Ба инсоният пандемияи нави зуком таҳдид мекунад, ки аз коронавирус хатарноктар аст
-
Назарҳо: 171

Олимони амрикоӣ аз эҳтимоли паҳншавии пандемияи нави зуком ҳушдор додаанд, ки ҳатто аз COVID-19 хатарноктар аст. Ин намуди нави пандемия гузарандатар ва хашмгинтар хоҳад буд ва метавонад то 33 миллион нафарро бикушад. Муҳаққиқон даъват намуданд, ки ҳарчӣ зудтар ваксинаҳо ва доруҳо бар зидди бемории нав таҳия карда шаванд зеро зарари ин пандемия метавонад аз COVID-19 бештар бошад. Ҳангоми таҳияи доруҳои нав олимон тавсия медиҳанд, ки мутатсияҳои мавҷуда ва рушди фарзияи онҳоро ба назар гиранд.
“Тоҷикони Амрико”