааст Умед Бобохонов тайи як матлабаш бо унвони “Бисту панҷсола шудем. Пеш меравем”.
Мусаллам аст, ки дар он солҳо дар Тоҷикистон интернет набуд. Барои пахши иттилооъ дар Тоҷикистон аз роҳҳои анъанавӣ истифода мешуд. Дар баробари нашри рӯзномаву маҷаллаҳо чопи бюллетенҳои иттилоотӣ аз дигар роҳҳои пахши иттилоъ буд. Хабаргузории “Азия плюс” маҳз ба ин шева иттилооташро паҳн мекард. Дар як аксе аз аввалин бюллетенҳои “Азия плюс” аз апрели соли 1996 дида мешавад, ки дар он матолибе ба ановини зерин ба табъ расидаанд: “Ҳокимият”, “Таъйиноти ҷадид”, “Сармоягузорӣ”, “Қонунгузорӣ”, “Дифоъ ва амният”, “Омор” ва “Кӣ дар Тоҷикистон кист?”. Ин бюллетен моҳи апрели соли 1996 ба табъ расидааст.

Соли 2016 хабаргузории “Азия плюс” матлаберо таҳти сарлавҳаи “Чӣ гуна радиои “Азия плюс” ба вуҷуд омад?”, мунташир кард. Ин матлаб, албатта, дар бораи яке аз зермаҷмуаҳои ин медиа холдинг аст. Дар он гуфта мешавад, барои сабти номи ин радио ва судури муҷаввизи фаъолияти он ҳанӯз соли 1998 ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат шуда буд. Ҳамчунин ЮНЕСКО чун кафили таъсиси радио таҷҳизотеро дар ихтиёри он гузошт. Ҳатто кормандони он интихоб шуда буданду курсҳои бозомӯзӣ гузашта буданд. Аммо ба далели ин ки “дар Тоҷикистон радиоҳои кофӣ фаъолият мекарданд ва зарурате барои роҳандозии фаъолияти дигар радио набуд”, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон радиои “Азию плюс”-ро муҷаввизи фаъолият намедод.

Ҳамин тариқ радиои “Тироз” дар Хуҷанд чанд сол пас аз дархости мубтакирони “Азия плюс” ба кори худ оғоз кард ва соли 2002, баъди чаҳор соли муроҷиат радиои “Азия плюс” муваффақ ба дарёфти муҷаввизи фаъолият шуд. Ин аввалин радиои ғайриҳукуматие буд, ки аз пойтахти кишвар пахш мешуд.
Умед Бобохонов дар ҷиҳати дарёфти муҷаввизи фаъолият аз тариқи нома ба ашхоси бонуфузе назири Талбак Назаров, вазири умури хориҷӣ, Саидамир Зуҳуров, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Иброҳим Усмонов, мушовири раисҷумҳур барои кумак муроҷиат кард, аммо аз ин ҳама натиҷаи дидхоҳ ба даст наомад.
Дар матлаби “Чӣ гуна радиои “Азия плюс” ба вуҷуд омад?” гуфта мешавад, ки “дар охир ба раисҷумҳур нома навиштем ва нома ба ӯ расид. Имрӯз, бо гузашти чанд сол аз он рӯзгор метавон ҳадс зад, ки чанд омил дар он шабу рӯз асар дошт: раисҷумҳур барои анҷоми аввалин сафараш ба Ғарб омодагӣ медид, муроҷиати созмонҳои байналмилалӣ дар ҷиҳати сабти номи радиои мо, мактуби мо ва... кафолати нафаре, ки раисҷумҳур ӯро бовар мекард. Вақте ки сарвари давлат андешаи ёварони худро дар бораи радиои “Азия плюс” мепурсад, Суҳроб Шарипов мегӯяд, ки АП-ро хуб медонад”.
Ҳамин тариқ, ба навиштаи ин муаллифи матлаби АП, раисҷумҳури Тоҷикистон Умед Бобохоновро ба ҳузур пазируфт, ки дар ин дидори ҳудуди якунимсоатии онҳо Саидмурод Фаттоев, раиси вақти дафтари раёсатҷумҳурӣ ва Суҳроб Шарипов, муовини вақти раиси бахши иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент ҳузур доштанд. Дар ин дидор Умед Бобонов иҷозаи фаъолияти радиоро гирифт ва 9 сентябри соли 2002 радиои “Азия плюс” корро оғоз кард.
Бояд гуфт, ҳанӯз ду сол қабл аз ба роҳ уфтодани радио рӯзномае бо ҳамин ном ва бо забони русӣ мунташир шуд, ношири он низ Умед Бобохонов буд. Ҳарчанд талошҳо барои ташкили радиои “Азия плюс” ҳанӯз соли 1998 оғоз шуда буданд, вале рӯзномаи “Азия плюс” ду сол қабл аз он, дар моҳи январи соли 2000-ум дар фазои иттилоотии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард. Аввалин шумораи он 21 январи соли 2000-ум мунташир шуд. Ба навиштаи муассиси он, ин рӯзнома тайи як соли фаъолият дар фазои расонии кишвар касби шуҳрат кард ва ҳоло яке аз серхонандатарин рӯзномаҳои кишвар аст, ки риояти меёърҳои касбӣ дар он аз авлавияти кори рӯзнома маҳсуб мешавад.
Дар солҳои охир ин маҷмуаи расонаӣ ба чанд мушкиле, бахусус ба сойтбандӣ мувоҷеҳ шуда ва қисме аз хонандаашро аз даст дод, аммо нобоваста аз ин Умед Бобохонов тавонист, ки ин расонаро боз ба ҷойгоҳи пештараи худ баргардонад. Дар зимни таҷлил аз 20-солагии ин рӯзнома радиои “Озодӣ”-и Амрико мусоҳибаи муфассалеро бо Умед Бобохонов мунташир кард. Дар ин мусоҳиба Умед Бобохонов мегӯяд, вазъ тағийр кардааст, аммо ба таваҷҷуҳ ба шароит маҷмуаи расонаии ӯ фаъолият мекунад.

Умед Бобохонов, ки замоне дар Амрико зиндагӣ кардааст, мегӯяд ихтиёри зиндагӣ дар ИМА ба таҳсили фарзандонаш дар хориҷ рабт дошт, аммо зиндагӣ пас аз чанд соли ба сар бурдан дар ИМА ин рӯзноманигори тоҷиқ кору фаъолият дар кишварро авлавият дод ва ба Тоҷикистон баргашт. “Ватан Ватан аст”, - гуфтааст ӯ дар мусоҳибааш бо радиои “Озодӣ”.


Ӯ мегӯяд, борҳо шунидааст, ки маҷмаи расонаии “Азия плюс”-ро бо русиягароию ҳатто эронигароӣ рабт бидиҳанд, аммо ин хабаргузорӣ тоҷикгарост. Далели бо забони русӣ кор оғоз кардани ин маҷмуа, ба гуфтаи муассиси он, ба суҳулати кору матлабнависии ӯ ва ҳамчунин дархости хонандагон рабт дошт. Зимнан ӯ мегӯяд, аз он ки хонандаи тоҷик ба интернет рӯ овард ва интернет ба манбаи муҳими дарёфти иттилоъ мубаддал шуд, “Азия плюс” бахши тоҷикии худро роҳандозӣ кард ва хидмати он қарор гирифт.

"Тоҷикони Амрико"