Loading color scheme

Ситораи филми «Саёҳат ба маркази Замин» ҷон ба ҷонофарин супурд

Назарҳо: 270

Ҳунарпешаи амрикоӣ, Арлин Кэрол Дал, ки бо нақши худ дар филми "Саёҳат ба маркази Замин" маъруф гашт дар 97-умин соли зиндагиаш дар Ню Йорк даргузашт. Дар ин бора писараш Лорензо Ламас рӯзи сешанбеи 30 ноябр хабар дод.
Ба қавли ӯ, шавҳари ҳунарманд дар 37 соли ахир ӯро як зани воқеан хушбахт кардааст.
«Ман ханда, шодмонӣ ва шаъну шарафи ӯро дар ёд дорам, вақте ки ӯро озмоишҳои дучоршуда роҳнамоӣ мекарданд. Ҳеҷ гоҳ дар бораи касе ҳарфҳои бад аз лабонаш набаромадааст. Қобилияти бахшиданҳои ӯ баъзан маро лол месохтанд ", гуфт Ламас дар саҳифаи Facebook-ии худ.
Арлин Кэрол Дал 11 августи соли 1925 дар Миннесота таваллуд шудааст. Вай аз хурдӣ ба театр, рақс ва суханвариро зиёд дӯст медошт. Пас аз мактаб шомили гурӯҳи драмавии маҳаллӣ гашт ва ҳамзамон ҳамчун модел кор мекард.
Нахустин филми ҳунарпеша соли 1947 "Гули ваҳшии ирландии ман" буд. Пас аз ин, барои ба даст овардани эътироф дар касб чанд сол лозим шуд.
Арлен Кэрол Дал дар ин филмҳо нақши калидиро бозидааст ва хеле хуб ҳам ҳунарнамоӣ намудааст: "Ҳукмронии даҳшат", "Паси хати душман", "Се калимаи хурд", "Сояи арғувон", "Бахти як зан" ва "Саёҳат ба маркази замин".
Ҳаёти шахсии ҳунарпеша низ пурмашаққат будааст. Вай шаш маротиба оиладор шуд. Бо вуҷуди ин, шавҳари охирини ӯ, Марк Розен ӯро хушбахт намуд. Бо ӯ соли 1984 расман муносибати занушӯиро ба расмият дароварданд.

"Тоҷикони Амрико"