Некӣ

Назарҳо: 131

Брэдфорд Ҳэнсон дар вилояти Суғд ҳангоми маъмурият

Яке аз беҳтарин инсонҳое, ки ман ҳамроҳаш фаъолият доштам, ин ҷаноби Брэдфорд Ҳэнсон, муовини сафири ИМА дар Тоҷикистон буд, ки хазони соли 1994 ба Тоҷикистон омад.  

Бори нахуст бо Брэд (номи кӯтоҳшуда.   Одатан, ба истиснои сафир дигар ҳама амрикоиҳо хоҳиш мекарданд, ки бо онҳо бо номи кӯтоҳ муомила дошта бошем ва ин ҳам як нишонии оддиву хоксории онҳо буд.) дар  Вошингтон соли1994, замони маъмурияти аввалаам ба Амрико мулоқот доштем.   Аз рӯи қарордод мо мебоист дар даҳлези Департаменти давлатии Амрико, яъне, Вазорати умури хориҷа,вомехӯрдем.   Ҳамон лаҳза хонуми дигаре омад, ки номаш дар ёд нест, ба фикрам, сардории дафтари Тоҷикистон дар Департаменти давлатиро ба ӯҳда дошту бо сафари хидматӣ дар Душанбе буд.   Дар вақти гуфташуда оқои Ҳэнсон ҳозир шуд ва мо се нафар зимни суҳбат қаҳва нӯшидем.   Вақти ҳисобӣ расид ва ман ҳам баробари онҳо даст ба ҷайб бурдам, аммо «Муҳибуллоҳ, шумо меҳмон» гуфта, пардохти қаҳваи ман нӯшидаро низ ба ӯҳда гирифтанд ва миёни ҳамдигар… тақсим карданд, лекин маро як лаҳза дар ҳайрат гузошт.   Ба тахмини камина он се қаҳва чор ё панҷ доллар мешуд.   Ба фикрам, пули нӯшокӣ тоқ буд, ки муддате миёни дуяшон чанд тангаи сент доду гирифт шуд.

Дар мо одат ё анъана шудааст, ки агар марду зан ё ҷавону духтар якҷоя дар тарабхона таъом хӯранд, мард ва ҷавон пардохт мекунанд, вале барои ман он чиз шигифтангез буд, ки дар Амрико мардон ва занон худро баробарҳуқуқ медонанд ва намегузоранд, ки мард ба ҷойи зан пул диҳад.   Ҳатто мушоҳида ҳам кардам, ки ҳангоми ба бино ворид шудан ва ё баромадан мард ғолибан занро аз худаш пеш намегузаронад ва ё мард бори занро намегирад ва ҳатто баъзе занҳо ин гузашт ва ё эҳтироми мардро барои худ таҳқир меҳисобанд.

Зимистони соли 1995 ҳамроҳи Брэд ба ноҳияи Исфара ба маъмурият рафтем.   Аз соли 1993 то соли 2000,то он замоне, ки сафорат мукаммал набуд, аксари амрикоиҳо, аз ҷумла, сафир, муовин, сардори шӯъба ва баъзан кормандони шӯъбаи низомие, ки ба вилояти Суғд ё Рашт ба маъмурият мерафтанд, ҳамроҳашон мерафтам, зеро ҳарчанд забони англисиам аз дигарон бадтар буду беҳтар не, забони тоҷикиро аз дигар кормандон хубтар медонистам.   Ҳангоми сафарҳо ба Брэд дар бораи меҳри фавқулоддаи модарам нақл мекардаму вай муассир мешуд.  

Ӯ забони форсиро хуб медонист.   Боре маро шарманда ҳам кард.   Як матнро барои ба тоҷикӣ гардонидан ба ман дод.   Саросема тарҷума кардаму онро баргардонидам.   Пагоҳии дигар матни тоҷикии тарҷумаро овард; он чанд варақ аз таҳрир суп - сурх шуда буду ҳам чашмони Брэд.   Маълум, ки то дер нахобида, тарҷумаи тоҷикии маро таҳрир карда буд.   Бале, Брэд матни тоҷикиро, на англисиро, қалам зада буд; замин накафид, ки дароям.   Сабаби чунин сурх шудани тарҷумаи ман надонистани забони тоҷикӣ неву дуруст нафаҳмидани баъзе калимаву ибораҳои англисӣ буд, яъне, аз сабаби дуруст нафаҳмидани калимаҳои англисӣ дар баргардониш саҳв аз ман гузашта.  

Таъна назад, киноя ҳам накард, аммо танҳо пурсид, ки барои тарҷума аз кадом луғат истифода кардам.   Посухаш додам, ки аз фалон фарҳанги англисӣ ба форсӣ.   Таъкидам кард, ки агар тавонам, аз он луғатнома баҳра набардорам, зеро хатоҳои зиёд дорад.  

Боз як рафтори хуби амрикоиҳоро баста ба забон бо некӣ ёд меорам.   Вақте дар талаффуз ё тарҷумаи калимаи англисӣ хато мекардам, амрикоӣ бо одоби хос мегуфт, ки онҳо ин калимаро ба ин ё он тарз талаффуз ё тарҷума мекунанд, яъне, рӯирост намегуфтанд, ки ту дар талаффуз ё тарҷума хато кардӣ.   Ҳаргизписханд намезаданд, ки наход ҳамин калимаро надонӣ.  

Боре аз маҳфиле меҳмоне барвақт рафта буд ва Брэд пурсид, ки он нафар куҷост.   Гуфтам: He has gone (Ҳи ҳэз ган, яъне, аз назари ман; ӯ рафтааст).   Дар ҳайрат зад ва табассум карда, гуфт: What? He has gun?(яъне, аз назари Брэд: Чӣ, вай туфангча дорад?Зеро ман ин ду калима: gone ва gun-ро як хел «ган» талаффуз кардам.)Боз такроран гуфтам, ки: He has gone, яъне, вай рафтааст.   Баъд ба ман гуфт, ки мо калимаи «gone»-ро «гон» талаффуз мекунем, вале вақте шумо «gone»-ро «ган» талаффуз мекунед, мазмунаш «туфангча» аст.   Ин ҷо гуноҳи ман ҳам набуд, дар луғоти кӯҳна ҳамин тавр, талаффузи калимаи «gone»-ро «ган» додаанд.

Ҳамин тавр, дуямон ба Исфара ба маъмурият рафтем ва барои шабгузаронӣ осоишгоҳи «Зумрад»-ро интихоб кардем.   Сардухтури осоишгоҳ шодравон Мирзо Олимов бо мамнуният меҳмонро пазируфта, барояш беҳтарин котеҷ, барои хӯроки нимарӯзӣ оши палав ва ҳатто дастаи шашмақомхононро даъват кард.  

Вақте дар чойхонаи пурнақшу нигори ба номи Синои осоишгоҳ оҳанги классикӣ нарм садо медод, Брэд мафтун шуда, ба акаи Олимов иқрор кард, ки рӯзи дар «Зумрад» оши палав хӯрдану оҳанги классикӣ шунидан яке аз беҳтарин лаҳзаҳои умраш будааст.  

(Давом дорад)