Моликияти Ҳукумати ИМА (қисмати 3)

Назарҳо: 171

Муҳибуллоҳ Қурбон: Дар Сафорати Амрико ва берун аз он (силсилаҳикоя)

Моликияти Ҳукумати ИМА

(давомаш)

Борҳо мехостам, масалан, дар рӯзҳои ид ҳамкорони амрикоиро даъват кунам, аммо фикри он ки «Ман зердасту ӯ сардор аст. Мабодо аз хаёли нафаре нагузарад, ки ҳа, мехоҳад аз меҳмондорӣ суде бардорад» халал мерасонид...
Аммо ду рӯз пеш аз тамом шудани дарсҳо оқоиКурт занг зад, ки агар рӯзи шанбе холӣ бошам, дар меҳмонхона биистам ва маро аз он ҷо мегирад, зеро аз меҳмонхона то манзили Амендҳо автобус намегашт.
Ин ҷо мехоҳам як - ду ҷумла дар бораи нақлиёт суҳбат кунам. Дар Амрико қариб ҳама мошин доранд, аз ин сабаб дар баъзе шаҳрҳо нақлиёти ҷамъиятӣ, ба монанди автобус, умуман, намегардад. Боре чун ба назди устод Акбари Турсон, ки дар он замон дар иёлати Филаделфия сукунат дошт, рафтанам зарур буд ва аз рӯи тавсияи устод ба автобус нишастам. Ва он хатти автобус тӯлонӣ будааст. Автобус дар истгоҳе қарор гирифт, ки як нафар зани пирсоли нотавон истода, аз ҳаракоташ маълум буд, ки пойашро бардошта, худаш ба автобус нишаста наметавонист. Ман ин манзараро аз даруни автобус мушоҳида доштам ва интизор будам, ки чӣ кор мешавад; ронанда аз автобус баромада, он занро аз дасташ қапида, ба автобус медарорад ё аз мусофирони даруни автобус хоҳиш мекунад, ки ба он заъиф мадад расонанд. На ин шуду на он.
Нохост тарафи рости пеши автобус поён рафт ва қариб ба замин часпид ва он гоҳ он зан оҳиста пойашро ба зинаи автобус ниҳод ва автобус занро фурӯ бурду боз қоматашро рост кард! Гӯё, ҷентелмене буд, ки «сари зону» нишаста, он занро ба дохил гирифт. Ба замми ин дар автобусҳо, дар метро ва дар даромадгоҳи биноҳо ва ҳатто дар ҳоҷатхонаҳо ҳам барои маъюбон ҷойҳои махсус сохтаанд, то ки онҳо азоб накашанд ва худро ҳамчун шаҳрванди комил эҳсос кунанд. Агар меъмор ҳангоми кашидани тарҳи ин ё он иншоот гузаргоҳ ва ё даромадгоҳи маъюбонро ба инобат нагирифта бошад, рухсат намедиҳанд, ки аз рӯи он тарҳ созанд.
Рӯзи шанбе ҷаноби Курт Аменд маро аз меҳмонхона гирифта, ба манзилаш бурд ва хонум Эллис ҳамроҳи духтари тоҷике пешвоз гирифтанд. Эллис гуфт, ки барои тарбияи фарзандонаш аз Тоҷикистон хатмкардаи Донишкадаи тиббиро даъват кардааст, то ки мададашон расонад. Ин ҷо ҳадафи дигаре ҳам ҳаст, ки агар зани амрикоиро ба сифати чӯрӣ ё парастор ба кор гиранд, шояд ду баробари он духтари тоҷик ҳақ талаб кунад.
Курт узр пурсид, ки меҳмонии ман дер кашида, зеро ӯ хостааст барои ман таъоми ҳалол (дар Аврупо ва Амрико моли забҳшударо ҳалол мегӯянд вамағозаҳои алоҳида, ки чунин гӯштро мефурӯшанд, дар пеши дӯкон «ҳалол» менависанд) таҳия кунад ва кадоме ба ӯ маслиҳат додааст, ки агар гӯшти ҳалол наёбӣ, моҳӣ ҳам мешавад. Воқеан, ҳам аз моҳӣ ғизое оварданд, ки маззааш ҳанӯз дар ёд монда. Бори аввал хӯроки лазизтаринро бо номи «Ониён суп» (пиёзшӯрбо) дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Бангалори Ҳиндустон, ки ба он ҷо декабри соли 1987 барои инъикоси Рӯзҳои маданияти СССР дар ҳайати рӯзноманигорони Шӯравӣ сафари хидматӣ доштем, хӯрда будам ва моҳипалави Курт дувумин ғизои бомазза буд.

Амрикоиҳо барои тарбияи фарзанд ҷиддан машғул мешаванд ва барои онҳо ҳама шароити заруриро фароҳам меоранд ва маблағҳои зиёдро барои фарзандонашон дареғ намедоранд.
Барои мисол, ҷаноби Аменд тамоми хароҷоти барои дугоникҳояшон сарфшударо навишта мондааст ва то ҳамон рӯзҳо, ки онҳо нав шаш ё ҳафтмоҳа шуда буданд, оила барои дугоникҳо аллакай 23 ҳазор доллар масраф дошт.
Амрикоиҳо дар миқёси федералӣ ё умумидавлатӣ ва ҳам иёлат барои муҳофизати фарзандони худ қонун ва қоидаҳои судмандро қабул кардаанд.
Масалан, дар аксари иёлатҳо фурӯши шароб ва ҳатто оби ҷав ба бачаҳо ва наврасони то21- сола қатъиян манъ аст. Агар фурӯшанда тахмин занад, ки муштарӣ ба синни 21 надаромадааст, ҳуқуқ дорад аз он нафар шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки синни ӯро муайян мекунад, талаб намояд. Ин ҷо ҷойиз аст, бигӯем, ки амрикоиҳо дар кишвар қариб, ки паспорти дохилиро истифода намебаранд ва аслан, ман надидам, ки амрикоӣ ду шиноснома (дохиливу байналмиллалӣ) дошта бошад. Онҳо, одатан, шаҳодатномаи ронандаро ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ истифода мекунанд.
Аз рӯи қонун агар кӯдак бемор бошад, волидон ҳақ надоранд ӯро танҳо гузошта, ба ҷойе бираванд.

Ёдам монда, ки ибтидои солҳои 2000-ум духтари президент Ҷорҷ Буш, ки синнаш ҳанӯз ба синни 21 нарасида буд, оби ҷав харида, зери танқиди шадиди матбуот афтод ва кам монда, ки қариб ӯро ба ҳабс гиранд ва танҳо баъди супурдани ҷарима духтари президент раҳо ёфт.
Дар аксари иёлатҳо фурӯхтани шароб дар назди мактаб, кӯдакистон, ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ манъ аст. Дар қисми дигари иёлатҳо дар рӯзи шанбеву якшанбе, ба қавли амрикоиҳо, дар викенд (weekend - охири ҳафта), фурӯши шароб қатъиян манъ аст.

(Давом дорад)