Лоиқ Раҷабов палангпанҷаи тоҷик

Назарҳо: 304

Лоиқ Раҷабов аз размкорони матраҳи тоҷик аст, ки бо таваҷҷуҳ ба риштаи интихобкардаи ӯ бештар мавриди диққати ҷавонон қарор гирифтааст. Феълан ӯ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сар мебарад ва аз размикорони бошгоҳи “Перфел”  дар ин кишвар маҳсуб мешавад. Ӯ дар суҳбат ба торнамои “Тоҷикони Амрико” гуфт, феълан дар ин кишвар ба тамрину ширкат дар размҳо машғул аст.

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, мактаби ҳамагониро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. Ба навиштаи торнамои “Aboutan”, ки ба муаррифии чеҳраҳои машҳури олам машғул аст, Лоиқ Раҷабов дар айёми туфуллият аз ҳамтоёнаш кам фарқ мекард, аммо ӯ ҳамеша ба варзиш таваҷҷуҳи хоса дошт, бахусус ошиқи варзишҳои размӣ буд. Ба навиштаи ин манбаъ, волидайни ӯ низ зидди майли писарашон мавқеъ нагирифтанд, балки баръакс падараш ӯро ташвиқ мекард. Бинобар ин бо вуҷуде ки дар робита ба дониш аз дигар хонандагони макотиби ҳамагонӣ камтар набуд, ба таҳсил на он қадар аҳамият медод, балки тамоми ҳастияшро ба машқу тамрин ва варзиш бахшид.

Пас аз хатми мактаби ҳамагонӣ ин варзишкори тоҷик донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шуд. Лоиқ Раҷабов, ки ба Jaguar Paw (Панҷаи паланг ё палангпанҷа) низ машҳур аст, риштаи роҳсозии ин донишгоҳро хатм кардааст ва дорои тахассуси муҳандиси роҳи оҳан аст. Аммо пас аз хатми ин донишгоҳ ӯ дар ин ихтисос кор накард, балки дунболи риштаи варзише рафт, ки дар хурдӣ ба он таваҷҷуҳ дошт. Яъне разму рингро интихоб кард.

Масири шуҳрати ӯ дар соли 2015 шуруъ шуд. Маҳз ӯ дар ҳамон сол ба Олмон рафт ва дар толори Олег Шодиев ба тамрини касбӣ оғоз кард. Бештари тамринҳо барои Лоиқ Раҷабов ба осонӣ паси сар шуд. Дар аввалин сабқати худ ин варзишкори тоҷик хуб дурахшид, аммо дар поён размро бохт. Бо вуҷуди ин, яъне новобаста аз шикасти ӯ мубтакирини ММА-и “Тоҷикистон” ӯро имкон доданд, ки ҳадди ақал барои размҳои ғайриҳирфаӣ омода шавад.

Зимнан Лоиқ низ талош кард, аз ин имкон истифода намояд ва воқеан ҳам, тавонист муваффақ шавад. Ӯ дар 11 сабқат пирӯзӣ касб кард ва чаҳор камарбанд аз мусобиқоти мухталифи размҳои омехта ба даст овард. “Aboutan” менависад, варзишкор умдатан дар ҳолати истода мубориза мекунад ва ҳамеша техникаи зарбаии худро тақвият медиҳад.

Дар соли 2019 Лоиқ Раҷабов финалисти “Лигаи размикорони ҳирфаӣ” шуд. Ӯ ба ин унвоне, ки дарёфт кард, розӣ нашуд ва хеле зуд қаҳрамони «MMA European Champions» гашт.  Ин мубориза яке аз намодитарин муборизоти як варзишкори ҳирфаӣ маҳсуб мешуд. Ҳамзамон бо ин дар ӯ ҳамон сол ба PFL роҳ ёфт. Худи ҳамон сол ӯ ба даҳгонаи беҳтарин муборизони ММА дар Русия ва ИДМ низ ворид шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои пурсиши онлайнии ҳаводорони муҳорибаи омехта аз ҷониби портали русии "TurStat" анҷом шуда буд.

Албатта, ин дастовардҳо Лоиқ Раҷаборо қонеъ накарданд, балки талошҳои ин варзишкори тоҷикро барои расидан ба муваффақияти бештар афзуданд.

Дар ин миён Лоиқ Раҷабов шикаст низ дошт. Он маҳз дар соли 2019 сурат гирифт. Ӯ дар мубориза бо Натан Шултсе шикаст хӯрд, аммо дар пайи ин шикаст худро тавҷеҳ накард, дар ҳоле ки пойи чапаш зарб дида буд ва дар ин шикаст нақши зиёде дошт. Дар ҳамин ҳол Лоиқ Раҷабов аз тамоми мухлисонаш узр пурсид, ки аз тарафи коршиносон, ҳамчун ҷавонмардии ин варзишкор ва эҳтироми ӯ нисбат ба мухлисон муаррифӣ мешавад. Ҳамчунин Лоиқ Раҷабов дар Гран-при "Professional fight league (PFL) – 2021" аз тарафи ҳарифи бразилиягиаш Рауш Манфио мағлуб карда шуд. Ин мусобиқа дар майдони "Hard Rock Hoteland Casino"-и “Ҳолливуд” (ИМА) шоми 27 ба 28 октябр доир гашт. Ҳар ду варзишкор ҳам ба майдон бо омодагии ҷиддӣ омаданд. Аз ин рӯ рақобат то охирин дақиқаҳо идома кард. Лоиқ Раҷабов бештар ба ҳамла аҳамият медод, аммо ба ҳимоя кӯшиш накард, ки аз камбуди ӯ дар набард гуфта мешавад. Ҳарифи ӯ бошад, авлавиятро ба ҳимоя медод ва дар паси он зарбаҳои нишонрас мезад, ки боис ба даст овардани холҳои бештар шуд.

Дар поёни рақобат бо қарори якдилона пирӯзӣ ба намояндаи Бразилия Рауш Манфио бо ҳисоби 48-46, 48-46, 49-46 дода шуд. Бо вуҷуди ин “Aboutan” ба ин назар аст, ки ин шикаст ҳам таваҷҷуҳи бошгоҳҳои размӣ ба ӯро накостааст.      

Раҷабов 31 сол дошта, бо лақаби Jaguar Paw шинохта мешавад ва ҳамакнун 15 ғалаба, чаҳор бохт ва як мусовӣ дорад. Ӯ дар Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта PFL ҳаштумин рақобаташро гузаронда, то ҳол се ғалаба, чаҳор бохт ва як мусовӣ дорад.

Оқои Раҷабов ҳам аз талоши ба муваффақияти бештар даст ёфтанаш накостааст. Тавре дар боло зикр кардем, ӯ зиндагӣ дар Амрикоро барои рушди бештари касбияти худ ва ҳамчунин шароити зисташ интихоб кардааст.  Ӯ имрӯз размкори бошгоҳи “Перфел”-и ин кишвар аст ва танҳо бо тамрину разм машғул мешавад.

 "Тоҷикони Амрико"