Аз Тоҷикистон то ҷаҳон. Сууди ситораи балет дар осмони рақси ҷаҳонӣ
-
Назарҳо: 232

Моҳи декабри соли гузашта расонаҳо аз бозгашти ситораи балети ҷаҳон ба Тоҷикистон хабар доданд. Ба навиштаи расонаҳо, бозгашти ин ҳунарманди тоҷик ба кишвар пас аз 50 сол сурат гирифта.
Фаррух Рӯзиматов, ситораи балети ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон баргашт. Бозгашти ӯро ба Ватан Камолиддин Сайфиддинов, мудири Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ “ангезаи хубе барои рушди балет” ва “рӯйдоди таърихӣ” дар Тоҷикистон унвон кард. Ӯ дар зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “омадани Фаррух ангезаи бисёр хубе барои рушди ҳунари балет дар Тоҷикистон хоҳад буд”.
“Байни театр ва ӯ тавофуқ шуд, ки Фаррух намояндаи театри мо ба унвони сарбалетмейстер ё тарроҳи рақси аслӣ бошад. Ин барои Тоҷикистон як рӯйдоди таърихӣ аст”, - афзуд мудири Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон.
Зимнан суол ин аст, ки ин тоҷик, ки дар майдони балети ҷаҳонӣ дурахшид, кист ва чӣ масиреро паймуда? Дар зер талош мекунем, ба ин суол посухи муфассал диҳем.
Фаррух Рӯзиматов 26 июни соли 1963 дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон таваллуд шудааст. Фаррух замоне ба дунё омад, ки волидайни ӯ дар ин шаҳр зиндагӣ мекарданд. Хабаргузории “Суптник”-и Русия волидайни ӯро зодагони вилояти Суғди Тоҷикистон гуфтааст, ки муддате дар Тошканди Узбакистон ба сар бурдаанд. Падари ӯ Саъдулло Рӯзиматов устоди назарияи низоми мусиқӣ аст ва соли 1943 ба дунё омадааст. Майя Амонова модари ин ситораи машҳури балет мебошад, ду сол аз падараш хурд гуфта мешавад. Тахассуси модари ӯ устоди садо ё устоди сарояндагӣ аст. Ин гуна асотид навомӯзон ё атфолро кумак мекунанд, то тавоноии худро дар овозхонӣ рушд диҳанд.
Соли 1973, замоне ки Саъдулло Рӯзиматов ва Майя Амонова бо фарзандонашон дар Душанбе зиндагӣ мекарданд, устоде аз Омӯзишгоҳи хореографии ба номи А. Я. Вогановаи шаҳри Ленингради Русия ба Тоҷикистон рафт. Ин устод дар зимни имтиҳони қобилияти атфол барои омӯзиши рақс Фаррухи даҳсоларо интихоб кард, ки ба назари коршиносон, ин интихоб ҳич гоҳ интихоби нодурусте набуда. Аммо ин интихоби устод ҳатто барои падару модари ситораи балети кунунӣ дар он замон ғайримунтазира буд.
Ҳамин тариқ Фаррух Рӯзиматов ба омӯзиш дар Мактаби провославии балети Ваганова ба омӯзиш пардохт. Ӯро дар ин даргоҳ Г. Н. Селютский, Н. В. Балтачаева, Н. Н. Серебренников ва дигарон омӯзиш доданд.
Дар саҳначаи ихтитомияи омӯзишгоҳ Фаррух Рӯзиматов мушкилтарин рақси “па де де”-и “Дон Китох”-ро иҷро кард ва муваффақ ҳам шуд. Ба навиштаи манобеъ, ин рақс аз рақсҳои дӯстдоштатарини Фаррух Рӯзиматов будааст. Зимнан ин ситораи балет дар суҳбат бо торнамои “Ла персона” гуфтааст, иҷрои саҳнае аз “Дон Кихот” дар театри Марийнски Русия мондагортарин лаҳзаи ҳаёти ӯ будааст, ки барои аввалин бор дар 11-солагияш сурат гирифтааст.
Соли 1981, пас аз хатми дуруси Геннадий Селютск Рӯзиматов ба Театри опера ва балети ба номи Кирови шаҳри Ленингради Русия ба кор рафт. Ӯ дар соли 1986 солисти ин театр шуд. Вай дар репертуарҳои балети классикии ин театр нақши асосиро дошт. Дар соли 1990 ӯ ба Театри балети Амрико даъват шуд. Аммо дар он ҷо зиёд кор накард, балки боз ба Русия баргашт. Ӯ дар робита ба бозшгашташ аз Амрико ба Русия танҳо ишорае кардааст, он ҳикоят аз фаслӣ будани таваҷҷуҳ ба балет дар Амрико мекунад.
Бояд гуфт, Майя Плисетская, Мстислав Ростропович, Владимир Василев, Екатерина Максимова Маргарита Куллик, Татяна Терехова, Олтиной Асилмуродова, Юля Махалина, Лариса Лежнина, Ирина Чистякова, Светлана Захарова, Диана Вишнева аз зумраи афроди машҳури дар санъати рақси балет будаанд, ки бо Фаррух Рӯзиматов дар давраҳои мухталиф ба саҳнаи рақс баромадаанд.
Вай дар соли 2006 бунёди Эҳёи ҳунари рақсро созмон дод. Ин бунёд беҳтарин донишҷӯёни Академияи балети русии ба номи А. Я. Вангановаро шаҳрия (степендия) медод. Ин бунёд ҳамчунин дар таҳияи саҳнаҳои нави балет, асотиди ин соҳа дар Русияро кумак мекард. Ин бунёд соли 2011 аз тарафи Фаррух Рӯзиматов, ки аз замони ташкил то таътилаш дар раъси он қарор дошт, барҳам дода шуд.
Фаррух Рӯзиматов соли 2007 раҳбари бадеии балети театри Михайлови Русия таъйин шуд. Ӯ дар ин симмат то соли 2009 фаъолият кард, ки тайи ин солҳо ҳафт барнома таҳия намуд. Ин барномаҳо дар Лондон, Венетсия, Токио ва соири шаҳрҳои Ҷопон намоиш дода шуданд. Дар пайи ин намоишҳо дар хориҷ аз Русия ва Тоҷикистон ӯ сазовори ҷоизаи бартари Бритониё “National Dance Awards” шуд.
Ӯ замоне худро дар робита ба фаъолияти рӯзноманигорӣ низ имтиҳон карда буд. Ҳарчанд ба муддати кутоҳе дар соҳа фаъолият кард, аммо дар ин ҷода низ муваффақ унвон мешавад. Ӯ барои нишон додани касбият дар ин соҳа дар қатори сегонаи беҳтари Туҳфаи миллӣ дар соҳаи ВАО-и “Искра” қарор гирифта буд.
Аммо аз соли 2009 боз ба саҳнаи балет баргашт ва ҳунармандонеро аз театрҳои Бузург, Мариин ва Михайлов ҷазб кард. Солҳои 2014-2015 бошад, раҳбарии гурӯҳи балети Театри мусиқии давлатии Ростовро ба уҳда гирифт. Тӯли чаҳор моҳи соли 2018 дар Ӯзбакистон фаъолият кард ва моҳи марти соли 2021 раҳбари гурӯҳи балети Театри опера ва балети Новосибир таъйин шуд. Феълан ӯ раҳбарии гурӯҳи балети Театри академикии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанберо ба уҳда дорад.
Ҳамзамон Фаррух Рӯзиматов дотсенти кафедраи рақс ва дуэти классикии Академияи балети русиии ба А. Я. Вагановаи Русия низ ҳаст. Зимнан ӯ дар макотиби хусусии марбут ба балети шаҳри Санкт-Петербург низ дарс мегӯяд.
Фаррух Рӯзиматов барандаи ҷавоизу ановини мухталиф дар Тоҷикистон, Русия ва хориҷ аз он аст: Озмуни байналмилалии ҳунармандони балет дар шаҳи Варнаи Булғор (1983), Озмуни байналмилалии ҳунармандони балети Порис (1984), Ҳунарманди хидматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1988), Ҳунарманди хидматнишондодаи Федератсияи Русия (1995), “Софити тилоӣ” (1995), “Бенуа де ла Данс” (1997), “Ниқоби тилоӣ” (1998), “Балтик” (1998), Ҳунарманди мардумии Федератсияи Русия (2000).
Манобеъ аз чунин филмографияи ин ҳунарманд мегӯянд, ки ӯ дар онҳо нақшҳое ба уҳда дошта: “Рӯбоии Хайём” (1980), “Корсар” (1987), “Мавзуъҳое барои тафаккур”(1988), “Шабҳои Миср” (1988), “Гран па дар шаби сафед” (1988), “Зебои хуфта” (1989), “Агар ситораҳо рӯшан шаванд” (1989), “Ҷаҳони шикаста” (1990) , “Фаррух Рӯзимтов мерақасад”(1991), “Ҳама хуб аст”(1991), “Меҳрубон” (2000), “Фаррух ва Диана” (2000) ва “Андерс Лиепа. Шоҳзода будан мушкил аст” (2012).
Фарух Рӯзиматов дар тӯли зиндагияш бо ду хонум, аввал бо Олга Обуховская, ҳенарпеша, коргардон ва продюсери петербургӣ издивоҷ кардааст, ки аз ин издивоҷ писаре ба номи Станислав ба дунё омадааст. Виктория Кутепова, ҳунарпешаи балети театри Мариин ҳамсари дувуми Фаррух гуфта мешавад. Онҳо аз зиндагии якҷоя писаре бо номи Далер доранд.
Ҳарчард ин ҳунарманд дар зумраи асотиди ин соҳа унвон мешавад, аммо тайи суҳбатҳояш ҳамвора таъқид карда, ӯ омӯхтанро дар нисбати омӯзондан бештар хуш дорад.
"Тоҷикони Амрико"