Ҳакерҳо як қисми шабакаи иҷтимоии сохтаи ёвари собиқи Трампро шикастанд
-
Назарҳо: 237
Афроди номаълум дар шабакаи иҷтимоии Gettr якчанд аккаунтеро шикастанд, ки онро Ҷейсон Миллер, котиби собиқи матбуот ва ёрдамчии президенти пешини ИМА Доналд Трамп эҷод карда буд. Дар ин бора рӯзи якшанбеи 4 июл портали Business Insider хабар дод.
Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, ҳисобҳои собиқ котиби давлатӣ Майкл Помпео ва Стивен Бэннон, ки қаблан ёвари Трамп буд ва инчунин дигар ашхос аз атрофиёни президенти 45-уми Амрико рахна карда шуданд. Ғайр аз он, ба аккаунти роҳбари шабакаи нави иҷтимоӣ ҳам ҳамла карда шудааст.
Корбаре, ки худро дар Интернет ҶубаБағдод меномад, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт. Ӯ номҳои суратҳисобҳоро ба даъватҳои барои "озодсозии Фаластин" иваз кард. Худи ӯ даъво дорад, ки ин корро "барои масхара кардан" кардааст, зеро рахна кардани он аз ҷиҳати техникӣ осон аст.
Муаллифони мақола қайд намудаанд, ки пас аз чанд соати ҳамла ҳисобҳо ба номҳои аввалияашон баргардонида шуданд.
Рӯзи 1-уми июл тими президенти собиқи Трамп шабакаи нави иҷтимоии Gettr -ро ҳамчун алтернатива роҳандозӣ кард.
Платформаи нави интернетӣ рисолати худро ҳамчун "мубориза бо фарҳанги бекоркунӣ" ҷой дода, ба "ақли солим", "ҳифзи озодии сухан", инчунин мубориза бар зидди "монополияҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ташкили бозори воқеии ғояҳо муаррифӣ мекунад. Шабакаи Гетрро собиқ сухангӯи Трамп, Ҷейсон Миллер роҳбарӣ мекунад.
Дараҷаи иштирок дар ин лоиҳа худи президенти 45-уми ИМА норӯшан аст. Аммо, эҳтимол дорад, ки ин хидмат бояд ҳамон платформае гардад, ки роҳбари собиқи Кохи Сафед бо ҷонибдоронаш тариқи мустақим дар Интернет муошират кунад.
"ТА"
