Некӣ - 2
-
Назарҳо: 210
Брэдфорд Ҳэнсон дар вилояти Суғд ҳангоми маъмурият
(Давомаш)
Воқеан, аз муносибати мардум, махсусан, роҳбарони чунин муассисаҳо таассуроти меҳмонҳо ва ё хориҷиҳо дар бораи одамони ин ё он маҳал шакл мегирад, зеро вақте дар бораи Исфара, «Зумрад» ва мардуми он тавсифро сар мекардам, хонум Ренни, зани сафир Грант Смит ба ман маънидорона табассум зада, ба гӯшам гуфт, ки мардуми Исфара, ходимони осоишгоҳи «Зумрад» меҳмоннавозанд, ба ғайр аз роҳбари «Зумрад»…
Ин хулосаи хонуми сафир, як шахси ҷаҳондидаву оқила, беҳуда набуд ва ӯ барои гуфтани чунин ибораи «ба ғайр аз роҳбари «Зумрад» ҳақ дошт, вале ман наметавонистам аз сарвари ин осоишгоҳ дифоъ кунам ва бовар дорам, ҳикояти зерро хонед, ба хулосаи ӯ шумо низ шарик мешавед.
Соли 1997 вақте сафари хидматии сафир Грант Смит ба Исфара маълум гардид, беихтиёр зери таассуроти меҳмоннавозии шодравон Олимов барои сафиру ҳамсараш осоишгоҳи «Зумрад»-ро интихоб кардам, ҳарчанд баъзе дӯстон дар Исфара гуфтанд, ки он нафар аз кор рафтаанд ва роҳбари нави «Зумрад» дигар шахс аст ва ҳатто зарбулмасале оварданд, ки ҷорӯби нав ба тарзи нав мерӯбад, вале ман ба маънои ин ишора дер сарфаҳм рафтам, ки воқеан ҷорӯби нав дигар хел мерӯфтааст.
Воқеан ҳам роҳбари наве сари кор омада будааст. Албатта, вай Олимов нест ва тарзи роҳбарии худро дорад, аммо ман бовар доштам, ки ба чунин осоишгоҳ, ки бо мизоҷону беморон ва меҳмонони аз дуру бар омада муносибат мекунад, албатта, шахси ҳалиму боадаб, донишманду хушгуфтор бояд сарварӣ кунад ва ӯ ҳам аз тоифаи Олимов аст, аммо…
Сардор Восидов маро сард пешвоз гирифт ва аз он одоби олӣ, хушгуфторӣ ва ҳилм, ки Олимовро хос буд, дар сарвари нав пай набурдам. Гуфтам, ки сафири Амрико бо хонумаш як шаб дар осоишгоҳ мехобанд. Посухам дод, ки барои эшон танҳо дар бинои умумӣ ҷой ҳаст. Ҳарчанд фаҳмондам, ки ба онҳо котеҷ диҳад, зеро ин гуна меҳмонони баландмартабаи хориҷиро дар бинои муқаррарӣ ҷой додан аз рӯи одоби меҳмондорӣ нест, суханам нагузашт ва ман омода будам, баҳсро оғоз кунам, ки ҳозир вазире ё кабире аз Душанбе ояд, агар котеҷ надошта бошӣ, идораатро ҷой карда, он меҳмонро менавозӣ, аммо ба хотири он ки аз ҳамин ҳуҷра ҳам маҳрум накунаду мушкилии меҳмонхона пеш наояд, хомӯш он ҳуҷраро пазируфтам. Дертар шунидам, ки ба кадом курсинишини Душанбе, ки ба истироҳат омада будааст, воқеан ҳам дафтари худро ҷой карда будааст.
Чун бегоҳ оқои сафиру хонумаш Ренни ба ҳуҷра даромаданд, димоғашон сӯхт, зеро он воқеан ҳоли хароб дошт ва сақф ҷо - ҷо рехта буд. Бо вуҷуди пурбардоштӣ хонум Ренни ба ходими ин осоишгоҳ бо забони буррои тоҷикӣ: «Ҳазор раҳмат ба шумо, исфарагиҳо, барои меҳмондории тоҷикӣ!»гуфт.Аз ин сухани кинояомез шарм доштам, зеро, чи хеле гуфтам, пеш аз омадан борҳо дар бораи меҳмоннавозии роҳбарони «Зумрад» ва мардуми Исфара ба амрикоиҳо, аз ҷумла, ба сафиру хонумаш таъриф зада будам.
Аммо баръакси роҳбар духтурон ва ходимони ин осоишгоҳ мутахассисони дараҷаи олӣ ҳастанд ва кашиши мардум ба ин ҷо ва маҳбубияти он аз ҳисоби ҳамин табибону пизишкёрон аст. Масалан, номзади илми тиб, духтур Файзуллоҳи Саид, писари нависандаи шодравон Лутфӣ Саидро мешиносам, ки ҳар замон ба Душанбе омада, ба донишпӯёни Донишгоҳи тиббӣ дарс медод. Аз Исфара ба Душанбе, на баръакс. Медонистам, ки аз марказ ба ноҳияҳорафта, дарс медиҳанд, вале баръаксаш шояд кам бошад. Намехоҳам, суханро ба дарозо кашам, лекин он чӣ гузашт, айнан нақл мекунам.
Модарам тахмин дар 77 - солагӣ меъдакасал шуданд ва ман ба Душанбе овардам. Ба чанд мутахассис нишон додам ва муолиҷа ҳам гирифтанд. Чун пурсидам, модарам гуфтанд, ки сиҳат шудам, аммо моҳе пас боз додарам занг зад, ки модарам бемор… Шунидам будам, ки Файзуллоҳ дар «Зумрад» тавассути сӯзанзанӣ беморонро шифо мебахшад. Ба Исфара шитофтам ва модарамро назди Файзуллоҳ бурдам ва баъди муоина гуфт, ки меъдаи модаратонро хунук гирифтааст ва, иншоаллоҳ, баъди муолиҷа сиҳат мешаванд…
Ростӣ, ба ин гуна муолиҷаҳо бовар надоштам ва вонамуд кардам, ки суханаш дурусту модарам сиҳат мешаванд, аммо дар дил кайҳо ҳарфҳои ноумедонаи «Дар Душанбе натавонистанду як духтури маҳаллӣ боз бо сӯзан муолиҷа мекардааст» гузашта буд. Баъд табобат сар шуд. Файзуллоҳ ба сари ангуштони модарам доирачаҳо кашида, ба он афрӯзаи сигарети борикеро наздик оварда, ба ҳамин тарз бо навбат ба чанд ангушт гармии оташи сигаретро расонид ва баъд чун ман ором ин тарзи муолиҷаро тамошо доштаму ба натиҷаи мусбати он бовар не, гуфт, ки торҳо ё ресепторҳои меъда аз ангуштон мегузаранд ва гармиро ба меъда мерасонанд ва меъда сиҳат мешавад. Нав ба сарам зад, ки ҳа, барои ҳамин мегуфтаанд, ки таъомро бо даст хӯред, чунки вақте ангуштон хӯрокро ламс мекунанд, ҳамон замон ресепторҳо ба мағзи сар ва аз он ҷо ба меъда хабар медиҳанд, ки барои ҳазм омода бошад. Сабаби дигараш дар он мебошад, ки вақте ангуштон ба таъом мерасанд, аллакай таркиби он аз кадом ғизо таҳия шудааст, таҳлил гардида, ба мағзи сар хабар мерасад, ки баоои ҳазми он меъда чӣ бояд ҷудо кунад. Баъд якчанд сигарет доданд, ки ман он муолиҷаро дар хона давом диҳам ва ҳамин хел ҳам кардем ва модарам баъди он муолиҷа шаш сол зистанд ва дигар ҳаргиз аз меъда шиквае надоштанд…Акнун узве ба дард ояд, пеш аз ҳама дар хаёлам номи Файзуллоҳ меояд ва гумон мекунам, ки агар дандонкасал шавам ҳам, назди ӯ меравам ва ӯ, албатта, тавассути сӯзанзанӣ шифоям мебахшад…Ман бо як духтури ин осоишгоҳ кордор шудам ва саддарсад бовар дорам, дигар табибони ин макон дар табобат аз Файзуллоҷон шояд бартарӣ дошта бошанду камӣ не!
Дар бораи пизишкёрон ё парасторони ин осоишгоҳ ҳам танҳо суханҳои самимӣ шунидаам. Як шиносам баъди ба «Зумрад» рафта омадан ба таърифи кормандони осоишгоҳ сар кард: «Ман дар ҳама се осоишгоҳҳоинамоёни ноҳияҳои атрофи Душанбе муолиҷа гирифтаам, вале «Зумрад»-и Исфара беҳтарин духтурону беҳтарин парасторон дорад. Вақте ман дар ванна мехобидам, барои он ки гарданам дард накунад, парастор сачоқро ба пушти сарам мемонд ва агар арақ мекардам, нами ҷабинамро мегирифт. Ин гуна ғамхорӣ дар ҳаққи мизоҷро танҳо дар мардуми Исфара дидан мумкин аст.»
Аммо ин «меҳмоннавозӣ»-и роҳбари ба ҷойи Олимов омада барои ман хиҷолатомез ва дарси хубе буд, ки аз пушти он шахсе, ки надидаӣ ва намедонӣ, ки ӯ чӣ сурату чӣ сират дорад, ба дигаре ваъда надеҳ!
Ҳамон сол ба худ қавл додам, ки то ҳамон сарвар аз "Зумрад" наравад, меҳмононро ба ин мавзеъ намеорам ва худам ҳам намеравам. Ҳамин тавр ҳам шуд; дигар ягон амрикоиро ба «Зумрад» намебурдаму рост ба Чоркӯҳ ба ҳавлии модарам ва ё баъди гузаштани модарам ба манзили хусурам мебурдам, зеро медонистам, ки раҳматӣ хуштоманам, ояи Бигулсун ҳам меҳмонҳоро мисли модарам бо меҳрубониҳои зиёд ва ҳиммати баланд пешвоз мегирифтанду мегуселониданд.
Аввали июни соли 2011 хабаре расид, ки раҳбари "Зумрад"-ро аз кор гирифтаанд ва ё ба нафақа фиристодаанду писари шодравон Олимов ба ҷойи ӯ таъин шудааст. Чӣ фоли неке…
Бармегардем ба қиссаи оқои Ҳэнсон.
Мо омодаи ба котеҷ рафтан будем ва Брэд инро пай бурда, гуфт, ки ба ман Чоркӯҳ маъқултар аст. Ба хонаи модаратон меравем ва бо он кас суҳбат мекунем. Боварам намеомад, аммо Брэд ба тарафи котеҷ намерафт. Дар назарам қарори ӯ ҷиддӣ намуд.
«Брэд, ман ҳам мехоҳам ба Чоркӯҳ назди модар равем, лекин дар деҳа барқ нест, сониян, дер шуд. Роҳ ҳам яхча ва хатарнок. То мо ба хона меравем, як соат мегузарад. Модарам пир (77 - сола буданд) ва агар равем, он кас маҷбур мешаванд, бароямон таъом пазанд…»
«Не, Муҳибуллоҳ, ман ба модаратон мегӯям, ки мо дар Исфара оши палав хӯрдем, сер ҳастем.»- сухани маро бурид.
«Брэд, аввалаш ин ки модарам на ба гапи шумо ва на ба гапи ман гӯш мекунанд ва албатта, палав мепазанд, зеро агар меҳмон омада, таъом нахӯрда, равад, ин барои мизбон шармандагист ва очам ин чизро ба худ ҳаргиз раво намебинанд ва намебахшанд. Баъд агар ба деҳа равем, модарро дар ташвиш мемонем, зеро ҳозир ман медонам, ки танҳо ба як хонаи худашон алав кардагӣ. Дигар хонаҳо сард, бинобарин он кас боз ба даву този ангишту ҳезум машғул мешаванд. Беҳтараш, баъди маъмурият шуморо то Хуҷанд гусел мекунам ва назди модарам бармегардаму ду-се рӯз меистам…»
«Не, ба Чоркӯҳҳамроҳ меравем, вассалом!»- гуфт Брэд ва ман ночор розӣ шудам, аммо намефаҳмидам, ки чаро оқои Ҳэнсон ин қадар барои ба деҳа рафтан ва махсус дар ҳавлии мо пофишорӣ дошт.
Гап дар сари он ки ман аз рӯи низоми кор наметавонистам амрикоиро дар котеҷ танҳо гузораму ба Чоркӯҳ равам ва агар розӣ ҳам мешуд, ин корро намекардам, зеро тани гарм; инсон бемор шуданаш мумкин ва ё эҳтимоли ҳазор ҳаводиси дигар ҳаст ва ман ақаллан ҳамчун тарҷумон бояд паҳлӯи амрикоӣ бошам.
Мо тахминан соати ҳашти шаб ба хонаи модар расидем. Барқ набуду хона торик. Ман оҳиста ба дарвозаи шинос куфтам ва лаҳзае пас садояшон «Миҳибҷон, шумо - мӣ, писарам?» баромад ва интизори ҳарфи ман нашуда, зуд дарвозаро кушоданд, зеро медонистанд, ки ғайр аз ман, фарзанди раҳдурашон, дигар нафаре шабона он касро ташвиш намедиҳад.
«Ҳа, ман, модарҷон, лекин меҳмон дорам… сардорамон ҳамроҳам…»
«Нури дида, тоҷи сар…», - гуфта, маро ба оғуш кашида, бӯсидандва бо Брэд пурсупос карда, зуд чароғи карасиниро афрухтанд. Мо ба меҳмонхонаи сард даромадем. Ҳарду меларзидем ва ба якдигар табассум мекардем. Баъд додарам омад ва ба назди меҳмон ду - се ҳамсояро хонд.
Тахмин соати даҳи шаб палави модар пухт ва чун ҳарвақта беҳтарин ғизо буд.
Пас аз суҳбат ва гусели ҳамсояҳо Брэд ба даруни ҷогаҳ даромад ва меларзид, зеро ба меҳмонхона бухорӣ нашинонида будаанд.
«Муҳибуллоҳ, акнун шумо метавонед, назди модар равед ва суҳбат кунед. То пагоҳ», - гуфт Брэд дандон ба дандон зада.
Бо модар то як поси шаб паси сандалӣ рӯбарӯи ҳам нишастем. Давраҳои бачагиам, падарам ва дигар хешу ақрабои фавтидаро ёд овардем. Баъд модарам дар бораи давраи бачагии ман чанд лаҳзаҳои аҷибу хотирнишинро нақл карданд.
Шабе буд бисёр азизу нотакрор ва имрӯз ҳам он лаҳзаҳоро чун яке аз беҳтарин муколамаи ману модарам ба ёд дорам.
Пагоҳӣ назди Брэд даромадам ва пурсидам, ки чи хел хобид. Гуфт, ки олиҷаноб буд.
Баъди наҳорӣ ба мошин нишастем ва модарам дар миёни кӯчаи маҳаллаамон то нопадид шудани мо рост истода буданд…
Ман ба андеша фурӯ рафтам ва Брэд мехост маро аз банди хаёл бираҳонад ва шояд барои ҳамин бо табассум пурсид:«Муҳибуллоҳ, чаро ман хостам, ки дар хонаи шумо бихобам? Сабабашро фаҳмидед?» Гуфтам, не.
«Замони суҳбатҳо дарбораи модаратон мегуфтед, ки афсӯс, ман дарДушанбеам ва наметавонам бисёртар назди модар бошам. Бинобарин ман нахостам, дар котеҷ бихобам, зеро шумо маҷбур мешудед, ҳамроҳи ман дар «Зумрад» монед, аммо ман мехостам, шумо бо модаратон бештар шинед. Модарон ғаниматанд…»
Брэд шахси шухе ҳам буд. Ӯ бо ҳамкорам Шоҳин Асадов ба Бадахшон ба маъмурият рафта буданд. Ҳангоми бозгашт дар роҳ ронандаи сафорат шодравон Исмоил, ки инсони нарме буду аз ӯ пашша озор намеёфт, мошинро нохост медорад ва узр пурсида, мегӯяд, ки як парронам.
Брэд калимаи «парронам»-ро шунида, лаҳзае дар ҳайрат меафтад. Шояд гумон мекунад, ки дар атроф паррон - паррон шудаасту Исмоил барои хабар гирифтан мошинро доштааст, вале чун Исмоил пас аз қазои ҳоҷат, ба қавли худаш «парронда», бармегардад, Брэд табассум мекунад.
Баъди соате чун чун поёнтар мераванд, Брэд ҳам бо тоҷикӣ ба ронанда мегӯяд:«Исмоил, мошинро дор, ман ҳамяк парронам...»
Тахмин соли 2007 - 2008 оқои Ҳэнсон дар Ӯзбекистон муовини сафир буд ва соли 2008 ба Душанбе омад, то ки ба дидори дӯстон бирасад, вале афсӯс, дар он замон ман дар сафари хидматӣ дар Амрико будам ва якдигарро надидем, аммо рӯзе, иншоаллоҳ, бо ӯ вомехӯрем, зеро чи хеле мегӯянд, кӯҳ ба кӯҳ намерасад, лекин одам ба одам мерасад.
Аммо некии муовини сафири Амрико дар Тоҷикистон Брэдфорд Ҳэнсонро, ки тавассути ҳиммат ва гузашти ӯ ман бо модар суҳбати ширини фаромӯшношуданӣ доштам, якумр дар хотирам нақш баста.
(Давом дорад)