Садриддини марзшикан
-
Назарҳо: 399
“Ӯ ба муаррифӣ ниёз надорад” ҷумлаест, ки барои ҳамаи хонандаи тоҷик ошност. Ба ин хотир ин матлаб, ки ба овозхони матраҳи тоҷик Садриддини Наҷмиддин ихтисос дорад, аз ҷумлаи мазкур шуруъ шуда. Чаро? Зеро воқеан ӯ ба муаррифӣ ниёз надорад! Ӯро аллакай сурудҳояш на танҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд, балки марзҳоро миёни ҷомеаи форсизабон шикастанд ва фаротар аз кишвар танин андохтанд.
Бинобар ин кофист, бигӯем, ки ӯ зодаи пойтахти Тоҷикистон ва мутавалидди соли 1980-и милодӣ, 19-уми январ аст. Садриддин Наҷмиддин мактаби ҳомагониро дар Душанбе хатм карда, фориғ-ут-таҳсили Донишгоҳи ҳунарҳои зебо низ аст.
Садриддини Наҷмиддин бо суруди “Чил-чили борон”-аш дар солҳои соли 2000-ум дар ҷомеаи Тоҷикистон маҳшур шуд. Ин суруд муҷиб шуд, ки вай ғолиби озмуни “Сарояндаи сол” дониста шавад. Ин сароянда дар он солҳо ҳанӯз ҷавони 20-сола буд. Аммо ӯ ҳанӯз 16 сол дошт, ки аввалин албоми сурудҳояш ба унвони “Садои борон” пешкаши ҷомеа гашт ва вайро маҳшур сохт.
Садриддин Наҷмиддин аз сабки Кароматуллоҳи Қурбон, аз сарояндаҳои машҳури эстрадии тоҷик, ки дар тирамоҳи 1992 дар ноҳияи Ёвон ба қатл расид, кор гирифтааст. Дар бештари маврид мусиқишонсон мегӯянд, Садриддини Наҷмиддин зери таъсири сурудаҳои Кароматуллоҳи Қурбон қарор гирифтааст. Ин андеша, албатта, қобили таъйид аст. Зеро ӯ на танҳо аз Кароматуллоҳи фақид пайравӣ кард, балки писарашро низ Кароматуллоҳ ном гузошт, ки бешак, далеле аз таваҷҷуҳи ӯ ба ҳунари марҳум аст. Аммо бо гузашти солҳо ин овозхон аз тақлид даст кашид ва дар ҷодаи шуҳрат ба унвони сарояндаи поп қадам бардошт.
Қобили зикр аст, Садриддини Наҷмиддин аз сарояндаҳои маъдуди тоҷик аст, ки садояш дар фазои форсизабонон, берун аз Тоҷикистон танин медозад. Ҳарчанд сарояндаҳои мо кам нестанд, аммо воқеан каманд он сарояндаҳои тоҷик, ки дар Эрону Афғонистон шунаванда дошта бошанду онҳоро дар ин кишвар шиносанд ва эътироф намоянд. Баръакси мо бархе аз овозхонҳои эронию афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз маҳбубияти хосе бархӯрдоранд, аммо садои сарояндаҳои тоҷике, ки рӯдхонаи Омуро убур кунад ва ҳамчунин барои иттиҳоди Хуросон дар Эрон танин биандозад, кам ба гӯш мерасад. Зимнан дар интернет дар бораи Садриддин Наҷмиддин бо хатти форсӣ нисбат ба хатти сириллик матолиби бештаре қобили дарёфт мебошад, ки бешак, бар маҳтартар будани ӯ дололат мекунанд.
Торнамои форсии “Ҷадидонлайн”, ки “нашри гузоришҳои насли ҷадиди рӯзноманигорон ба унвони пешгомони рӯзноманигории чандрасонаӣ дар кишварҳои форсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон”-ро дар зумраи аҳдофи худ медонад, менависад, “танҳо пас аз сафарҳои хориҷияш буд, ки номи ӯ марзҳои кишварашро пушти сар гузошт ва ба бозори мусиқии густардатари форсӣ роҳ ёфт”.
Ин торнамо менависад, Садриддини Наҷмиддин дар соли 2003 ба Дубай сафар кард ва чун аз кайфияти намооҳангҳояш дили хуше надошт, чанд намооҳанги тозаро дар ин шаҳр филбардорӣ намуд. Суруди “Зиндагӣ чунине”-и ӯ аз ҳамин қабил аст.
Ба навиштаи манбаъ, пахши сурудҳои ӯ аз тариқи шабакаҳои телевизионии машҳуре аз қабили “Persian Music Channel” ва “Порс видео” ӯро дар густараи забони форсӣ машҳур кард. Садриддини Наҷмиддин аз аввалин овозхонони тоҷик буд, ки клипҳояшро ин ширкатҳои телевизионии машҳури густараи забони порсӣ пахш карданд. Худи ӯ низ дар як суҳбаташ бо радиои “Озодӣ” ин гуфтаҳоро ғайримустақим таъйид менамояд. Оқои Наҷмиддин соли 2013, баъди бозгашташ аз Афғонистон дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, ки ошноияш бо овозхонҳои эронии хориҷ аз Эрон мунҷар ба пешрафташ шудааст. Вай дар ин замина мегӯяд: “...замоне шуд, ки ба депрессия, ё руҳафтодагӣ гирифтор шудам. Кореву касеву чизе намефорид. Шукри Худо, ки ҳамон шабу рӯз ба Дубай рафтам ва он ҷо бо ду инсоне вохӯрдам, ки зиндагии маро тағйир доданд. Яке Ҳамиди Шабхез, раиси телевизиони Эрон дар Лос-Анҷелес ва дигарӣ Коҷӣ Задорӣ буд”.
Баъдтар ин сарондаи тоҷик ҳамкорияшро бо Коҷӣ Задорӣ оғоз кард, ки ӯ дар ин маврид дар мусоҳибаш гуфтааст, “ба ман ҷанбаҳои нокушодаи мусиқиро боз кард, аз қабили клипсозиву роҳ ёфтан ба каналҳои эронӣ ва дар ҳақиқат ӯ ба ман ҳаққи устодӣ дорад. Ин ки гуфтед, ки маро овозхонҳои эронӣ мешиносанд, ба шарофати Коҷӣ буд, зеро маҳз дар манзили ӯ ба ҷуз хонум Гӯгӯш ман бо тамоми овозхонҳои маъруфи эронӣ, аз қабили Муин, Сиёвуши Қумайшӣ, Лайло Фуруҳар, Мансур ва дигарон вохӯрдам”.
Зимнан Садриддини Наҷмиддин дар мусоҳибааш таъйид менамояд, дар сафари Афғонистонаш, ки аз Кундуз то Кобул аз роҳи заминӣ сурат гирифтааст, нафарҳои зиёде дар зимни рӯ ба рӯ омадан бо ин овозхони тоҷик ӯро шинохтаанд.
Дар ҳамин ҳол “Ҷадидонлайн” менависад, тағйири гӯиш Садриддинро дар миёни маҳофиле маҳбубтар кард. Ба навиштаи ин манбаъ, акнун ӯ чун беҳтарин овозхони поп дар кишвараш шинохта шуда, сабтҳояш пуфурӯштаринанд.
Ҳамкории Садриддини Наҷмиддин ва Коҷӣ Задорӣ дар Амрико сурат гирифт. Ин ду нафар қарордоди ҳамкорӣ доштанд. Ҳарчанд расонаҳои тоҷикӣ менависанд, ки Садриддин аз тағйири шева мухлисонашро аз даст дод, аммо расонаҳои марбути сарояндагони форсӣ аз пайдо кардани ҷойгоҳи ӯ дар густараи забони форсӣ иттилоъ медиҳанд. Моҳи майи соли 2010 расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки Садриддини Наҷмиддин беш аз 200 тарона сабту пахш кардааст.
Соли 2019 суруди “Намеша-2”-и ин овозхони маҳбуб дар интернет қобили дарёфт шуд. Ҳамон сол бахши русии “Спутник Тоҷикистон” навишта буд, ки дар тӯли 15 соат 85 ҳазор нафар онро тамошо кардааст.
"Тоҷикони Амрико"