Loading color scheme

Иттиҳодияи Аврупову Амрикову Канада назоратро аз болои риояи қоидаҳои санитарӣ пурзӯр мекунанд

Назарҳо: 235

Бо наздик шудани Мавлуди Исо, талаботҳои эпидемиологӣ дар бисёре аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сахттар мешаванд ва ҳатто имтиёзҳои ба нақша гирифташуда танҳо барои ваксинашудагон эътибор пайдо мекунанд.

Дар Австрия дӯконҳо ва тарабхонаҳо пас аз басташавӣ кушода шуданд, аммо танҳо барои ваксинашудагон ва беморшудагон. Маҳдудият дар Словакия ба охир расид, аммо эмнашудаҳо низ режими изолятсияро идома медиҳанд. Дар Норвегия афзоиши беморӣ ба назар мерасад: шумораи одамоне, ки ҳоло дар беморхонаҳо аз сабаби COVID дар тамоми пандемия баландтарин дар кишвар аст.

Олмон
Дар Олмон назорат пурзӯр мешавад: бузургтарин бонкҳо аз хидматрасонии муштариён бидуни шиносномаи COVID худдорӣ мекунанд. Дар шаҳри Штралсунд полис Бобои Барфӣ-ро барои вайрон кардани меъёрҳои санитарӣ боздошт кард ва мард бе ниқоб буд, ҳоло ӯро ҷаримаи калон интизор аст.

ИМА
Берун аз Иттиҳоди Аврупо, талаботҳои санитарӣ низ сахттар карда мешаванд. Дар Иёлоти Муттаҳида, шумори гирифторони COVID-19 аз 50 миллион нафар гузаштааст. Бениқоб дар мағозаҳои Ню Йорк ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дохил шудан манъ аст. Дар Канада ба мағозаҳо иҷоза дода шуд, ки ҳатто хӯрокро ба ваксинанашудаҳо нафурӯшанд.

"Тоҷикони Амрико"