Loading color scheme

Сухангӯи Кохи Сафед Ҷен Псакӣ ба коронавирус мубтало гардид

Назарҳо: 247

Ҷен Псакӣ аз рӯзи чоршанбеи гузашта дар карантин қарор дорад.

Пас аз ошкор шудани бемории коронавирус дар яке аз аъзои оилааш ба гушанишинӣ рафт. Дар робита ба ин, тасмим гирифт, ки аз сафар ба Рум ва Глазго даст кашад.

"Ман тасмим гирифтам, ки раисҷумҳуррро дар сафари хориҷӣ бо сабабҳои оилавӣ ҳамроҳӣ накунам", гуфт Псаки.

Дар айни замон, Псакӣ маъруфтарин намояндаи маъмурияти раисҷумҳур, Ҷо Байден аст, ки ба коронавирус гирифтор шудааст. Аммо, маълум нест, ки чӣ қадар коргарони Кохи Сафед аллакай бемор ё мубтало шудаанд.

“ТА”