Азизҷон Азимӣ – намунае барои ибрати ҷавонон
-
Назарҳо: 187

Ибораи “фирори мағзҳо” дар Тоҷикистон аз ибораҳои матраҳ аст. Аммо тайи ин матлаб аз мағзе хоҳем гуфт, ки ӯ фирор накард, балки ҳарчанд дар хориҷ аз Ватан таҳсил намуд, аммо ба Ватан баргашт. Гузашта аз ин масире, ки ӯ дар зимни таҳсил тай карда, ба гунаи фавқулодда мунҳасир ба фард аст. Яъне кам инсонҳое дар ҷаҳон муваффақ мешаванд, ки ин пайроҳаи зиндагиро паймоянд ва бо сари баланд то охири он бирасанд.
Хуб, ин тоҷики ҳамеша дар такопӯ кист? Албатта, пас аз мутолиаи муқаддима ин суолест, ки дар зеҳни хонанда пайдо мешавад. Дар посух ба ин суол бояд гуфт, ӯ Азизҷон Азимӣ, аз ҳамватанони мост, ки ба мислаш дар ҷомеаи Тоҷикистон ба нудрат ёфт мешавад.
Азизҷон Азимӣ феълан 25 сол дорад ва зодаи Тоҷикистон аст. Ӯ замоне мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт, ки ҳанӯз дар синни 19-солагӣ ва ба таври ҳамзамон аз ду донишгоҳи Амрико фориғи таҳсил шуд. Вале масире, ки ин ҷавонмарди тоҷик дар зимни касби дониш тайи карда, хеле ҷолиб аст, ки тамаркуз болои он барои хонандаи мо орӣ аз манфиат нахоҳад буд.
Азиз Азимӣ дар соли 1997 ба дунё омадааст. Тибқи суҳати ӯ бо торнамои “Ҳалво”, мавсуф замоне ба синфи аввали мактаби ҳамагонӣ рафт, ки ҳамагӣ се сол дошт. Ҳол он ки маъмулан дар Тоҷикистон аз ҳафтсолагӣ ба таҳсил дар мактаби миёна шуруъ мекунанд. Аммо Азизҷон Азимӣ дар ҳафтсолагияш аллакай хонандаи синфи чори мактаб буд.
Тавре дар боло гуфтем, ӯ ҳанӯз се сол дошт, ки ба синфи як рафт. Аммо ба гуфтаи Азизҷон Азимӣ, пас аз чанде таҳсил дар мактаб беморие дар кишвар хуруҷ кард ва ин маризӣ боиси қатъи таҳсили ӯ танҳо дар мактаб шуд. Волидонаш ба далели ин ки писари ягонаашон ба ин беморӣ гирифтор нашавад, ба мактаб рафтани ӯро мамнуъ карданд, аммо таҳсили Азизҷон дар шароити хона идома ёфт. Ӯ дигар то ҳафтсолагӣ ба мактаб барнагашт, аммо таҳсилашро берун аз мактаб идома дод. Ӯро муаллимони фунуни мухталифе аз қабили таърих, забони модарӣ, забони англисӣ, ҷуғрофия ва ғайра дар хонаашон таълим медоданд. Ин шеваи илмомӯзии ӯ то ҳафтсолагияш идома пайдо кард. Ӯ дар ҳафтсолагӣ дубора ба мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ қадам гузошт, аммо на ба унвони синфи як, балки ҳамчун хонандаи синфи чаҳор. Бо вуҷуди он ки ин мактаб бо забони русӣ буд, ӯ тайи як моҳ синфҳои панҷум ва шашумро хатм карду дар ҳаштсолагияш ба синфи ҳафтум гузашт.
Ба навиштаи торнамои “СССР”, Азизҷон Азимӣ ҳангоми таҳсил дар синфи 9-ум бо ду ҳамсинфи дигараш дар озмуни байналмиллалии I-SWEEEP 2008 дар шаҳри Ҳюстони ИМА иштирок карда, сазовори ҷои аввал ва медали тило гардид. Лоиҳаи аз ҷониби ин бачаҳо омодашуда кашф кардани қувваи барқ аз лойи геобактер буд.
Ин шеваи донишандӯзиро ӯ то охир ҳифз кард. Ба ин далел буд, ки ҳанӯз дар 19-солагӣ, замоне ки ҳамсолони ӯ ҳадди аксар танҳо курси аввали донишгоҳро хатм карда буданд, ӯ соҳиби дипломҳои ду донишгоҳи амрикоӣ шуд. Вай дар робита ба ин масъала дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфта буд, ки “дар аввал ба Донишгоҳи Хофстр, риштаи аълохонон дохил шудам. Пас аз як соли таҳсили муваффақ ба Донишгоҳи Ню-Йорк гузаштам. Пас аз боз як соли дигар ҳуқуқи дарёфти шаҳрия (степендия)-ро пайдо кардам, онро танҳо барои донишҷӯёни муваффақ медиҳанд. Касоне ин шаҳрияро дарёфт менамоянд, ки дар мавзуе кори илмӣ нависанд. Ман дар ду бахше, ки таҳсил мекардам, кори илмӣ навиштам. Аз ин ду кор ва кулли имтиҳонҳо ман баҳои аъло гирифтам ва пас аз чаҳор соли таҳсил ду дипломи сурхро соҳиб шудам”.
Ӯ мегӯяд, дар соли дувуми таҳсил дар кори созмони ҷамъиятии СММ ширкат кард ва пас аз ду сол дар раъси он қарор гирифт. “Тайи ин муддат мо дидору баҳсҳое бо чанде аз вузаро ва суфарои кишварҳои мухталифи ҷаҳон доштем. Ду дипломи сурхи ман ва сарварӣ дар ин созмон бартариеро барои ман дар ҷиҳати истихдом шудан дар ширкати “Simon-Kucher & Partners” фароҳам карданд.
Бояд гуфт, муваффақияти дигари ин ҳамватани мо дар он буд, ки ӯ ҳуқуқ ба дарёфти шаҳрияи “The Knight-Hennessy Scholars” пайдо кард.
Соли 2018 маҷаллаи машҳури “Форбс”-и Амрико ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ин маҷалла менависад, “Азизҷон Азимӣ, бунёдгузор ва раиси “Таҷрапт”, як созмони ғайриҳукуматии мустақар дар Тоҷикистон аст, ки ба таҳрики андешаи интиқодии ҷавонон ва шикастани қолабҳои шахшуда дар ин кишвар машғул аст. Ин аввалин созмони ғайриҳукуматӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки аз ҷониби Бунёди демократии урупоӣ сармягузорӣ мешавад”.
Дар ин миён ҳадафҳои ин ҷавони тоҷик ҳам ҷолиб ҳастанд. Албатта, тамоми афрод барои ба даст овардани манфиати иқтисодию молӣ фаъолият менамоянд, аммо шеваи ба даст овардани ин манфиат хеле муҳим аст. Азимӣ ҳам ҳадафашро “таҳрики андешаҳои интиқодӣ” ва “шикастани қолабҳои шахшуда” унвон кардааст, ки аҳамияти муҳиме барои як ҷомеа доранд. Ӯ ки феълан созмони Tajrupt”-ро созмон дода, ки дар таърифи соҳоти фаъолияти ширкаташ дар мусоҳиба бо “Ҳалво” мегӯяд: “Мо дар “TajRupt” якчанд барнома дорем, ки ба онҳо “Интелекти сунъӣ”, “X-UP” ва ғайраҳо дохил мешавад. Дар умум агар мухтасар гӯем барномаи “Интелекти сунъӣ” ба хонандагон барномасозиро меомӯзад ва дар охири курсҳо талабаҳои беҳтарин соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Масалан, ҳоло дар академияи “Интелекти сунъӣ”-и мо 150 талаба аз се давлат: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон таҳсил карда истодаанд. Аз ҳамин 150 нафар 50 нафарашон дар Тоҷикистон соҳиби ҷойи корӣ мегарданд”.
Дар шарҳи барномаи дувуми “TajRupt” ин ҷавони донишманди тоҷик меафзояд: “...ин барномаи “X-UP”... асосан барои талабагони мактаб пешбинӣ шудааст. Дар он ҷо талабагон барои таҳсил дар беҳтарин донишгоҳҳои дунё аз синни хурдсолӣ тайёрӣ мебинанд. Мо аз синфи 5 қабул карда ва дар шаш сол ҳамон фанҳоеро, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ меомӯзанд, ба шакли сода мефаҳмонем”.
Ӯ ба ин назар аст, роҳеро интихоб карда, беҳтарин ҷода барои хидмат ба Ватану миллат хоҳад буд, ки шевае беҳтаре аз ин дар ҷиҳати хидмат ба Ватан барояш вуҷуд нахоҳад дошт.
"Тоҷикони Амрико"