Демократи афроамрикоӣ, Эрик Адамс дар интихоботи шаҳрдории Ню Йорк пирӯз гашт
-
Назарҳо: 110

Номзади демократҳои ИМА, Эрик Адамс, капитани собиқи идораи пулиси Ню-Йорк дар интихоботи шаҳрдори ин шаҳр пирӯз шуд.
Баъди шуморидани 78 дарсади бюллетенҳо Адамс беш аз 66 дарсади овозҳоро ба даст овард. Рақиби аслии ӯ, ҷумҳурихоҳ Куртис Слива аз пуштибонии беш аз 28 дарсади интихобкунандагонро ба даст овардааст.
Тибқи изҳороти пешазинтихоботӣ, Адамс як занро сардори полиси шаҳр таъин карданист.
Ҳамчунин дар нақшаҳои раиси оянда беҳсозии маблағгузории сохторҳои қудратӣ тавассути технологияҳои пешрафта ҷой дорад.
Илова бар ин, шаҳрдори нав ният дорад, ки ҷаримаҳоро барои тиҷорати хурд коҳиш диҳад ва тафовути нажодро дар ироаи хидматрасонии тиббӣ бартараф намояд.
Эрик Адамс, дуввумин шаҳрдори афроамрикоии сераҳолитарин шаҳри Иёлоти Муттаҳида мегардад. Аввалин нафар Дэвид Динкинс буд, ки аз соли 1990 то 1993 дар Ню-Йорк раҳбарӣ мекард.
Маросими савгандёдкунии шаҳрдори нав 1 январи соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Адамс Билл де Блазио ҳашт сол ба ҳайси шаҳрдори Ню-Йорк кор хоҳад кард.
"ТА"