РОҲ БА СӮЙИ UFC

Назарҳо: 184

Самандар Муродови 23-сола, қаҳрамони феълии “Eagle FC” бо рекорди 7-0 дар мусобиқаи «Road to UFC» дар Абузабӣ бо Ҷиан Сикейра (Gian Siqueira) рақобат намуда, ӯро бо роҳи бӯғӣ кардан шикаст дод ва аз ин тариқ ҳақ пайдо кард, то ба бошгоҳи варзишии UFC роҳ ёбад.

Дар ин хусус торнамои ҶОМ хабар додааст.

Самандар баъд аз Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров сеюмин нафарест, ки роҳи хешро ба UFC ҳамвор намуд.

Дар бораи Самандар Муродов дар интернет иттилои зиёде нест. Ин варзишкор зодаи Тоҷикистон дар 28 августи соли 1999 аст, вале ба иттилои “Википедия”, ӯ дар вилояти Твери Русия ба сар мебарад. Ӯ дар ҳашт разм ширкат кардааст, ки кулли онҳоро муваффақ анҷом додааст.

Ӯ баъди пирӯзӣ бар Ҷиан Сикейраи бразилӣ дар мусобиқаи «Road to UFC» дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Тоҷикистон баргаштааст.

Самандарро дар Тоҷикистон аввал ёру дӯстон ва хешовандонаш пешвоз гирифта, зимнан Саидҷон Холов, яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар ба вай калиди хона туҳфа кардааст.

Устоди ӯ Раҷабалӣ Баёнов гуфтааст, ки “размикор мутмаъинан ва ба сурати мусаллату сареъ бар рамзикори бразилӣ пирӯз шуд”.

Ба навиштаи манобеи хабарӣ, чаҳор сол аст, ки Самандар Муродов рамзикориро тамрин мекунад. Аммо ӯ ҳанӯз аз кӯдакӣ ба варзиш машғул буд. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз 7-сола буд, ки кушти тарзи озод тамрин мекард. Ин ҳам бо ҳадафи қаҳрамон шудани Самандар буд, ки ин хоҳиши падараш буд, аммо ӯ риштаи размикориро интихоб кард.

Як қаҳрамонии дигари Самандар Мирзоев дар зимни разм соли гузашта ӯро машҳур карда буд. Вай дар сабқати якҷояи “Fight Nights” ва EFC ба поси хотири Абдулманап Нурмагомедов бо китфи шикаста размро давом дод ва бар размикори рус Максим Шветс пирӯз шуд. Ҳол он ки қабл аз он пирӯзии ӯ бар Абдураҳмон Алимаҳмадовро довар эълон карда буд. Пас аз ин пирӯзӣ оқои Мирзоев аз Раҳими Ғармӣ “Мерседес” туҳфа гирифт.

Ҳоло баҳсҳо атрофи роҳёбии Самандар ба UFC доғ шудаанд. Масалан, сойти “Спорт тҷ” менависад, ки агар Дана Уайт UFC имзои қарордод бо ӯро таъйид кунад, Самандар Мирзоев пас аз Нуруллоҳ Алиев дуюм тоҷике хоҳад буд, ки UFC роҳхат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, UFC бо размикоре қарордод имзо мекунад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ӯ раводид диҳад, ба ин хотир ин размикори тоҷик пас аз гирифтани раводиди ИМА мумкин аст, бо UFC қарордод имзо кунад.

Ин манбаъ мегӯяд, феълан устоди ӯ Раҷабалӣ Баёнов дар Олмон қарор дорад ва талош мекунад, барои шогирдаш визои Амрикоро ба даст орад.

Зимнан мо низ барои барор мехоҳем.

"Тоҷикони Амрико"