Хоксорӣ

Назарҳо: 200

Дар яке аз маъмуриятҳои аввал дар шаҳри Хуҷанд ҷаноби Грант Смит бо сиёсатмадоре вохӯрӣ дошт.   Ҳангоми аз меҳмонхона баромадан дидам, ки ҷомадони сафир гаронтар буд ва гуфтам, ки агар рухсат диҳад, мададаш расонам, зеро оқои Смит аз ман калонсолтар аст ва ман аз рӯи ҳурмати синну сол ин пешниҳодро кардам.   Баъди изҳори сипос сафир гуфт, ки ҳар кас бори худро худ бардорад, беҳтар аст.

 Баъди он боз дар кадом вохӯрие сафир бо мусоҳиб дар диван менишастанду ман дар канори миз.   Барои сафир худкор зарур шуд ва он дар рӯи миз ба ман наздиктар буд, аммо ҷаноб бархоста,он худкорро гирифт ва ба ҷояш нишаст.   Агар ба ман мегуфт, аз ҷоям барнахоста, бе заҳмате он қаламро ба сафир медодам, аммо на танҳо сафир, балки ҳамаи амрикоиҳо, ки бо онҳо кор кардаам ё муомила доштаам, айнан мисли сафир кори худашон метавонистаро аз дигар кас, махсусан, аз зердастон хоҳиш намекарданд.

 ба ин дигар лаҳза, ки соли 2009 рух дода буд, ёдам меояд. Президент Барак Ҳусейн Обама бо ташрифи расмӣ ба Миср омад ва ба мо хабар доданд, ки ӯ дар донишгоҳи Ал - Азҳар ба мардуми мусалмони тамоми ҷаҳон Паём мефиристад ва ба ин муносибат ба Сафорат зиёиён, сиёсатмадорон ва рӯзноманигорон даъват шуда буданд ва толори пур суханронии Обамаро тамошо дошт.   Нохост чашмам ба сафир хонум Трейси Ҷакобсон афтод, ки рост меистод, зеро ҷойи нишаст набуд.   Дар паҳлӯи ӯ ҳамкори амрикоиамон боҳамсараш дар курсиҳо нишаста, парвои он надоштанд, ки сафир истодааст.   Аз дилам гузашт, ки ба ҳар ҳол сафир зан аст, бинобарин бархезаму ба ӯ ҷой диҳам, вале бовар доштам, ӯ қабул намекунад.   Аз ҷониби дигар баъзе ҳамкорон шояд ин одоби маро нодуруст мефаҳмиданд, бинобарин «пӯстамро ғафс карда», нишастам.   Паём кӯтоҳ набуд.   Тахмин баъди понздаҳ - бист дақиқа ҳамон зани амрикоие, ки дар назди сафир дар курсӣ нишаста буд, бархосту рафт.   Сафир ҷойи он хонумро гирифт, аммо фурсате пас он ҳамкори америкоиамон баргашт ва сафир зуд баланд шуд ва узр ҳам пурсид, ки ба ҷойи он хонум чанд дақиқа нишаст.   Он зан бо табассум узри сафирро пазируфта, боз ба ҷояш гузашт.

Маро он чиз дар ҳайрат гузошт, ки сафир ҳангоми бархостан аз он хонум узр пурсид, ки муддате ҷойи ӯро гирифта буд.

Ҳамин тавр то охири Паём сафир рост истод ва касе ҷояш надод.

Ман ин воқеаро ба корхона ё муассисаи муқаррарии Тоҷикистон мекучонам.

Тасаввур кунед, ки аҳли корхона дар толори маҷлис Паёмро аз телевизор тамошо доранд.   Ҳама нишастаанду директор ё сардори муассиса рост истодааст.

Тасаввур кардед? Бовар дорам, ҳозир дар лаби шумо боз табассум шукуфт; боваратон намеояд, ки чунин манзара аслан дар Тоҷикистон имконпазир бошад! На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳо, махсусан, дар Шарқ, ман ҳам бовар дорам, агар роҳбар рост истад, дар толор ҳазор коргар бошад, яктоаш ҳам наменишинад.

Ҷиҳати дигари хоксории роҳбарони амрикоӣ он аст, ки мансаби онҳоро ҳаргиз аз пӯшиши либос ё аз мошин фарқ карда наметавонед, зеро онҳо хоксорона либос мепӯшанд.   Боре мо бо ҷаноби Ҳэнсон назди раиси шаҳри Хуҷанд рафтем ва аввал раис гумон кард, ман ҷаноби Ҳэнсон ҳастам.   Дар нашрияи «Имрӯз News» рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ аз суҳбати мансабдоре овардааст, ки як курсинишини боломақом костюме мепӯшидааст бо арзиши 15 ҳазор доллар...   Мансабдорони Ғарб, агар саҳеҳтар гӯем, ба истиснои чанд кишвари собиқ Шӯравӣ ва шарқӣ, дар либосу рафтор ва гуфтор аз дигар мардум фарқ намекунанд.  

Соли 2005 ё 2006 дар интихоботи парламентӣ намояндаҳои сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ ҳамчун нозир иштирок доштанду мо чун тарҷумони онҳо.   Ва яке аз ин гурӯҳҳо, ки дар ҳайати он кормандони Сафорати Амрико низ буд, ба шаҳри Кӯлоб рафт дар идораи САҲА сари мизи ғизои шом нишастем.   Дар паҳлуи ман, дӯстам, ҳамкасбам ва ҳамномам Муҳибуллоҳ аз Сафорати Бритониёи Кабир ҷой гирифта буд.   Нохост дидам, ки сафири Бритониё худ таъомҳоро ба табақҳо кашида, ба рӯи миз меовард ва назди ҳар яки мо мегузошт.   Аз ҳама ҷиҳати хубаш он буд, ки сафир ин корро на ба тариқи намоиш, балки бисёр табиӣ ва хоксорона иҷро мекард.   Эҳсос доштам, ки сафир ҳатто аз ин кораш лаззат мебардошт.   Ин гуна манзараҳоро ман дар тӯли солҳо даҳҳо, садҳо бор мушоҳида кардаам ва чизи аз ҳама муҳим он буд, ки ягон амрикоиро надидам, ки ба амрикоии мансабаш болотар ХУШОМАД зада бошад.   Ва агар карда бошад, онро ҳамон тарз анҷом додааст, ки мо нафаҳмидаем ва ё онро чун арзи эҳтиром донистем.

(Давом дорад)