Loading color scheme

Толибон ба афғонҳо истифодаи асъори хориҷиро манъ карданд

Назарҳо: 214
Толибон ба мардуми афғон амр доданд, ки ба далели вазъи душвори иқтисодӣ танҳо пули миллӣ истифода намоянд.
"Аморати исломӣ ба ҳама шаҳрвандон, дӯкондорон ва тоҷирон дастур медиҳад, ки минбаъд дар муомилоти молӣ аз пулӣ афғонӣ истифода баранд ва аз истифодаи асъори хориҷӣ худдорӣ намоянд", - бо истинод аз изҳороти нашршудаи сухангӯи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид.
Ҳамчунин EADaily меафзояд аз қавли Аморати Толибон вайронкунандагон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Аввали моҳи август Толибон дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба муқобили мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамла ба амал оварданд ва 15 август ба шаҳри Кобул ворид шуданд.
Пас аз ин, Вашингтон тасмим гирифт, ки миллиардҳо доллари Бонки марказии Афғонистонро, ки дар Иёлоти Муттаҳида ҷойгир аст, мунҷамид кунад. Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул низ ба далели нақзи ҳуқуқи башари ҷангҷӯён аз кумаки молӣ ба мақомоти ҷумҳурии ҷадиди исломӣ ҷилавгирӣ намудаанд.
"ТА"