Loading color scheme

Мукаррама Қаюмова, тарроҳе, ки эҳёи ҳувияти миллӣ ӯро нон дод

Назарҳо: 239

Ҳувияти миллӣ дар ҷаҳони муосир аз абъоди муҳиме барои ҳар як миллат аст. Зеро дар ин ҷаҳони мутамаддин, ки соири равобит миллатҳоро ба ҳар шакле пайванд додааст ва болои сабки зиндагии онҳо аз ҳар тариқе тағйиру танаввуъро таҳмил мекунад, маҳз ҳувияти миллӣ равандҳои мусбату манфиро тафкик менамояд ва шароити масири рушди миллатро дар зимни ҳастии он фароҳам мекунад. Ва дар маҷмуъ ҳувияти миллӣ аз маҷмуи арзишҳое шакл гирифта, ки дар кул ин ҳастиро барои як миллат меофаранд ва эҳёву ҳифзи онҳо, бешак, маънии афзудан бар давоми умри миллатро дорад.

Бале, яке аз нишонаҳои муҳиме аз ин ҳувият либоси инсон аст, ки дар ағлаби маворид аз ҷиҳати зоҳирӣ миёни ӯ ва намояндагони соири миллатҳо тафовут мегузорад. Ба ҳамин далел аст, ки кӯшиш мешавад, то дар ҳама ҳолот ин буъди ҳувият ҳифз шавад, агарчи тавре дар боло гуфтем, равандҳои мусоир болои он таъсир мегузоранд.

Мукаррама Қаюмова муаррифии миллат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз ин роҳро баргузида, ки ҷойгоҳи муҳимеро дар амри ҳифзи ҳувият касб мекунад. Ӯ зодаи шаҳри Душанбе дар соли 1953 аст.

Ин бонуи тоҷик ба унвони як тарроҳи муваффақ шинохта мешавад, ки Бунёди байнамалмилалии “Ҳафт пайкар” ба ӯ мутааллиқ аст. Ҳамзамон ӯ раёсати Анҷумани ҳунармандони Осиёи Марказиро низ ба уҳда дорад. Ба навиштаи маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, “Ҳафт пайкар” дар тӯли фаъолияти худ 39 ҷоизаи байналмилалӣ касб кардааст ва албатта, кулли ин ҷавоиз дар ивази пешниҳоди намунаҳои либоси миллӣ ба даст омаданд. Гузашта аз ин “Ҳафт пайкар” манбаи афзоиши нафароне буда, ки шеваи ҳифзи ҳувият дар таҳияи либоси миллиро омӯхтаанд. Бунёдгузори ин коргоҳи тарроҳию хайётӣ дар суҳбат бо ин маҷалла гуфтааст, дар тӯли фаъолияти худ ба унвони тарроҳи либос беш аз панҷ ҳазор шогирдро тарбият карда, ки 422 нафар аз онҳо бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадр шудаанд.

Ин бонуи тоҷик на танҳо ба таҳияи либоси миллӣ пардохтааст, балки таърихи хусусиёти либоси миллиро мӯшикофӣ карда, ки ин ҳама дар як рисола ба табъ расидааст. Моҳи январи соли 2009 китоби ӯ зери унвони  "Нақшу нигораҳо дар зиндагии форсизабонон" ба табъ расида. Ба иттилои ВВС, дар ин китоб Мукаррама Қаюмова “намунае аз коло ва пироҳану деворнигораҳои қадимиро гирд овардааст ва маълумоте дар мавриди чӣ гуна аз ин нақшу нигораҳо дар гузашта истифода мешуд, пешниҳоди хонанда” кардааст. Хонум Қаюмова дар суҳбат бо ин расонаи байналмилалӣ гуфтааст, ки нашри ин китоб маҳсули заҳамоти ӯ тайи 20 сол буда ва аз маохизе дар Эрону Афғонистон ва Ӯзбакистон дар таснифи он истифода шудааст.

Ба назари Мукаррама Қаюмова, “яке аз ҷанбаҳои шинохти миллат намунаи осори дастӣ, аз ҷумла, либоси ӯст”. Зимнан ин осори дастӣ, бахусус осоре қидмат доранд, арзишманданд. Дар ин робита Мукаррама Қаюмова дар мусоҳибааш бо маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” гуфтаааст: “Соли 2004 бахшида ба 60-солагии ҷашни Юнеско дар шаҳри Париж намоиши либоси миллии шоҳдухтаронро аз рӯи асари «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ доир намудем. Он ҷо либоси симурғро низ офарида будем, ки думи 3-метраи он дастӣ дӯхта шуда буд. Аҳли толор ба по хеста, кафкӯбӣ карданд. Либоси симурғро 38 ҳазор евро нархгузорӣ карданд, вале онро нафурӯхтем”.

Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, шароит дар гузашта маҷрои зиндагии ӯ, бахусус шеваи касби даромади ин зани тоҷикро тағйир дод. Ин иттифоқ дар зиндагии ӯ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ва истиқлоли Тоҷикистон ба миён омад. Хонум Қаюмова дар ин хусус ишорае дорад дар ҳамон суҳбаташ бо “Бонувони Тоҷикистон”: “Солҳои 90-ум дар муассисаи давлатие заҳмат мекашидам ва баъди кор тӯли ҳафта 10 тоқии зардӯзӣ медӯхтаму модарарӯсам онҳоро мефурӯхт. Аз ҳисоби ҳунармандӣ солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳиби луқмаи худ будем. Ҳамсояҳо зиёд хоҳиш мекарданд, ки ба онҳо низ ҳунар омӯзем, то аз вартаи гуруснагӣ бираҳанд”.

Ҳамчунин ба эътирофи ӯ, ин шароит мунҷар ба он шуд, ки коргоҳи дӯзандагии ӯ дар шаҳри Душанбе заминагузорӣ шавад. Аз ин тариқ, яъне аз тариқи ҳунар Мукаррама Қаюмова ба барномаҳои телевизионӣ роҳ ёфт, ки ин иқдом мунҷар ба тавсеаи кор, шуҳрат ва тиҷорати ӯ аз ин тариқ шуд. “Маҳбуба Ғуломова, ки дар ҳамсоягӣ мезист, хоҳиш намуд, ки барои телевизион як намоише сабт намояд. Пас аз он муштариён афзуд. Аввалин мизоҷ расми либоси водии Ҳисорро оварда, хоҳиш кард, ки чунонаш омода созем. Онро муддати як ҳафта бо қулфаку гиребону парпарак ва даравшакдӯзӣ омода намудем”, - ёдоварӣ кардааст мавсуф дар суҳбаташ бо маҷаллаи фавқ-уз-зикр.

Ба ҳамин тартиб дар тавзеҳи бештари таъсиси “Ҳафт пайкар” гуфта мешавад, “вақте бо қадамҳои тифлонаи худ ба саҳнаи зиндагӣ пой гузошт, ки кишвар дар миёни оташи ҷангҳои шаҳрвандӣ афтода буд ва зеҳни ҳамаро тарсу тарсдиҳиву фирору харобкорӣ фаро гирифта буд. Сухан аз доштаҳои фарҳангӣ, аз тафохури миллӣ, аз сарватҳои маънавию моддӣ, аз парастиши зебоиву хидмат ба инсонҳо набуд…”.

Ҳамин тариқ, ба иттилои сойти “Ҳафт пайкар”, “то имрӯз бо дасти ӯ теъдоди зиёде аз либосҳои даврони Ҳахоманишӣ  (ангораҳои Тахти Ҷамшед), салтанати замони Сомонӣ ва даврони баъдӣ офарида шудаву дар саҳнаҳои ҷаҳон намоиш дода шудаанд. Барои тарғиби ҳунари милливу ширкатҳояш дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ба ӯ унвонҳои “Бонуи аср” дар Швейтсария, “Бонуи ҳунар” дар Душанбе, “Сафири сулҳ” дар Куриё, “Ситораи соли 2001 то 2004”, дорандаи шоҳҷоизаи “Хазинаи тиллои Осиёи Марказӣ”, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон дода шудааст”. “Бону Мукаррама боз дорандаи медали давлатии Тоҷикистон  бахшида ба Ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон, дорандаи шоҳҷоизаи ЮНЕСКО – «Нишони сифат» низ мебошад”, - меафзояд манбаъ.

Хонуми тоҷик дар суҳбатҳояш ишора намудааст, ки ҳанӯз соли 1996, замони баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбакистон вориди тарҳҳои беруназкишварӣ шудааст. Манзур ин аст, ки дар ҳамон шабу рӯз барои ӯ суфориш мешавад, то барои сарояндагони тоҷике, ки дар рӯзҳои фарҳангии кишвар дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон ширкат менамоянд, либоси миллӣ таҳия намояд. Ин, албатта, оғози кор буд, ки баъдан Мукаррама Қаюмова ва ҳамкорони ӯ дар таҳияи либос барои ҷашнҳои 1100-солагии давлати Сомониён (либоси шоҳ Исмоили Сомонӣ бо бародаронаш), 2700-солагии Кӯлоб ва 2500-солагии Истаравшан нақши бориз гузоштанд. “Либосҳоеро, ки ба сарони давлатҳо ҳадя мешаванд, тайёр мекунем”, - гуфтааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои пойгоҳи иттилоотии “Ҳафт пайкар”, феълан он ба брэнде мубаддал шуда. Маъруфтарин иқдоме, ки “Ҳафт пайкар” карда, роҳандозии намоиши “Диёри ҳусн” аст. Дар он дар аввал тарроҳону устоҳо ва ҳунармандону косибон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистону Афғонистон ширкат мекарданд. Густараи ин намоиш, ба иттилои мубтакирони он, тавсеа пайдо мекунад. Барои мисол, дар соли 2012 дар он аз Қирғизистону Қазоқистону Узбакистону Афғонистону Туркияву Эрон иштирок доштанд, ба ҷашнвораи соли 2013 аллакай Озарбойҷону Русияву Ҳиндустон низ ба ин намоиш таваҷҷуҳ пайдо кардаанд. Ва дар баъзе мавориди дигар аз ширкати намояндагони Амрико дар ин намоиш низ ёд мешавад. Ҳамчунин дар манобеи иттилоърасонии “Ҳафтпайкар” аз ҳамкории танготанги он бо созмонҳои байналмилалие чун ЮНЕСКО ва САҲА гуфта шуда.

Ҳадафи “Ҳафт пайкар” тараққӣ додану ривоҷ бахшидану аз нав зинда кардани ҳунарҳои дастии мардуми Тоҷикистон, наздик кардану бо ҳам овардани ҳунари зебои мардумони дигар ва дар сатҳи байналмилалӣ қарор додани он гуфта шуда. “Мо мехоҳем, ки мардумони дигари олам ба намунаи ҳунарҳои зебои миллати мо ошно бишаванд ва ҳунарҳои зебои миллати худро ба мо шиносонанд”, - омадааст дар баёнияи марбути аҳдофи он.

Феълан Мукаррама Қаюмова дар шаҳри Ню Йорки Амрико умр ба сар мебарад, аммо кори ӯ дар заминаи эҳё ва муаррифии бештари арзишҳои миллӣ идома дорад.

“Тоҷикони Амрико”