Билл Гейтс барои рушди энергетикаи атомӣ изҳори назар кард
-
Назарҳо: 304

Муассиси Microsoft, Билл Гейтс бар ин назар аст, ки рушди нерӯи ҳастаӣ барои мубориза бо тағирёбии иқлим зарур аст. Дар ин бора зимни мусоҳиба бо рӯзномаи олмонии Handelsblatt изҳор дошт.
Ба гуфтаи соҳибкор, қатъи реакторҳои мавҷудаи ҳастаӣ боиси болоравии қимати нерӯи барқ шудааст. Дар таъмини эътимоднокии таъмини нерӯи барқ низ мушкилот эҷод хоҳад кард. Гейтс пешниҳод мекунад, ки нерӯгоҳҳои нави атомӣ созанд, ки бехатартар бошанд ва аз фалокати иқлим пешгирӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, муассиси Microsoft ба истифодаи гази табиӣ мухолиф аст. "Гази табиӣ технологияи воқеии гузариш нест", гуфт ӯ.
"ТА"