Моликияти Ҳукумати ИМА (Қисмати 2)

Назарҳо: 138

Муҳибуллоҳ Қурбон: Дар Сафорати Амрико ва берун аз он (силсилаҳикоя)

Моликияти Ҳукумати ИМА

(давомаш)

Назди оқои Курт рафтам ва гуфтам, ки шакар зарур, аммо дар шаҳр камёфт аст, бинобарин як халтачаи чоруним килоинаро диҳад, баъди чор рӯз меёбаму бармегардонам. Дар назарам намуд, ки ӯ маро фаҳмид. Ин суҳбат рӯзи панҷшанбе буд ва ман бовар доштам, рӯзҳои шанбе ё якшанбе дар шаҳр шакар меёбам. Аз назди ҷаноби Аменд баромада, боз назди Валера рафтам ва ба ӯ гуфтам, ки мудир розӣ шуд ва ӯ ба ман як халтачаи шакари амрикоиро дод. Ман ба хона овардам ва камтар мураббо пухтем, вале то рӯзи душанбе шакар наёфтам.

Пагоҳии душанбе Валера наздам омад ва ранги рӯяш сахт парида, дар ҳаяҷон буд ва шитобон гуфт, ки ҷаноби Курт шакарро пурсидан дорад. Овардӣ?Агар наоварда бошӣ, маро аз кор меронад… Намедонистам, чӣ посух диҳам. Ҳамин дам худи Курт ба идораи мо даромад ва суҳбати дуи моро мушоҳида карда, ба хаёлам, зуд фаҳмид, ки мо низ дар бораи шакар ҳарф мезадем. Ӯ бо табассум ва нармӣ гуфт, ки ҳамроҳ ба идорааш равам. Ман хомӯш аз пасаш даромадам ва рӯбарӯ нишастем. «Рӯзи панҷшанбеи гузашта шумо халтачаи шакарро аз Валера гирифтед?» - пурсид ӯ. «Ҳа, гирифтам.» «Шумо медонистед, ки он чоруним кило шакар моликияти Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд?» «Бале, ман медонистам, ки он чоруним кило шакар моликияти Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд, лекин ман онро аз Валера пурсида, гирифтам.» - ҷавоб додам ба калимаи «моликият»таъкид карда. «Агар худи Валера ба шумо дода бошад, барои ин амалаш ҷазо мегирад, зеро ӯ аз ман напурсидааст.» «Не, ин ҷо Валера заррае гунаҳкор нест. Пеш аз он ки ман шакарро аз ӯ гирам, аз шумо пурсидам, розӣ шудед, баъд ман назди Валера рафта, гуфтам, ки ҷаноби Аменд рухсат дод ва як халтача шакарро ба ман деҳ.» «Дуруст, шумо рӯзи панҷшанбе ба ман муроҷиат кардед, вале ман не гуфта будам.» Ин суханаш ба ман сахт алам кард, ҳол он ки ӯ ҳарфи дуруст мегуфт.

Ҷурми ман буд, на вай, дурусттараш, айби англисии харобам буд, ки ман ӯро дуруст нафаҳмида будаам, аммо ман аллакай худро таҳқиршуда меҳисобидам ва бо алам бо нарангушт ба сӯи худ ишора зада, гуфтам: «Яъне, шумо ба хулоса омадед, ки ман шакарро дуздидаам?!» Амрикоӣ лаҳзае хомӯш монд ва аз ин сукут ман боз шӯридам ва ба худ қарор додам, ки агар маро ба шакардуздӣ муттаҳам кунад, сухани тунде мегӯям ва аз баҳри кор мегузараму баромада меравам… Шояд ӯ аз вазъи зоҳириам пай бурд, ки дигар дар бораи муттаҳам кардан ба дуздии шакар маъно надорад ва аз ин сабаб ӯ нармтар шуда, бо табассум гуфт: «Не, не, ман шуморо дузд нагуфтам. Ин ҷо якдигарнофаҳмӣ рух додааст. Бубахшед.»

Ман сабук нафас кашидам ва хаёлам, санги гароне аз душам биафтид. «Шумо ба ҳар ҳол он чоруним кило шакар, ки моликияти Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост, баргардонед.» - гуфт дар охир, ҳарчанд гумон доштам, мегӯяд, ки хайр, он чоруним кило шакар ба шумо ҳадия аз Ҳукумати ИМА аст. Ниҳоят ду рӯз пас ман шакар ёфтам ва дар худи ҳамон халтача моликияти Ҳукумати ИМА-ро ба сафорат баргардонидам. Дар давоми фаъолиятам ҳаминро мушоҳида мекардам, ки ҳама ходимони амрикоӣ мисли Курт талош доштанд, моликият ё маблағи ҳукуматашон зоеъ наравад ва исроф нашавад. Боз як нуктаи аҷоиб. Масалан, ба сафорат колое зарур шуду онро бояд аз Тоҷикистон бихаранд ва агар ширкати амрикоӣ ҳам дар бозори Тоҷикистон бошад, барои он ки пул бегона нашавад, сараввал амрикоиҳо ба он ширкат муроҷиат мекунанд. Ин чизро мо аввалҳо дар интихоби ширкати телефони мобилӣ медидем. Кош, мо ҳам моликияти давлатиро мисли ҷаноби Курт Аменду дигар амрикоиҳо ҳифз ва ҳимоят мекардем…

Ва як сабаби ободу пешрафт шудани кишварашон ҳамин Амендҳо ҳастанд! Мехоҳам боз як лаҳзаи умр, ки баста ба ҷаноби Аменд аст, аз ҳикоёти шакар дур нарафта, нақл кунам. Зану шавҳар тахмин тобистони соли 1994 аз сабаби обистани Эллис фаъолияташонро қатъ карда, ба Амрико баргаштанд. Дар Душанбе духтурҳо мужда дода буданд, ки ӯ дугоник таваллуд мекунад ва табиист, ки Эллис мехост дар Амрико фарзанддор шавад. Хазони соли 1994 ҳангоми таҳсил дар таълимгоҳи Департаменти давлатӣ, воқеъ дар наздикии шаҳри Вошингтон дар роҳрав Куртро дидам ва мо, ду шиноси қадима, самимона салому алейк кардем. Ӯ аз Душанбе ва махсусан «обҳои қаҳваранг» (ҳамон солҳо обе, ки тавассути қубур ба хонаҳо меомад, одатан гилолуд буд ва онро «қаҳваранг» мегуфтанд) пурсиду ман аз оилаву дугоникҳояш. Дар охир гуфт, ки ман шуморо ба хона даъват мекунам ва ҳамсарам Эллис ва дугоникҳороҳам мебинед.

Бо ҳамин дидори кӯтоҳ аз ҳам ҷудо шудем. Аз байн чанд рӯз гузашт, вале ӯро дигар надидам. Гумон кардам, меҳмонӣ як хушгӯӣ буд ва аз ӯ мизбониро интизор набудам, зеро вақте дар Душанбе фаъолият дошт, ба хонаам ба меҳмонӣ даъваташон накарда будам. Дар омади гап таъкид мекунам, ки дар тамоми солҳои фаъолият ба хона ду амрикоӣ: собиқ муовини сафир Эдмунд Маквиллямз ва собиқ сафири Амрико дар Тоҷикистон Грант Смитро ба меҳмонӣ хонда будам, аммо дуяшон ҳам аллакай дар вазифа набуда, корро дар Тоҷикистон ба итмом расонида, ба Амрико баргашта, дар замонҳои гуногун барои дидорбинии дӯстон ба Тоҷикистон омада буданд. Ҷаноби Брэдфорд Ҳэнсон, муовини сафир, ки поёнтар дар борааш ҳикоятимуассире меравад, баъди ба итмом расонидани фаъолияташ ба хона даъват шуда буд, вале вақт наёфт.

(Идома дорад)