Loading color scheme

Хадамоти иктишофии ИМА эътироф мекунад, ки коронавирус ҳамчун силоҳи биологӣ офарида нашудааст

Назарҳо: 190

Коронавирус ҳамчун силоҳи биологӣ офарида нашудааст. Чунин аст хулосаи хадамоти иктишофии Иёлоти Муттаҳида, ки тафтишот мегузаронад.

"Мо боварӣ дорем, ки вирус ҳамчун силоҳи биологӣ тарҳрезӣ нашудааст", гуфта мешавад дар гузориши дафтари директори иктишофи миллии ИМА.

Дар ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки аксари шӯъбаҳои ҷомеаи иктишофӣ низ бовар надоранд, ки коронавируси нав "бо муҳандисии генетикӣ тағир дода шудааст".

Илова бар ин, ба гуфтаи иктишофии Амрико, қабл аз ошкор шудани коронавирус дар шаҳри Вуҳони Чин дар моҳи декабри соли 2019, мансабдорон дар ин бора маълумот надоштанд.

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ то 29 октябр дар ҷаҳон дар даврони пандемия 245 373 039 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва 4 979 421 нафар вафот карданд.

"ТА"