Акбар Турсон: Ифтихор дорем, аммо далелашро намедонем
-
Назарҳо: 801
Навиштан дар бораи Акбар Турсон кори сода нест. Бале, хеле мушкил аст дар бораи эшон навиштан. Магар дар бораи шахсе, ки аз инсон то қайҳонро мавриди омӯзиш қарор навиштан осон аст? Ин сулоест, ки фикр мекунам, бештаре аз қаламкашонро ба фикр водор мекунад.
Ба ибораи дигар устод Акбар Турсон ғарқа дар баҳри илманд, ки танҳо барои дарёфти фонуси дарёӣ дар баҳри илми эшон бояд чандин китоберо варақ зад. Аммо аз ин баҳр қатрае пешниҳод кардан ба хонандаи имрӯз, бешак, ба манфиати кор буда.
Ин файласуфи саршиноси тоҷик, доктори улуми фалсафа, профессор, академик, муаллифи зиёда аз 300 мақола, осори илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошад. Ӯ дар таълифоти худ масъалаҳои фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳонро баррасӣ кардааст.
Замоне ки ӯ мудири шуъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддие дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯйи кор омад. Мавсуф аз соли 1986 то 1992 масъулияти фавқ-уз-зикрро ба уҳда дошт. Ин замоне буд, ки дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ бозсозӣ эълон шуд.
Дар ин замон муборизаи ҷиддӣ барои эҳёи суннатҳои миллӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ гирифт. Ҳарчанд иттиҳод аз ҳам пошиду номаш сабти саҳифаи таърих шуд, аммо дар он шабу рӯзи бозсозӣ ҳам тарҳи масоили миллӣ бебархӯрд набуд. Ин раванд дар Тоҷикистон аз мубориза ба мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ оғоз гашт. Он аз нашри матлаби Муҳаммадҷон Шакурӣ оғоз мешуд, аммо шеваи тарҳи масъала аз тарафи Мирбобои Мирраҳим аз тариқи матлаби “То ба кай об аз таги ях меравад?” дар соли 1988 бархӯрдҳои ҷиддиеро ба бор овард. Ин баҳсҳо, ки матбуот ба майдони онҳо бадал шуда буд, зиёиёни тоҷикро ба ду қисмат ҷудо кард буд ва муҳимтарин масъалаи мавриди баҳс додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ буд. Акбар Турсон дар зумраи он уламое буд, ки дар суфуфи ҳомиёни арзишҳои миллӣ қарор гирифт. Зимнан ӯ ҳам дар таҳияи Қонуни забон, ки бар ҷузъи форсӣ будани забони мо таъкид мекард, нақши муҳим дошт.
Баъди фишори шадид қарор гирифтани Мирбобо Мирраҳимов Акбар Турсон аз қабили он нафарҳое буд, ки дар ҳимояти ӯ талош кард. Дар ҳамин ҳол Нуралӣ Давлат, таърихнигори тоҷик мегӯяд, “баъди барканории муҳаррири “Комсомоли Тоҷикистон”, аз кор рондани хабарнигори маъруфи он Додоҷон Атовуллоев, ки ташаббускори нашри мақолаи М. Мирраҳимов ва чанд маводи дигар маҳсуб мешуд, ҳамчунин фишорҳои рӯҳӣ ба худи файласуфи ҷавон М. Мирраҳимов расонаҳои Тоҷикистон дар масъалаи забони тоҷикӣ хомӯширо пеша карданд. Чунин ба назар мерасид, ки дигар нафаре ҷуръат намекунад, дар бораи ин масъалаҳо ибрози андеша кунад ё мақолаи илмӣ нависад”. Ба гуфтаи ин таърихнигор, Акбар Турсон дар як мақолаи худ, ки дар яке аз маъруфтарин ва серхонандатарин маҷаллаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ «Дружба народов» чоп шуд, дар атрофи мақолаи М. Мирраҳимов ва фишорҳо болои ӯ, муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва хабарнигори рӯзномаи мазкур Д. Атовуллоев қисса кард. А. Турсон зикр кард, ки баъди нашри ин мақола вазъият тағийр ёфт ва тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи масоиле, ки М. Мирраҳимов дар мақолаи худ «То ба кай об аз таги ях меравад?» гуфта буд, менависанд.
Дар ҳамин ҳол, аз навиштаи Олег Панфилов дар китобаш – “Таждикистан. Журнаслиты на гражданское войне (1992-1997)” бармеояд, ки Акбар Турсон на танҳо бо нашри матлаб аз Мирбобо Мирраҳимов ҳимоят кардааст, балки дар суҳбати рӯ ба рӯ бо Петр Лучинский, котиби дувуми вақти Ҳизбии комунистии Тоҷикистон низ аз ӯ ҳимоят кардааст.
Дар охири солҳои 80-уми гузашта матолиби зиёде ба ҷонибдорӣ аз давлатӣ шудани тоҷикӣ мунташир шуданд. Баъдан ин матолиб зери унвони “Дарси хештаншиносӣ” ба табъ расиданд. Ҳамчунин ҳич яке аз ин матолиб бебархӯрд набуд. Ҳадде ақал “мактуби беимзо” ё “дархосте аз синфи коргар” алайҳи он мунташир мешуд.
Дар зимни ин гирудор, яъне як сол пас аз нашри матлаби Мирбобо Мирраҳимов Акбар Турсон аз тариқи расонаҳои аввали Ҳизби коммунистӣ дар Тоҷикистон -“Тоҷикистони советӣ” тайи як матлабе ба унвони «Сатҳи давлатии забонҳо» дар 18 июли соли 1989, чанд рӯз қабл аз қабули Қонуни забон иддаои он нафаронеро, ки қабули қонуни мазкур ва давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ дар Тоҷикистонро маҳдудияте барои дигар миллатҳои муқими кишвар медонистандд, бепоя хонд ва мақомгирии забони миллӣ ҳимоят кард.
Аз суҳбати ин марди хирад ва ҳамчунин матлаби фавқ-уз-зикри ӯ бармеояд, ки мавсуф на танҳо як аз парчамбародрони талошҳо барои мақоми далатӣ додани забон буд, балки дар зимни баррасӣ ва таҳияи қонуни забон кулли ҷузъиётро ба назар гирифт. Масалан, дар яке аз мусоҳибаҳояш бо ёдоварӣ аз солҳои таҳияи Қонуни забон гуфта буд, ки мардуми бадахшон бояд дарсҳое бо забони маҳалли худ дошта бошанд.
Намунаи дигар талошҳои ӯ барои тасбити як забон будани форсӣ ва тоҷикӣ аст. Тайи як матлабе Салими Аюбзод, рӯзноманигор ва адаби тоҷик навишта буд, ки устод Акбар Турсон барои ҷо кардани калимаи “форсӣ” дар Қонуни забон дар соли 1989 бо Петр Лучинский чӣ талошҳое кардааст. Ҳарчанд мавсуф мехоҳад, ки калимаи “форсӣ” дар Қонуни забон, дар баробари “тоҷикӣ” бошад, Лучинский инро қабул намекунад. Ин ду нафар вориди баҳс мешаванд ва чун олими тоҷик мебинад, ки котиби дувум далоили илмиро намепазирад, аз ӯ мепурсад, ки дар шӯравӣ рӯзи инқилобро кадом кай ҷашн мегирад? Лучинский ҷавоб медиҳад, ки 7-уми ноябр! Азбаски чунин ҷавобро А. Турсон интизор буд, илова мекунад, ки ҳамаи ихтилоф дар тақвим аст ва ба хотири бартараф кардани ихтилофи ду навъи солшуморӣ-тақвимҳои Юлий ва Григорий Инқилоб 7-уми ноябр (25-уми октябр) ба амал омадааст. Дар Қонуни забон дар қавсайн навиштани номи «форсӣ» айнан мисли ҳамон аст, ки моҳи октябрро дар қавсайн зикр мекунем, яъне забонамон пеш форсӣ ном дошту акнун тоҷикӣ мегӯем!”.
Ба ҳамин минвол “форсӣ” дар қонун сабт мешавад, аммо замони истиқлол калимаи “форсӣ”-ро аз қонун бардоштанд ва феълан он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” ном дорад. Дар моддаи 3-и он гуфта мешавад: “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”.
Дар ҳамин ҳол Акбари Турсон ба ин назар аст, ки мо аз таърих сабақ омӯхта наметавонем. Ӯ дар ин бора дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” дар соли 2009 гуфта буд: “Мо ба таърихамон асосан омиёна менигарем ва аз он сабақ омӯхта наметавонем. Танҳо ифтихор дорем ва он ҳам асосан ифтихоре, ки худ далелҳояшро намедонем. Сабақ омӯхтан аз таърих бояд дар заминаи худинтиқоди миллӣ сурат гирад. Бинобар ин бояд тариқи тафаккури миллиро тағйир дод. Ояндаи Тоҷикистон ба ин ҳам вобаста аст. Дигар масъалаи бисёр муҳиме, ки дар замони шӯравӣ ҳам ба он диққат медоданду аммо то охир расонда натавонистанд, ба қавли Айнӣ агар гӯем, кадррасонӣ аст».
Ин ҷо манзури устод сиёсати кадрӣ аст, ки дар идома меафзояд: «Мо агар имрӯз, дар замони истиқлол масъалаи кадррасониро дар сатҳи давлатӣ гузорем ва бо кумаки муассисаҳои байнулмилалӣ дар фикри кадрҳое бошем, ки кишвар даркор дорад, вазъ иваз шуда метавонад».
Дар суҳбати ёдшудааш устод бо ёдоварӣ аз фаъолияти яҳудиҳои Амрико мегӯяд: “Ҳаракати шаҳрвандӣ бояд бошад. Ман, масалан, аз муташаккил будани яҳудиён дар Амрико ҳавасам меояд. Ҳазорон созмону муассиса доранд ва даст ба домани ҳукумат намезананду ба умеди давлат нестанд ва ҳуқуқи худро худ ҳимоят мекунанд. Бинобар ин аз ин бояд мардуми мо низ иборат гиранд. Мо агар интизор шавем, ки касе аз боло меояду вазъи тоҷикони Самарқанду Бухороро иваз мекунад, ғалат хоҳад буд. Бинобар ин агар мардум худашро шиносад, ҳуқуқашро дифоъ карда метавонад. Ман касеро ба шӯриш даъват намекунам, балки ба риояи қонунҳо, муташаккилӣ ва ҳимоят кардан аз ҳуқуқи худ даъват мекунам».
Ӯ тайи ин суҳбаташ бо тазаккури он ки куҳ наметавонад рамзи тоҷики шаҳрнишин бошад, бар таълими худшиносӣ дар мактаби миёна таъкид менамояд: “Корро аз мактаб сар кардан даркор аст. Шояд андар худшиносии миллӣ китоби дарсие таълиф карда, онро мураттабу мунтазам таълим дод? Китобе барчида аз баргузидаҳои таърихи халқ, фарҳанги суннатӣ (ба маънии васеъ: дин, ахлоқ ва одоб) ва ҳуқуқи башар. Умуман гирем, тамоми китобҳои дарсии тоҷикиро (хусусан андар таъриху фарҳангшинохтӣ) аз нав ва ба тариқи дигар навиштан даркор аст. Ин корро Вазорати маориф худаш карда наметавонад, онро бояд Академияи илмҳо ба уҳда гирад. Вале барои ин академияро куллан аз нав сохта, онро ба Фарҳангистони илму маданият табдил додан даркор аст».
Устод, ки аз маҳалгароӣ ба унвони микроб ёд мекунад, мегӯяд, ин маризиро танҳо аз тариқи таҳкими қонун метавон муолиҷа кард: «Тадбири сонӣ истифода бурдани қудрати қонун аст. Бардошти ман аз таҷрибайи таърихи ҷаҳон, хусусан Амрикою Урупо ин аст, ки фақат дар чаҳорчӯби сахти қонуни давлатӣ ҳудуду дараҷаи бедодгарии маҳалгароёнаро муайян намуда ва барои гунаҳкорон ҷазои сазоворро муқаррар карда, бад-ин тариқи самарабахш ҷумла хешбинону бегонагурезонро дарси бародарию баробарӣ омӯзондан мумкин аст! (Албатта то ба ҳадде, чаро ки илоҷи аз тариқи зӯрӣ барҳам додани ҷиноят аслан амри муҳол аст. Лекин агар давлат зӯр надошта бошад ё зӯриро дар чорчӯби қонун истифода бурда натавонад — чунон ки инро солҳои аввали истиқлоламон дидем — кор аз бад бадтар мешаваду бас.). Ба гумонам, агар Маҷлиси Олии ҷумҳуриамонро дар бораи маҳалгароӣ қонуни махсус қабул мекард, ин айни муддао мебуд. Қонуни мазкур ҳар гуна кӯшиши поймол ё маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандонро аз рӯйи баромади ҷуғрофӣ, яъне ҷойи таваллуди худашон, падару модарашон ва ё ҳатто бобою бобокалонашон бояд ҷинояти маъмурӣ эълон намояд (ба унвони дискриминатсияи иҷтимоӣ). Ва ин навъи ҷиноятро аз рӯйи мазмуну маромаш бо ҷинояте баробар кардан лозим аст, ки барои таъқибу таҳқири одам аз рӯйи мансубияти ҷинсӣ, миллӣ, нажодӣ ё мазҳабӣ муқаррар шудаст. Як тадбири муассир ин аст, ки ҳангоми мувофиқи қонуни мазкур аз кор холӣ кардани раис, мудир ё умуман ҳар навъ маъмури маҳалгаро ба дафтарчаи меҳнатиаш чунин тамғаи расмӣ гузошта шавад: «Ба кори роҳбарӣ қатъан муносиб нест!». Бояд афзуд, ки устод ин ҳарфҳоро соли 2009 гуфтааст.
Зимнан устод мегӯяд: “Мо набояд ба як одати маъмули баъзе аз қавмҳои сомӣ тақлид кунем, ки иллати ҷумла нокомию шикасти дарунии худро дар берун меҷӯянд. Фитрати Бухороӣ ҳамин одати нотавонбинонаро бо ишора ба фармудаҳои каломи қудсӣ рад карда бо исрор гуфтааст: “Сабаби ҳақиқии ин ҳам хорӣ ва беэътибории мо аъмоли носазои худи мо мебошад”. Пас аз сад сол Лоиқ ҳамон хислати зиштро, ки кайҳо ба менталитети мо роҳ ёфтааст, бо ишора ба маънидоди расмии сабаби ҷанги ҳамватаниамон мавриди ришханди шоирона қарор дода буд: Ба бели хеш гӯри хеш канданд, Зи қасди душманон гуфтанду рафтанд…”.
Устод Акбар Турсон соли 1994 ба Амрико ҳиҷрат кард. Ӯ то соли 1998 дар Маркази таҳқиқоти Шарқи Миёнаи Донишгоҳи Пенсилван (Филаделфия, ИМА) ва аз соли 1998 то соли 2010 дар Маркази зистшиносии Осиёи Марказии Донишгоҳи Пенсилвания фаъолият кард. Ӯ соли 2011 ба Ватан баргашта, аз ҳамон сол то соли 2015 мудири Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон буд. Соли 2015 ба нафақа рафт. Устод 82 сол дорад. Соли гузашта дар суҳбат бо хабаргузории «Азия плюс» гуфта буд, ки дар ҳоли навиштани китобе бо номи “Ҳикмати фалсафаи таърихи тоҷик” аст.
“Тоҷикони Амрико”