Раҳматҷон Ахмедов: Муваффақияти ман ин аст, ки дар хидмати тоҷиконам
-
Назарҳо: 376
Дар ин навбат ба хонандаи худ дар бораи ҳамватани дигар, яке аз ҷавонони ҳамхуни муваффақ дар Амрико хоҳем гуфт. Ӯ Раҳматҷон Ахмедов аст.
Раҳматҷон Ахмедов 11 августи 1988 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Мавсуф таълими ибтидоиро дар кишвар гирифта, аммо ҷустуҷӯи дониш ва умқи тахассус ӯро ба донишгоҳҳои кишвар ва ҳатто берун аз Тоҷикистон бурдааст. Бинобар ин феълан ин ҳамватани ҷавони мо фориғуттаҳсили Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Iowa Western Community College (бахши тиҷорати умда ва мудирият) асту вориди давраҳои омӯзишии IRS (Хадамоти андози Амрико) мебошад. Илова бар ин Раҳматҷон Ахмедов дорандаи сертификат ва иштирокчии курси пурраи такмили ихтисос дар ҷодаи «Income Tax” (молиёти даромад), Business Tax (молиёти тиҷорат) ва соири амалиётҳои муҳосибии андоз ҳам ҳаст.
Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, сабабҳои рӯ ба ҳиҷрат оварданаш мушобеҳ бо ниёте кулли ҳамватанонест, ки мехоҳанд аз ин тариқ ба зиндагии беҳтаре даст ёбанд. Амрикоро макони ҳиҷрат ихтиёр кардани ӯ ба адами табъиз дар нисбати афроди ҷомеа рабт доштааст. «Амрико давлатест, ки бидуни ба назар гирифтани нажод, ранг, миллат ва ҳоказо нисбати як нафар барои ҳама баробар имтиёз медиҳанд ва ҳама дар назди давлату ҷомеа дар як сатҳ қарор доранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин вақте ман дар ин ҷо донишҷӯ будам, дарк намудам, ки танҳо дар ин кишвар метавонам ояндаи худро бисозам», - афзуд ӯ.
Ӯ феълан муҳосиб ва таҳиягари молиёти ширкати NYC “EXPRESS DOCUMENT SERVICES” INC мебошад.
Ахмедов дар суҳбат бо «Тоҷикони Амрико» дар робита ба фаъолияти ин ширкат гуфт, NYC “EXPRESS DOCUMENT SERVICES” INC ҳамеша талош мекунад, ба унвони як ширкати эҷодкунандаи суҳулат дар кори соири ҳамватанони муқими Амрико бо онҳо ҳамкорӣ намояд. Ӯ гуфт, «ин ширкат бо дигар ҳамватанони мо дар Амрико, ки ин ё он намуд хидматрасонӣ пешниҳод менамоянд, ҳамкорӣ мекунад». Ҳамчунин «мо бо ширкатҳои бузурги вукалои дифоъ ва ҳуқуқшиносони инфиродӣ ҳамкорӣ дорем», - афзуд ӯ.
Зимнан ин тоҷики муқими Амрико кумак ба ҳамватанони худ дар ИМА-ро аз зумраи беҳтарин муваффақиятҳояш медонад. Ба унвони мисол, ӯ мегӯяд, “мувафаққияти асосӣ барои ман ин аст, ки мо, ҳамроҳи хамсарам тавонистем аввал ба ҳар тоҷике, ки ба ширкати мо муроҷиат кард, ёрӣ расонем ва дар хидмати ӯ қарор гирем”. Ӯ гуфт, бахусус дар замони авҷи коронавирус дар Амрико ширкати NYC “EXPRESS DOCUMENT SERVICES” INC ба тоҷикони зиёде, ки бинобар вазъи мавҷуд дар як ҳолати бесарнавиштӣ қарор доштанд, кумак кард. “Чун онҳо бекору бидуни даромади муайян монда буданд ва кейсҳояшон мушкил дошт, аз тарафи ширкати мо, NYC “EXPRESS DOCUMENT SERVICES” INC хадамоте дар ҷиҳати дарёфти кумакҳо, имтиёзҳо барои онҳо ба унвони афроди бекорон ироа шуд”, - мегӯяд Раҳматҷон Ахмедов. Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, ширкати онҳо зимнан ба созмонҳои зиёде, ки аз тарафи тоҷикони муқими Амрико таъсис шудаанд, дар ҷиҳати дарёфти кумак (грант) ва қарзҳои имтиёзнок хадамотеро анҷом додааст.
Аммо амалҳо ё фаъолиятҳои ин ҷавони тоҷик бо ин ҳама, ки гуфтем, интиҳо намеёбанд, балки ӯ қасд дорад, дар умури муҳосибӣ ва молиёт (Income Tax, Business Income Tax), ифтитоҳ ва сабти номи ширкатҳо, ёрӣ расонидан ба соири ҳамватанон дар ҷиҳати гирифтани иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои лозим барои кори ширкатҳо, дарёфти кумак, қарзҳои имтиёзнок барои ширкатҳову соҳибкорони инфиродӣ ва ғайра доманаи фаъолияти ширкаташро густардатар намояд. Ба ҳамин далел аст, ки ӯ мегӯяд: “Талош дорем, то ба қадри имкон аз мо ба Ватан ва ҳар як ҳамватан манфиате бирасад. Ният дорем, дар оянда хидматрасониҳоро бештар намоем, то ҳаматарафа барои пешрафти зиндагӣ ва ҳалли мушкилиҳои рӯзи ҳар як муҳоҷир хиссаи худро гузорем. Чун вақте солҳои пеш барои бори аввал ба Амрико омадем, ба мушкилиҳои бисёре рӯ ба рӯ гардидем ва ҳич ширкате мавҷуд набуд, ки моро дар ҷиҳати ҳалли мушкиламон кумак намояд”.
Зимнан Раҳматҷон Ахмедов аз иқдоми роҳандозии сойти «Тоҷикони Амрико”, ки ба мисли ширкати NYC “EXPRESS DOCUMENT SERVICES” INC-и вай ҳадафаш хидмат ба миллат тоҷик аст, истиқбол кард. “Бисёр хушҳол шудам аз ин иқдом. Чанд муддат дар фикр будам, ки агар чунин икдоме сурат гирад, дар сарҷамъии ҳамватанон дар Амрико, бешак, саҳим хоҳад буд. Бинобар ин барои шумо тавфиқ таманно мекунам», - гуфт ӯ дар поёни суҳбаташ бо “Тоҷикони Амрико”, ки зимнан чунин як орзуи мушобеҳро мо низ дар нисбати ӯ дорем.
"Тоҷикони Амрико"