FDA ИМА тасдиқи ваксинаи Модернаро барои наврасон ба таъхир гузошт
-
Назарҳо: 176

Идораи озуқа ва маводи мухаддири ИМА (FDA) тасмими худро дар бораи тасдиқи ваксинаи Модернаро барои наврасони 12-17-сола бо сабаби пешгирии COVID-19 ба таъхир гузошт. Сабаби ин гузоришҳо дар бораи ҳолатҳои миокардитӣ дар онҳое буд, ки бо ин дору эм карда шудаанд.
Барои омӯхтан дар бораи ҳолатҳои нодири миокардит дар байни онҳое, ки ваксина шудаанд вақти иловагӣ лозим мешавад. Модерна гуфт, ки тасмими FDA-ро дастгирӣ мекунад зеро бехатарии беморон барои ширкат аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳафтаи гузашта FDA истифодаи ваксинаи Pfizer ва BioNTech барои кӯдакони аз 5 то 11-соларо тасдиқ намуд. Ин аввалин доруест зидди COVID-19, ки дар Иёлоти Муттаҳида барои кӯдакон ба қайд гирифта шудааст.
“ТА”