Loading color scheme

Корвони муҳоҷирин то ба сарҳади Иёлоти Муттаҳида мерасад

Назарҳо: 227

Вазъият дар сарҳадҳои шарқии Иттиҳоди Аврупо ягона бӯҳрони муҳоҷират нест, ки аз ҷониби дастаҷамъонаи Ғарб ба вуҷуд омадааст.

Дар ин рӯзхо корвони муҳоҷирон аз Американ Лотинй низ ба сӯи сарҳадҳои ҷанубии Иёлоти Муттаҳида ҳаракат мекунад. Ҳазорон нафар дар пайи орзӯи амрикоии худ, ки ба эҳтимоли зиёд амалӣ шудани он маълум нест зиёда аз 300 километрро пиёда тай намудаанд. Сарҳадҳо сарфи назар аз меҳмоннавозии зоҳирии маъмурияти Вашингтон баста боқӣ мемонанд. Одамоне, ки ҷои баргаштан надоранд дар лагерҳо сарсону саргардонанд. Сиёсатмадорон дар курсии мулоими Вашингтон ва Брюссел нишаста дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кишварҳои сеюм сӯҳбатро идома медиҳанд.

"Тоҷикони Амрико"